Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мураббии забондон
Илм ва маорифЗаковату истеъдод ва заҳматқариниаш сабаб шуд, ки дар байни ҳафт муассисаи томактабии ноҳияи наздисарҳадӣ, дар озмуни «Мураббии беҳтарин» мақоми аввалро ноил гардад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм гашта буд. Ширкат дар озмун барояш беҳтарин падида буда, масъулияташро дар ин соҳа бештар намуд.
Моҳшарифи Бойаҳмад шаш сол аст, ки ҳамчун мураббия дар муассисаи томактабии рақами 2-юми ноҳияи Панҷ фаъолият дорад. Гурӯҳи ӯ 20 нафар кӯдаки се-чорсола (8 духтар ва 12 писар)- ро фаро мегирад. Ӯ, ҳамзамон, ба кӯдакони синни мактабӣ аз фанни забони англисӣ дарс мегӯяд.
Мавсуф 6-уми январи соли 1999 дар деҳаи Боғи Ҳабиб, Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Дар байни панҷхоҳарон аз ҳама бузург аст. Пас аз хатми мактаби миёна тибқи Квотаи президентӣ ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро бо сарбаландӣ хатм кард. Ба падару модар, ки яке дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошту дигаре бо дӯзандагӣ рӯзгор пеш мебурд, муяссар гашт, ки ба фарзандонашон дар баробари дониши амиқ тарбияи хубу маърифати баландро омӯзанд. Ҳамин гуна, ду духтари дигари оила яке ба Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ва дигаре ба факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил гардид.
Тақдир Моҳшарифро бо Ёдгоршо Муродов пайваст ва онҳо барои фаъолият ба ноҳияи Панҷ сафарбар шуданд. Ҳоло дар ин макон кор мекунанду соҳиби ду писараки дӯстрӯ мебошанд. Рисолати оиладориро барои худ муқаддас медонад. Бар он ақида аст, ки хонадони солиму пойдор боиси комёбӣ дар оила мегардад. Ӯ бар он назар аст, ки ҳамсари низомӣ бояд дар ҳама ҳолат босабр бошад, зеро вай на танҳо дар назди шавҳар, балки дар пеши ҷамъияту миллат низ уҳдадор аст…
Дар сарзамини соҳибистиқлоли мо ҳомиёни ҷонфидои Ватану миллат барои ҳифзи марзу бум хизмат менамоянд. Вай кӯдаконро дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия менамояд.
- Барои ҳар як шахс оромиву осудагӣ нодиртарин гавҳар аст. Маҳз амнияту оромии Ватан аст, ки имрӯз бо дили пур фаъолият менамоем. Мо, ки дар нуқтаи наздисарҳадӣ умр ба сар мебарем, ба умқи ин гуфтаҳо бештар мерасем. Аз ҳамин сабаб, пеш аз ҳама, кӯдаконро бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохили муассиса қомат афрохтааст, ошно мекунем. Сипас, назди сарбозони шуҷоъ мебарему мактаби ҳаёт ва дарси ҷавонмардиву ҷасуриро ба онҳо нишон медиҳем…
Моҳшариф кӯдаконро ба омӯхтани забони хориҷӣ низ ҷалб намудааст. Шогирдонаш дар ҷашнҳои ноҳиявӣ ва чорабиниҳои қисми ҳарбӣ назди меҳмонон на танҳо ба забони модарӣ, балки бо забони англисӣ низ шеъру сурудхонӣ мекунанд.
- Роҳбарии муассисаамонро бонуи донишманду маърифатпарвар Рухшона Лоиқзода ба уҳда дорад. Кордону хушгуфтор ва хоксор бо кору пайкораш намунаи ибрат аст…
Аслан кӯдаконро ба китобдӯстдорӣ бояд аз хурдсолӣ ҷалб намуд. Завқи китобхониро бедор намудан ва ба адабиёт ҷалб кардани кӯдаконро Моҳшариф вазифаи ҷонии худ медонад.
- Аз хурдсолӣ бояд тифлро ба гӯш кардани афсонаҳо моил кунем. Ба воситаи тахтаи электронӣ афсонаҳоро ба кӯдакон нишон медиҳем ва ин барои онҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, афсонаро зинда ҳисобида, худро бо он якҷо тасаввур менамоянд. Хушҳолии онҳоро дида, худ низ хурсанд мешавем…
- Моҳшарифи Бойаҳмад иззату эҳтироми ҳамкоронро ба ҷо меорад. Ба мадади дигарон омода буданаш ӯро маҳбуб гардондааст. Аз рӯзҳои нахустин худро ҳамчун корманди пурмасъул нишон дод. Новобаста аз ҷавониаш, босавод асту машғулиятҳояшро дар боғча хеле шавқовар мегузаронад, - гуфт Таманно Мадалиева, мураббияи боғчаи мазкур.
Моҳшариф ба хотири қадр кардани меҳнати дастӣ кӯдаконро бо корҳои озодагӣ ошно намуда, хурдсолонро ҳамеша ба риояи тозагӣ талқин месозад. Ба онҳо меҳнати деҳқонро нишон дода, шинондани гулҳо ва нарм кардани бехи дарахтонро меомӯзонад. Машғулиятҳои обутоби баданро низ ба кӯдакон таълим медиҳад.
Фаъолияти мураббии кордон бо ин маҳдуд нагардида, кӯдаконро ба машғулияти математикӣ, суробсозӣ, тартибдиҳӣ, шиносоӣ бо табиати гирду атроф, инкишофи нутқ ва расмкашӣ ошно менамояд.
Моҳшариф ба ҳунармандиву кадбонугӣ низ шуғл дошта, дар пухтани чапотиву кулчаву гирдача ва омода намудани ғизову хӯришҳо беҳамтост, дар дӯхтани куртаҳои миллӣ низ моҳир аст.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Панҷ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
