Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Устоди беназир
Илм ва маорифҲузури Ҳакимабону дар доираи омӯзгорон ва муҳассилини дабистон басо ҳаловатбахш аст. Шогирдон пайваста аз суҳбати ҷонбахшу орифонаи ин бонуи покзамир баҳравар мегарданд. Зани ҳалиму меҳрубон, омӯзгори покмаҳзар аст, ки баҳри ояндаи насли имрӯз, шогирдони болаёқату ояндадораш қадам мезанад, то шаҳде аз ниҳоли парвардааш бичашад. Шогирдон нисбаташ муҳаббати беандоза доранд. Ӯ низ замири навниҳолони навбарро шодоб намуда, онҳоро ба сӯи навҷӯию навгониҳо ҳидоят менамояд.
Агар ба арқоми зиндагиномаи ин бонуи бомаърифат бингарем, пур аз лаҳзаҳои наҷиб, устуворию накукорӣ аст. Шогирдонро то лаҳзаҳои охир мададгор асту барои ба мақсад расидани онҳо ҷаҳд менамояд. Атохонзода Ҳакима Рашидхон мудири шуъбаи маорифи шаҳри Исфара буда, дарозои фаъолияти пурсамари худ зинаҳои гуногунро тай намуда, дар тарбияи шогирдони донишманду номвар саҳми сазовор гузоштааст.
Дар ҳар гӯшаю канори диёрамон, доиман ба шогирдонам рӯ ба рӯ мешавам. Аз он мефахрам, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар заҳмат мекашанд.
Ҳакимабону Атохонзода 14-уми феврали соли 1967 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Азбаски падараш омӯзгори фанни биология буд, духтари ноздонааш ҳамин касбро интихоб намуд.
Соли 1984, пас аз хатми мактаби миёнаи №5-уми шаҳри Исфара, ба факултети биология-химияи Институти давлатии педагогии Хуҷанд дохил шуд. Аъло мехонд. Устодон аз дониши шогирди худ қаноатманд буданд. Аз зинаи аввали таҳсил барои синтези озокрасителҳо иштирокчии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР гардид. Пас аз хатми нимсолаи аввал, ӯро ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии назди Институт ба кор қабул карданд.
Ҳакима ҳар сол дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор мегашт. Дар Ҷумҳурии Арманистон, дар олимпиадаи фанни химия сазовори ҷойи сеюм гардид. Институтро соли 1989 бо дипломи сурх ба итмом расонда, дар мактаби миёнаи №6-уми шаҳри Исфара ба фаъолият пардохт. Бо яке аз кимиёдонҳои машҳури Исфара Абдулҳафиз Азизов паҳлу ба паҳлу кор карда, аз таҷрибаҳои ин пири кор, усули таълимии ӯ баҳраҳо бардошт.
Солҳои 1991 - 2003 дар мактаби миёнаи №5, солҳои 2003–2005 дар мактаби миёнаи №12-и шаҳри Исфара фаъолият кард. Соли 2005 ӯро ба яке аз калонтарин мактабҳои шаҳр муовини директор оид ба таълим таъин намуданд. Меҳнати пайвастаи ин бонуи соҳибмактаб аз назари масъулини шуъбаи маориф пинҳон намонд. Аз ин рӯ, ӯро директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 таъин карданд. Солҳои 2016–2018 муовини мудири шуъбаи маорифи шаҳри Исфара, 2018 - 2023 директори МТМУ №12 буд. Аз моҳи июли соли 2023 бо фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҳакима Атохонзода сардори шуъбаи маорифи шаҳри Исфара таъин гардид.
Мегӯянд, муаллими асил ҳамонест, ки шогирдонаш муваффақанд. Ҳакима Атохонзода дар ҳақиқат омӯзгори асил аст, зеро барои баланд бардоштани дониши шогирдон беҳад ҷаҳд менамояд ва кӯшиш дорад, ки дастпарваронаш дар ҳар ҷода муваффақ бошанд. Дар зарфи 35 соли фаъолияти омӯзгорӣ барои ба ҳадаф расидани шогирдони хеш меҳнати босамар кардааст, воқеан, заҳматҳояш ҳадафрасанд.
Лаҳзаҳои ғолибияти шогирдаш Мадина аз лавҳи хотираш зудуда намегарданд. Мадинаро ба озмуни фанни биология омода кард. Хонанда аз тамоми зинаҳои сабқат гузашт. Даври ниҳоии озмун дар шаҳри Душанбе барпо гашт. Мадина соҳиби медали тилло гардид. Бори дигар собит шуд, ки устодаш дар ҳақиқат омӯзгори асил аст.
Соле, ки директори МТМУ №15-уми шаҳри Душанбе буд, шаш нафар шогирди ин омӯзгори асил дар олимпиадаи фанни биология соҳиби медали тилло гардид.
Ҳакимабону дар бораи шогирдонаш бо меҳру муҳаббати хос сухан меронад. Ифтихор аз он дорад, ки шогирдаш Нурия Зоидова номзади илми тиб аст.
Имрӯз Ҳакима Атохонзода аз он изҳори хушҳолӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ҷумҳурӣ эълон гардид. Ин имконият фароҳам овард, ки хонандагонро ба равияҳо ҷудо намуда, дарсҳои иловагӣ ташкил намоянд.
Воқеан, соли 2024 мактабҳои шаҳри Исфара дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 74 медали нуқраю биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар вилоят байни даҳгонаи беҳтарини шуъбаи маориф ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд. Ҳакима Атохонзода дар ҷодаи илм низ қадами устувор ниҳодааст. Имрӯз ӯ унвонҷӯйи кафедраи методикаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, мекӯшад, то дар кӯтоҳтарин муддат рисолаи илмии худро ҳимоя намояд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Исфара
Мубодила:
Шарҳҳо
