Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ахтаре дар осмони маориф
Илм ва маорифДар ҷомеа ҳастанд мардуме, ки бо меҳру муҳаббат, донишу заковат ва иродаи қавӣ ба пешрафти ҷомеа хидмат мекунанд. Яке аз чунин шахсиятҳо, ки на танҳо дар таърихи мактаби худ, балки дар сарнавишти насли ҷавон нақши мондагор гузоштааст, Дилафрӯз Розиқова, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133-юми ба номи Аслиддин Абдухолиқови шаҳри Ваҳдат мебошад.
Бонуест бо чеҳраи зебои тоҷикона, меҳрубон ва хушсухан, ки симояш пур аз муҳаббат ва ғамхорист. Ҳар нафаре, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад, ба неруи бузургу созандаи ботинии ин роҳбари серталаб, нигоҳи пурмеҳри модарона ва суханони ҳикматомези ӯ аҳамият медиҳад. Вай бо хираду дурандешии худ ҳамеша роҳи дуруст ва самарабахшро интихоб мекунад.
Дар оғӯши илм
Дар деҳаи хурду зебои Фириштӣ, ки бо табиати дилангезу афсонавӣ ва фазои орому руҳбаландкунандааш машҳур аст, 16-уми декабри соли 1984, дар оилаи омӯзгор тифле чашм ба олам кушод, ки зодмандон бо садҳо умед номашро Дилафрӯз ниҳоданд. Хонаводаи онҳо дар ҷомеа эҳтироми зиёд дошт, зеро падараш омӯзгори варзида буд ва муҳити хонаводагӣ фазоеро мемонд, ки дар он илму маърифат арзиши олӣ дошт.
Бо ҳидоятҳои қиблагоҳаш вай мудом мутолаа менамуд. Соли 2002 мактабро бо медали тилло хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Меҳру муҳаббати беканор ба омӯзгорӣ буд, ки Дилафрӯз баъди чанд соли фаъолият дар мақомоти судӣ ба мактаб ва таълиму тарбияи насли наврас рӯ овард.
Роҳ сӯи маориф
Ҳамчун омӯзгор корро аз Гимназияи ба номи Балъамии шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, аз фанни таърих ва ҳуқуқ ба шогирдон дарс мегуфт. Бо дилбастагии амиқ ва масъулияти баланд ба шогирдон таълим дода, дар муддати кӯтоҳ ба ҳайси омӯзгори номвар шуҳрат пайдо кард. Дастовардҳои шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои гуногунсатҳ аз маҳорати омӯзгории ӯ дарак медоданд.
Моҳи июни соли 2015, бо дарназардошти маҳорати касбӣ ва таҷрибаи ғании омӯзгорӣ, Дилафрӯз Розиқова директори МТМУ №133 таъин гардид. Он замон мактаб ба таъмири куллӣ ниёз дошт ва шароити таълим барои хонандагон чандон мувофиқ набуд.
Мактаби нав – руҳияи нав
Ба гуфтаи худи Дилафрӯз Розиқова: «Набудани шароити муносиб ба илмомӯзии хонандагон монеа эҷод мекард. Хонандагон дар як муҳити хеле ногувор ва ба ҳаёти онҳову омӯзгорон хатарнок таълим мегирифтанд. Бинои мактаб куҳнаву қисман хароб гардида, таҷҳизоти таълимӣ қариб мавҷуд набуд. Як гурӯҳи хонандагон, бо сабаби норасоии ҷойи нишаст, дар вагонҳои фарсуда дарс мехонданд. Ин ҳолати ҳузновар дар руҳияи дарсгӯйии омӯзгорон ва донишандӯзии хонандагон бетаъсир набуд. Аз ин лиҳоз, рисолати аввалиндараҷаи омӯзгорӣ ва роҳбарии худро дар ҳалли ин мушкилот дидам».
Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот нахуст ба раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат низ ёрӣ хост. Дар баробари ин, вобаста ба ин вазъият бо зодмандони хонандагон мулоқоту суҳбатҳо гузарондааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, барои ҳарчи зудтар рафъ намудани мушкилоту норасоиҳои номбурда, ба масҷидҳои ҷомеъ рафта, аз мардуми минтақа ёрӣ хостааст.
Бо дастгирии зодмандон, раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, МИМҲД-и шаҳр ва ҳашарҳои дастаҷамъонаи мардуми минтақа корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таълимӣ оғоз гардид. Мактаб дар муддати кӯтоҳ ба як муассисаи замонавӣ табдил ёфт. Бинои асосӣ аз нав сохта шуда, синфхонаҳо бо мизу курсӣ, лавозимоти таълимӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардиданд. Ин шароит боиси он гардид, ки сифати таълим дар муассиса беҳтар гардида, меҳру муҳаббати хонандагон ба дарс бештар шуд.
Сахтгир, вале боадолат
Роҳбари серталаб сахтгир, аммо одил аст. Ӯ на танҳо роҳбар, балки модари меҳрубон барои хонандагон аст. Ҳар саҳар, пеш аз оғози дарсҳо, бо чеҳраи кушод ба мактаб ворид мешавад ва ба ҳар як омӯзгор, корманд ва шогирд меҳрубонона муносибат менамояд…
Имрӯз МТМУ №133-юми шаҳри Ваҳдат на танҳо як муассисаи таълимӣ, балки маркази фарҳангӣ ва маънавӣ шудааст. Ҳар як хонанда бо руҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ тарбия меёбад.
Ҳикояи як зани қавӣ ва пурталош аст, ки бо зебоии ботинӣ ва зоҳирии худ на танҳо мактаб, балки дили мардумро низ обод кардааст. Ин зани меҳнатӣ, ки аз як деҳаи хурд қадам ба олами маориф гузоштааст, имрӯз исбот мекунад, ки роҳбари ҳақиқист ва ҳамаи ин натиҷаи заҳмати як бонуи қавиирода ва зебои тоҷик мебошад. Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки маориф меҳвари рушди ҷомеа аст!
Исмоилҷон МАЛИКОВ,
рӯзноманигор, шаҳри Ваҳдат
Мубодила:
Шарҳҳо
