Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Наргиса Ҳодизода: «Дар талоши ҷомаи амал пӯшидани орзуҳо ҳастам»
Илм ва маорифМегӯяд, орзу намудан талқинаш месозад, то дар ҷустуҷӯи роҳҳои мақсуд бошаду онро пайдо карда, муваффақ гардад…
Мегӯяд, ки аз орзу то амал гоҳе фарсахҳоро тай зада, гоҳе бо қадаме ба ҳадаф расид, вале расидан ба ҳадаф дар ҳама ҳолат мушкил буд ва ӯ мушкилнописанд аст.
Мегӯяд, ки дар зиндагӣ шиораш ҳам ин аст: «Аз орзу то амал!» Аз дидани натиҷаҳои кӯшишу талошҳояш завқ мебарад ва ҷое барои парвардани орзуҳои нав дар қалбаш пайдо мешавад…
Наргиса Ҳодизода, омӯзгори Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Бохтар ба номи Михаил Ломоносов мебошад. Ҷавони сернеруст ва ҳамеша дар талошу ҷустуҷӯи навоварӣ дар пешаи худ аст. Мекӯшад, ҳар рӯзи зиндагиашро ба кори нек, ба омӯзиши забонҳо ва дастовардҳои технологияи муосир, ҳамчунин ба эҳёсозии фарҳанги миллӣ бахшад…
Орзуе, ки азмро қувват бахшид
Дар рӯ ба рӯи мактабе, ки Наргиса таҳсил менамуд, ҷавонон ба омӯзиши курси компютерӣ шуғл доштанд. Рӯзе ҳисси кунҷкобиаш боло гирифту вориди ин мактаби омӯзишӣ шуд. Омӯзгор ба ӯ гуфт, ки тезтар тарки синфхона намояд, то ба дарсомӯзии шогирдон халал нарасонад.
- Аз муносибати сарди муаллим сахт ғамгин гардида, аз чашмонам ашк равон шуд. Берун аз синфхона марде ҳолати маро дида, пурсид, ки чаро мегирям. Сабабро гуфтам, ки аз муносибати муаллим ғамгин наям, балки мехоҳам, донам, ки онҳо аз он «телевизор» чиро хонда истодаанд.
Сипас, ӯ (баъдтар фаҳмидам, ки роҳбари мактаби омӯзишӣ будааст) аз дастам гирифта, ба назди муаллим овард, ки шогирд гирад, то кори компютерро омӯзам, - ёдовар шуд вай аз рӯзҳои нахустини пайвастанаш ба кори технология.
Он замон Наргиса 12 сол дошт. Мебоист аз рӯи қоидаи таҳсил дар чунин курсҳои касбомӯзӣ асосан ҷавонони аз 16-сола боло дарс меомӯхтанд, вале ӯ бо талош баҳри амалисозии орзуҳо шогирди ин мактаб гардид. Шавқаш ба омӯзиш рӯз аз рӯз афзун гашта, кӯшишҳояш баҳри азхудкунии технологияи муосир самар оварданд.
- Дар мактаб низ фанни омӯзиши технологияи муосир роҳандозӣ шуд. Ман аллакай аз нозукиҳои он огаҳӣ доштам ва гоҳе чун ёрдамчии омӯзгор ба хонандагон дарси компютер меомӯзондам. Ҳамин шавқу рағбат буд, ки ниҳоят фаъолиятам ба омӯзгорӣ пайваст ва алҳол, ба хонандагон аз ин фан дарс мегӯям, - иброз дошт Наргиса.
Меомӯзам ва ҳам омӯзгорам
Фаъолияти омӯзгории Наргиса пас аз хатми мактаб оғоз ёфтаву баъдан соли 2016 таҳсилро дар факултаи техника ва технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома медиҳад. Таҳсил дар шуъбаи магистратураи Донишгоҳ ӯро дар соҳаи интихобнамудааш соҳибтахассус намуд.
- Соли 2021 бо ибтикори Вазорати маорифи Федератсияи Россия дар панҷ шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки яке аз онҳо дар шаҳри Бохтар амал дорад. Пеш аз оғози кори муассисаи таълимӣ ҳамкориҳои мо, кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, бо омӯзгорони аз Россия даъватшуда шуруъ ёфт. Баъди ифтитоҳи муассисаи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории кишвари Алтайи Россия Лазаренко Ирина Рудолфовна маро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Дар аввал, даъватро напазируфтам. Баъдан, вақте таваҷҷуҳи омӯзгорони русро ба расму оин ва арҷгузориашонро ба фарҳанги тоҷик дидам, розӣ шудам, ки дар ин муассисаи таълимӣ фаъолиятамро идома бахшам, - гуфт ташаббускори ҷавон.
Ҳампешагони рус шайдои Тоҷикистонанд
Омӯзгорони россиягӣ, табиист, ки бори нахуст ба Тоҷикистон омадаву аз расму русуми тоҷикон огаҳӣ надоштанд. Дар давоми чанд моҳи ҳамкорӣ Наргиса онҳоро ҳамроҳ буд. Бо роҳнамоиаш аз маконҳои таърихии кишвар дидан намуда, бо зиндагии мардум ва расму оинҳои миллӣ шинос шуда, аз фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик огаҳӣ пайдо намуданд.
Чанд соли ҳамзистӣ бо мардуми тоҷик ҳампешагони русзабонашро шайдою фирефтаи табиати Тоҷикистон гардондааст ва онҳо қоиланд, ки пас аз анҷом ёфтани шартномаи ҳамкорӣ чӣ гуна метавонанд дур аз ин кишвари меҳмондӯст бошанд.
- Роҳбари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Россия - Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Ласитса Евгений Александрович мегӯяд, ки пештар умуман аз ҳаёти тоҷикон маълумот надошт, алҳол бо тоҷикон одат намудааст ва зиндагии тоҷикона барояш хеле писанд аст. Хонавода забони тоҷикиро хуб аз худ кардаанд ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нахустин китобест, ки онро худи роҳбари муассиса ба хотири шиносоӣ бо тамаддуни тоҷикон мутолаа намуд.
Евгений Александрович дар хонааш мисли тоҷикон аз оташдону дег ва табақи миллӣ истифода мебарад. Ҳамсараш, ки ӯ низ дар муассиса омӯзгор аст, дар ҷашну идҳои миллиамон либосҳои тоҷикӣ, бахусус чакан ба бар намуда, пайравӣ ба фарҳанги миллиамон мекунад, - боифтихор мегӯяд Наргиса.
Аз дастовардҳо
Омӯзгори ҷавон дар чандин чорабиниҳо ва форумҳои байналмилалӣ ширкат варзида, бо дониш ва маҳорати касбии худ байни давлатҳои дунё Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.
- Моҳи январи соли равон байни 200 омӯзгори берун аз кишвар бо пешниҳод намудани «Дарси беҳтарин» сазовори ҷойи якум гаштам ва заҳматам бо медали Барои хизмат дар соҳаи маорифи Россия қадр шуд. Ҳамчунин, ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ шогирдони муассиса низ ҷалб ва бо дастовардҳои хуб ғолиб дониста мешаванд. Соли гузашта дар самти фарҳанг байни 6 давлати дунё фестивал доир гашт, ки дар он наврасон аз мамолики Лаос, Абхозистон, Россия, Муғулистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат доштанд ва хонандагони муассиса соҳиби мақоми аввал ва мукофотҳои хотиравӣ шуданд, - афзуд Наргиса Ҳодизода.
Омӯзгори сермаҳсул, дар баробари донистани забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ, тасмим дорад, аз пайи омӯзиши забони чинӣ шавад. Ӯ мегӯяд, ки дар пешрафти кор ва дастовардҳояш маҳз забондонӣ нақши муҳим дорад. Барои насли замони нав омӯхтани забон ва технологияи муосир ҳатмӣ буда, бо фориғболӣ аз омӯзиш наметавон ҳамқадами замон гашт.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО
Мубодила:
Шарҳҳо
