Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зан ва фарҳанги иқтисодӣ
Илм ва маорифДараҷаи маълумотнокӣ ва сатҳи фарҳангии модарон барои тавлиду тарбияи кӯдак хеле таъсирбахш аст. Дар адабиёти илмӣ алоқаи аксии сатҳи маълумотнокӣ ва миқдори таваллуди кӯдак таъкид мешавад: бо болоравии сатҳи маълумотнокии зан-модар омори таваллуд кам мегардад, зеро вақти зан нисбат ба вақти мард барои тавлиду тарбияи кӯдак хеле муҳим аст. Сатҳи маълумотнокӣ самаранокии истеҳсоли сармояи инсониро афзун месозад: сифати тарбияи фарзанд баланд мегардад ва ё бо масрафи камтарин воҳиди сифатии фарзанд афзун мешавад. Масалан, модаре, ки маълумоти умумӣ дорад, барои омӯхтани фарзанди худ ба ахлоқу кирдори хуб, амали нафъовар 2 соат вақти худро сарф мекунад. Музди кори модарро, фарз кардем, ки бозори меҳнат 2 сомонӣ дар як соат баҳо додааст, пас хароҷоти умумӣ ба 4 сомонӣ баробар мешавад.
Аз ҷониби дигар, модаре, ки дорои маълумоти олӣ асту музди кори яксоатааш 6 сомониро ташкил медиҳад, пас дар 40 дақиқа натиҷаи модари авваларо ноил мегардад. Яъне, ин ҷо самаранокии фаъолияти модари дувум нисбат ба якум 3 маротиба зиёд аст. Умуман, барои модарони маълумотноку соҳибфарҳанг сифати фарзанд, донишу ҳунар ва одоби ӯ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Илова бар ин, назария ва ё таълимоти дониши фардии муосир тасдиқ кардааст, ки донишҳои заминавии дар вуҷуду хиёбони андешаи модарон ҷойдошта, ба фарзандон бо тариқи генҳо ё чун мероси ирсӣ мегузаранд. Бинобар он, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши бонувон дар ҷомеа нахустомили ғанӣ гардондани генофони миллат аст. Аз ин рӯ, нигаронӣ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин масъала, умуман, фароҳам овардани фазову шароити мусоид барои таҳсилу донишандӯзии бонувон вазифаи муқаддаси миллат ва ҷомеа дар ҳар давру замон мебошад.
Воридшавии фард ва сармояи инсонӣ ба низоми ҷомеа ва ё иҷтимоигардии он туфайли таҳсилот, хизматҳои тандурустӣ, инкишофи фарҳанг сурат мегирад, ки ин раванд маҳз ба шарофати ба вуқуии вазифаҳои давлат рӯи майдон меояд. Алҳол, дар кишвар соҳаи маориф аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи аввалия ва ё афзалиятнок эълон гардидааст. Солҳои охир ба ин соҳа маблағҳои хеле бузург сафарбар шудааст: агар соли 2002 аз ҳисоби буҷети давлат 42 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2009 ин рақам ба 1 миллиарду 110 миллион сомонӣ расид.
Давлат аҳамияти илму дониш ва сармояи инсониро барои миллату ҷомеа, воқеан, дарк менамояд. Мутаассифона, сатҳи пасти маблағгузориҳои хусусӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари оилаҳо дар кишвар нисбат ба он, умуман, сармояи инсонӣ, бетарафанд ва ё зарурати онро дарк накардаанд. Масалан, пардохт барои таҳсил ба ҳар як узви хонаводаи тоҷик дар шаҳрҳо қариб 8 фоизи хароҷоти умумии пулӣ ва дар деҳот бошад, ин бузургӣ на беш аз 2 фоиз аст. Ҳол он ки дар хонаводаҳои шаҳр хароҷот барои харидани ҷиҳози зинатӣ дар таркиби хароҷоти ғайриғизоӣ- 17,5 %, либосу аз пайи муд давидан – 40,5 %, масолеҳи сохтмонӣ - 3 %, дар деҳот бошад, ин бузургиҳо мутобиқан 8,3 %, 27 % ва 20 %-ро ташкил додааст.
Чуноне аён гашт, маблағгузории оилаҳо (хусусӣ) барои таҳсил тамоюли доминантӣ ва ё моҳияту аҳамият пайдо накардааст. Илова бар ин, аксар модарони тоҷик вақти кофӣ надоранд, ки донишу иттилоъ пайдо намоянд, зеро хоҷагии оилавӣ ва ё хонаводагӣ (беш аз 70 %, ки дар деҳот маскан доранд) то имрӯз қисми зиёди буҷети вақти модаронро фурӯ мебарад. Воқеан ҳам, бештари кори оила ба дӯши зан-модар аст, ки он хеле меҳнатталаб буда, заҳмати ҷисмониро тақозо менамояд. Тибқи таҳлилҳои коршиносон, ҳатто дӯхтани зерпироҳан, рӯйпӯш ва ё дастархон заҳматеро талаб менамояд, ки нисбат ба рондани трактор ва ё автомобили мусофиркаш хеле гарон аст.
Шустан ва ё дарзмол кардани ҷиҳози хона, чунин калорияро талаб менамояд, ки хиштчин дар сохтмон масраф месозад. Омода кардани ғизо низ вақти зиёдро мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тули ҳафта барои таъмини хӯрока ба оила (харидани маҳсулот, тайёр кардани хӯрок, шустани зарфҳо ва ғ.) беш аз 20 соати зан сарф мешавад. Хӯроки болаззат, ки модарон, бо харҷи қиматтарин ба як аъзои оила ба 5 сомонӣ омодакарда, дар ошхонаҳои бонуфуз ва ё тарабхонаҳо ҳамон як таом беш аз 15 сомонӣ нарх дорад.
Дар ин маврид, тасаввур кунед, ки аз як тараф, ҳар як аъзои оила 10 сомонӣ даромади пулии худро сарфа кардааст ва аз тарафи дигар, меҳнати модарон дар бузургии алтернативии 10 сомонӣ бидуни назар шудааст ва ҳамчун арзиши нав ба иқтисоди миллӣ ворид ҳам нагардидааст. Ин гуна мисолҳо хеле бисёранд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҳанӯз арзёбӣ нагаштаанд.
Аброр МИРСАИДОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Мубодила:
Шарҳҳо
