БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Самараи шаҳдбор

Илм ва маориф

Дастгоҳи сабти овозро вақте назди Гулизор Ҳукуматова, омӯзгори МТМУ № 15-уми ноҳияи Рӯдакӣ гузоштам, ба ҳаяҷони амиқе печид, пас ларза ба садояш риштаи сухан боз намуд:

- Ҳар гоҳе, ки аз овони ҷанг гуфтан мехоҳам, гиря маро гулугир месозад. Азобҳои кашидаамро гӯям, як асар мешавад. Мехоҳам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бубинаму пешаш сари таъзим фуруд орам, ки ба шарофати ӯ чӣ азобу уқубатеро пушти сар гузоштем.

Донаҳои симини ашк аз гунаҳои шикандораш сарозер шуда, хотироти гузаштаро бо сиришки шӯр гӯё мешуст. Қиссаи талху ғамангез, олудаи дарду озору кулфат, ки поинаш сафед асту хушиқболӣ…

Гулизор зодаи шаҳри Душанбе, хатмкардаи мактаби миёнаи № 18-уми пойтахт ва факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо ҳукми сарнавишт ситораи толеашро бо ҷавони хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино пайваст. Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз хонаи бахту тахти навҷавонон гардид. Норасоии мутахассиси ҷарроҳ боис шуд, ки навхонадорон ба ин гӯшаи дурдасти мамлакат – ба зодгоҳи ҷавони соҳибтахассус оянд. Ба гуфти бону, ҳамсараш аввалин ҷарроҳи ҳамин минтақа буд. Ҳар ду ба хидмати халқ камар барбастанд. «Ҷарроҳи хуб аст, дасташ сабук», - мегуфтанд мардуми ноҳия Баҳриддин Шарифовро. Хурду калон табиби ҳозиқро мешинохтанду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. То солҳои 90-уми асри ХХ зиндагии орому бегазанде паси сар доштанд, то даме ки ҷанги хонумонсӯз забона заду айёми осудагиву беғамӣ фано ёфт. Омӯзгор ва духтур, ки ҳамакнун чор фарзанд доштанд, азияти ҷангу хунрезӣ ва фақру гуруснагӣ диданд. Каме нон меёфтанд, байни ҷигарбандон ҳисса мекарданд.

Моҳи ноябри соли 1996 қадами нопоки дастаи мухолифон ба деҳа расид. Садои гӯшхароши тӯпу туфанг фазои деҳаро пур кард. Фавҷ-фавҷ мардум раҳи гурезро пеш гирифтанд, хуни бегуноҳон – хосса ҷавонон ҳар куҷо рехту замини сарди тирамоҳиро арғувонӣ намуд.

Гулизор аз ҷони пайвандон хавотир, бо аҳли хонавода хост роҳи фирор гирад. Овозаи ҷарроҳи моҳир ба гӯши ҷангиён расида буд, ки ӯро боздоштанд, то захмиёнро даво бахшад. Ӯ ва сардухтури ноҳия аз рӯи рисолати касбӣ нахостанд маҷруҳонро, ки аксарият мардуми одӣ буданд, тарк гӯянд.

Падари хонавода, ки ҳамакнун шаш фарзанд – як писару панҷ духтар дошт, барои ҳамсару ҷигарбандонаш тӯшаи роҳ омода карду даруни борхалтаҳо ширқиёму маскаву консервҳо монд, то наздиконаш дар роҳ то пойтахт – то хонаи падарии завҷааш азоби гуруснагӣ накашанд. Омӯзгор бо нуҳ кӯдаки ноболиғ, ки сеи дигар фарзандони омӯзгоре аз шаҳри Душанбе буданд, тифли 9-моҳа дар батн озими пойтахт шуд. Аз деҳаи Сағирдашт пиёда то деҳаи Қалъаи Ҳусайн раҳ паймуданду шабе он ҷо монданд. Моҳи декабр ба остон дар мекӯбид. Наздики деҳаи Сафедхоки ноҳияи Сангвор аз самти муқобил мухолифон болои даште камин доштанд ва ҳар кӣ мазраро убур мекард, тирборон мешуд. Гурезаҳоро низомиён шабона пинҳонӣ, гурӯҳгурӯҳ бо навбат, бе ҳеҷ садое мегурезонданд. Гулизор мӯйсафеди ҳамдеҳаро, ки ҳамроҳ чанд кӯдак дошт, зорӣ кард, то ба ӯву кӯдаконаш роҳ диҳад.

Бобо, ҳамсари Баҳриддин Давлатовичам, танҳоям бо кӯдакони майда, ба мо роҳ деҳ, то пеш гузарем…

Аммо пирсол гӯё таваллои ӯро нашнид, ки бе ҳеҷ эътино ҳамраҳони худро пешандоз карду шитобон шуд. Ҷони худу пайвандонаш азизтар. Билохира, Гулизор бо кӯдакон тавонист ба гурӯҳе пайвандад. Фосилаи як км убур шуд ва пай бурд, ки аз ғояти торикӣ ва осемагӣ духтари бузургаш Мавзуна, ки синфи 7-ум мехонд, ҳамроҳаш нест. Ларза вуҷудашро печид, пеши низомиён бесадо ашк рехт, тавалло кард, ки ӯро баргардонанд. «Духтарам дар он сӯ монд, танҳост, хурд аст», - мегуфт ӯ.

Сарбозон гурӯҳҳои 10 - 20 нафариро бо навбат ба самти дигар мегузаронданд ва то бозгашти онҳо мардум дар сардӣ зиёд интизор мешуд. Вақте Гулизор баргашт, ҷигарбандро аз болопӯши сабзаш шинохт. Лаби дарёи сард кӯдак ба худ печида, сар болои халтаи сафеди пӯшокдор монда, дар хоб буд. Модари дилреш ҷигарбандро ба банди дил кашиду бо азоби алиме баргашт…

Гоҳ пиёда, гоҳ савори трактор бевақтӣ ба ағбаи Сари Ҷар, байни ноҳияҳои Сангвору Нуробод расиданд. Модар мекӯшид, ки кӯдакон ҷасадҳои оғуштаи хунро набинанд. Писари шӯху бебокаш, ки ҳамагӣ шаш сол дошт, пушти мошини боркаши пури картошка часпида, боло шуд. Модар ночор ҳамаи кӯдаконро амр дод, ки болои мошин шаванд. Модари дуҷон ҳам бо машаққат бордони мошин баромад. Он овон гурезаҳо ба ҳар раҳ худро ба макон мерасонданд. Раҳораҳ картошкаҳо ба сарбозон тақсим ва мошин қадре сабук мешуд, дигар гурезаҳо низ болои он мебаромаданд. Гоҳе, ки мошин аз ғояти бори гарон каҷ мешуд, модар пешорӯ гӯё маргро медид ва кӯдаконро сахт ба оғӯш мегирифт. Истгоҳи охирини мошин 4 км дур аз маркази шаҳри Ваҳдат буд. Шаби сарди тирамоҳӣ модар дар ҳалқаи кӯдакон дарвозаи се-чаҳор манзилро куфт. На садое ва на имдоде. Ҳама аз ғами ҷони худ дар ҳарос. Дари масҷиде куфтанд: «Шабро рӯз кунем, ба роҳи худ меравем», - зорӣ кард модар. Дари масҷид ҳам ба рӯйи онҳо боз нашуд. Аз деҳаи Қалъаи Ҳусайн Қурбоншоҳ ном марде шиноси ҳамсараш ҳамроҳ дар мошини боркаш буд. Ӯро тавалло карданд, ки ягон ҷо сарпаноҳ ёбад. «Хотири духтур, ки хизматаш ба ҳама расидааст», - гӯён он мард Гулизору кӯдаконашро ба манзили хоҳараш, ки дар наздикӣ воқеъ буд, бурд.

Чашми рӯз накафида, соҳибхона модару кӯдаконро ба автобуси Ваҳдат – Душанбе савор кард.

Бад-ин минвол як ҳафта дар роҳ сипарӣ шуд, то онҳо ба шаҳри Душанбе, наздикии маркази савдои «Садбарг» расиданд. Ба мӯйҳои жӯлидаву пираҳанҳои ношуста, пойафзолҳои даридаву обкашида нигариста, духтараке сӯи модараш нидо дардод:

- Модарҷон, бинед ҷӯгиҳоро!

- Очаҷон, ҷӯгиҳо киҳоянд? – кунҷковона аз Гулизор мепурсиданд фарзандон.

Гулизорро алами дарунӣ панҷа ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад, ба дил сӯи духтар нидо андохт, ки «ҳой духтари нозпарвард, ман омӯзгорам, ҳамсари ҷарроҳи номӣ, ки солҳои тулонӣ хидмати халқ кардаем!».

Интизори троллейбуси № 3, модару нуҳ кӯдак ба ҳеҷ нақлиёти лабрези одам раҳ наёфтанд, ки пиёда то Комбинати гӯшти шаҳри Душанбе раҳ паймуданд. «Ками дигар монд, ҷигарбандонам, ками дигар», - тасаллӣ медод кӯдакони хаставу кӯфтаву беҳолро модар.

Модари Гулизор аҳволи духтару набераҳоро дида, «духтари заҳру зардобам», – гӯён онҳоро сипар шуд.

Кӯдаконро ба мактаб доду аз мақомоти давлатии ноҳия китобу лавозимоти хониш, сарулибоси мактабӣ ёрӣ дид. Се кӯдаки амонатӣ бо худ овардаро саломат ба волидонаш супурд…

20 соли умри ин бону дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сипарӣ шудааст. Вақте ҳамсараш ҳамчун мудири беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ ба вазифа таъин шуд, аҳли хонавода ба ин ноҳия кӯч баста, то кунун дар ин диёри файзбор умр ба сар мебаранд. Ба шарофати Квотаи президентӣ Гулизор тавонист дар ҳавои амну рифоҳ нуҳ фарзандашро хононаду маълумоти олидор намояд. Имрӯз ҳар кадоме аз онҳо дар ҳар соҳа ҷойгоҳи арзандаи хешро ёфтаанду ба хидмати халқу Ватан камар бастаанд.

Духтари бузургаш Мавзуна номзади илмҳои тиб, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонист. Духтари дигараш Шукрона унвонҷӯи факултети дорусозии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, писари ягонааш Худойдод номзади илмҳои тиб, ҷарроҳи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Миҷгона хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Азиза унвонҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, духтари дигараш хатмкардаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.

Гулизор Ҳукуматова аз соли 2008 дар МТМУ № 15-уми ноҳияи Рӯдакӣ ба хонандагони синфҳои 10 ва 11 аз фанни физика ва математика сабақ медиҳад. Худро нектолеъ медонад, ки аз самараи шаҳдбори даврони осоиштагии мамлакат ӯву пайвандонаш нӯш доранд ва азобу уқубати солҳои нобасомониро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Аммо гоҳу ногоҳ омӯзгор ёди он айём менамояд, то насли имрӯзи диёр ба қадру манзалати замони осоишта бирасанд ва дар ҷодаҳои бузург гомҳои устувор ниҳанд.

Ситора АШӮРОВА,

Душанбе – Рӯдакӣ - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон