БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуе аз водии Хуф

Илм ва маориф

Омӯзгори варзида Гулбегим Муборакқадамова бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуд. Нахустин чунин мукофот барои дастовардҳои таълимӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар муассисоти таҳсилотии водии дурдасти Хуфи ноҳияи Рӯшон насиби ин омӯзгори навовару ҷӯянда гардид.

Гулбегим дар сулолаи омӯзгорон ба дунё омада, ки дар пайравӣ аз волидони хеш бо масъулияти баланд ва босамар рисолати омӯзанда ва тарбиятгари наслро идома медиҳад. Қиблагоҳаш Саидқадам пас аз хатми Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба зодгоҳ баргашта, аз рӯйи ихтисос ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаб ба фаъолияти меҳнатӣ пардохт. Аз сабаби нарасидани омӯзгори фанни забони русӣ солиёни зиёд мудирияти мактаб таълими ин забонро ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ ба ӯ бовар карданд.

Забономӯзӣ ва парвариши меҳр ба сухан барои омӯзгори асил танҳо дар доираи таълим дар мактаб маҳдуд намешуд. Ӯ забони ширин ва хотироти хуб дошту қиссагӯйи моҳир буд. Бахусус дар фасли зимистон шомгоҳон сокинони деҳа дар маъракае ҷамъ меомаданду ҳофизон ҳунарнамоӣ мекарданд ва базм метасфид. Дар мобайн лаҷоми суханро ба қиссагӯйи ширинбаён медоданд ва ҳозирин гӯшу ҳуш мешуданд. Омӯзгор ва қиссагӯйи моҳир дар мисоли қаҳрамонони қиссаҳояшон хислатҳои некашонро месутуду аъмоли ашхоси бадандешу бадкорро накуҳиш мекард ва ба ин васила бо неруи сухан дар тарғибу парвариши фазилатҳои волои инсонӣ дар тинати шунавандагон ва коштани тухми некиву накукорӣ дар қалбҳояшон мусоидат менамуд. Сокинон, дар баробари омӯзгори хубу қиссагӯи моҳир будан, аз ӯ ба ҳайси инсони комилу хоксор ва заҳматпеша ёд мекунанд.

Модараш Рӯзабегим аз фанни таърих дар мактаб дарс медоду малакаи баланди касбӣ дошт. Вақте сокинони деҳ дар маъракаҳо аз салиқаи баланди таърихдонӣ ва ҳунари пазандагии ин бону мегуфтанд, Саидқадам аз ҳамсари омӯзандаи доно ва ҳунармандаш ифтихор мекард.

Муҳити оилавӣ ба тарбияи фарзандон бетаъсир намонд. Гулбегим аз хурдӣ, дар баробари омодагии ҳамешагии хуб ба дарсҳо, ба хондани адабиёти бадеӣ шавқи зиёд пайдо намуд. Ӯ қариб тамоми адабиёти бадеии китобхонаи хурди мактабро мутолаа намуду падару модар ҳам, ҳангоме ки ба шаҳр мерафтанд, барои духтари дӯстдорашон бо худ китоби нав савғотӣ меоварданд. Мутолааи зиёди китобҳои бадеӣ меҳри суханро дар дили ӯ маҳкамтар сохт, ба интихоби касби оянда таъсир гузошт ва Гулбегим тасмим гирифт, ки аз пайроҳаи падар меравад. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъсис ёфта, дари худро ба рӯйи толибилмон боз намуд ва Гулбегим яке аз нахустин толибилмони ин кохи илму маърифа ти самараи даврони истиқлол гардид. Дар факултаи филологияи тоҷик устодони шинохта назири Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Лолои Давлатбек ва Назрӣ Офаридаев ба донишҷӯён асрори суханро меомӯзонданд.

Пас аз хатми Донишгоҳ вай фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби деҳа ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик оғоз намуда, собитқадамона дар ин ҷода гом мениҳад.Дар тули фаъолияти қариб сисолаи кориаш дастовардҳои таълимиашонро афзун намуда, чун омӯзгори дорои касбияти баланди педагогӣ ва ботаҷрибаву соҳибэҳтиром мақом пайдо кард. Шогирдони муаллим иштирокчии фаъоли озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ буда, ҳамеша аз забондонӣ ва огоҳӣ аз осори адибони классику муосир дониши хуб нишон медиҳанд. Ба гуфти Мавзунаи Шо гунзода, яке аз шогирдони боистеъдоди мактаб, ки имсол номаи камол мегирад, дарсҳои шавқовари муаллим чун дигар ҳамсабақонашон меҳри суханвариро дар дилашон афрӯхтанду вай тасмим гирифт, ки рӯзноманигор мешавад…

Дар мактаб истеъдодҳои наврас зиёданду яке аз онҳо Назаршо Хусравов мебошад, ки дар оянда мутахассиси соҳаи иқтисод шудан мехоҳад, вале бо шеърҳои шогирдонааш аллакай дар сатҳи мактаб ва ноҳия чун шоир ном баровардааст.

Шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маҳали Хуф имрӯзҳо дар муассисоти гуногуни илмиву истеҳсолӣ, дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ кор мекунанд.

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и деҳи Хуф ба номи олими таърихшинос Олуболу Боқиев, ки барои хатмкунандагони зиёди факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чеҳраи шинохта буда, ҳақки устодӣ дорад, гузошта шудаст. Саҳни мактабро гулҳои рангоранг ва нимпайкараи олим оро медиҳанд.

М. ШОҲҶАМОЛ,

деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон