БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қирғиззабонон тоҷикӣ меомӯзанд

Илм ва маориф

Ҳусниябону Саидова аз зумраи омӯзгоронест, ки беш аз 35 соли ҳаёти хешро ба пеша бахшидааст. Омӯзгориро касби хонаводагӣ дониста, се фарзандаш бо тавсияи модар касби волидонро интихоб карда, алҳол ба тарбияи насли наврас пардохтаанд.

Суҳбате, ки бо ин бонуи рӯзгордида ва таҷрибаандӯхта доштем, пур аз қиссаҳои ҷолиб буданд. Гоҳе бо ба ёд овардани хотираҳои зиндагӣ механдид ва гоҳе чашмонаш машки об мешуданд, ки ноаён онро пок сохта, гӯё аз ҳамсуҳбаташ пинҳон менамуд. Чанде аз гузаштаҳояшро, ки дурӣ аз волидон, хешу табор ва пайвандиаш бо мардуми қирғиззабон буданд, басо ҷолиб қисса кард…

Таронаҳои зиндагӣ

Замоне хонандаи мактаби миёнаи № 59-и шаҳри Турсунзода шудам, аввалин суханҳои пурмуҳаббати муаллимон, Шодӣ Турсунов ва Анора Пирова дар қалби кӯчакам меҳри пешаи омӯзгориро кошт, - ёд меорад Ҳусниябону. Ҳар субҳ ба хотири он ҳама меҳрубониҳое, ки устодон барои мо, кӯдакони навмактабдида тақдим менамуданд, чун оҳанрабо маро сӯи дабистон мекашид.

 

Даврае расид, ки мебоист он ҳама орзуҳои кӯдакиро амалӣ сохт. Волидон низ аз тасмими гирифтаам розӣ шуданд. Шавқу завқ ба осори адабиёти гузаштагон доштам. Қироати шеър ва таронасароӣ шуғли писандидаам буд. Аз ин хотир соли 1984 ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) супурдам.

Дар назди факултаи забон ва адабиёти тоҷик маҳфили адибони ҷавон фаъолият мекард, ки донишҷӯёни навқалам навиштаҳоро аз эҷодиёташон ба роҳбари маҳфил пешниҳод мекарданд. Он замон ҷавоне бо номи Ислом Саидов, ки аз мо як курс боло мехонд, роҳбарии маҳфилро ба уҳда дошт. Чун дигар донишҷӯён таронаҳои ман низ аз назари роҳбари маҳфил мегузашт. Эҷод тараннумгари баҳору зебоӣ, ишқи поки инсонӣ ва вафодорию садоқат буданд. Таронаҳоям қалби Исломро сӯи гӯяндаи он моил кард.

Бо итмом расидани солҳои донишҷӯӣ ману Ислом бо ҳам издивоҷ намудем. Муҳаббати самимӣ маро аз шаҳри Турсунзода ба рустои Лахши Болои ноҳияи Лахш овард.

 Мусофир» дар хоки Ватан

Инак, 35 сол аст, ки сокини ин гӯшаи дурдасти кишварам ва бо аҳолии он чун дӯсту бародар умр ба сар дорам. Лахш чун зодгоҳ бароям азиз аст. Аз он ки дур аз хешу ақрабо ҳастам, гоҳе бо дилсӯзӣ мардуми деҳа «мусофир» - ам мегӯянд. На, ман мусофир наям ва, агар мусофирам хонед, мусофири хоки Ватанам!

 

Воқеан, замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки як давра роҳҳо баставу имкони рафтуомад байни ҳам надоштем, мушкили дур аз наздикон азиятам дод. Аз тарсу воҳима ба кӯча барома наметавонистем. Се сол аз дидори азизон бенасиб будем. Баъдан, бо обод шудани роҳҳо мардум бо ҳам омаданд ва шукр, ки дида ба дидор расид.

Ёд дорам, ки баъди ором шудани вазъият ба дидорбинии хешу табор ба зодгоҳ раҳсипор шудам. Як шабонарӯз пиёда (беш аз 70 км) то маркази ноҳия роҳ рафтем. Сипас, мошини мусофирбаре моро ба шаҳри Турсунзода расонд.

 Аз омӯзгорӣ мегӯям…

Оғози омӯзгориам ба соли 1989 рост меояд. Беш аз 25 сол дар МТМУ №12 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс гуфтам. Панҷ сол директори мактаби ибтидоии №51 будам. Аз соли 2017 роҳбарии МТМУ № 31-и деҳаи Ширинобро ба уҳда дорам. Дар ин рустои наздисарҳадӣ беш аз 70 дарсади аҳолӣ мардуми қирғиззабон мебошанд. Аз ин рӯ, дар 9 синфи қирғизӣ ва 5 синфи тоҷикӣ таҳсил бозабонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ роҳандозӣ шудааст.

Аз соли таҳсили 2022 – 2023 хонандагоне, ки ба синфи якум қабул шуданд, таҳсилро пурра бо забони тоҷикӣ оғоз намуданд. Дар оянда тасмим дорем, ки таҳсил дар ин муассиса бо забони тоҷикӣ сурат бигирад.

Дар деҳаи Шириноб бештари хонаводаҳо бо қирғизон риштаи хешутаборӣ доранд. Муносибати хубу ҳамдигарфаҳмӣ ин ду миллати гуногунзабонро бо ҳам дӯсту бародар намудааст. Вақте тасмим гирифтем, ки таълим дар мактаби мазкур пурра бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ шавад, қирғизони маҳал аз ин иқдом хушҳол шуданд, зеро ба ин васила ба фарзандони онҳо имкони давом додани таҳсил дар мактабҳои олии кишвар фароҳам меояд.

Ҳамчунин, омӯзгорони қирғиззабони муассиса, ки аз фанҳои гуногун ба хонандагон дарс мегуфтанд, ба омӯхтани забони тоҷикӣ ҷалб гардиданд. Дар ин сурат, мушкили нарасидани омӯзгорони фаннӣ, бахусус фанҳои дақиқ роҳи ҳалли худро ёфт.

Норасоии мутахассисони соҳа ё омӯзгорон ин мушкили имрӯза нест. Замони шуравӣ низ муассисаҳои таълимии ноҳияҳои дурдаст аз надоштани омӯзгорон мушкилӣ доштанд. Алҳол, дар муассиса 15 омӯзгор фаъолият дорад, ки 9 нафарашон бонувонанд. Ҳар сол хатмкардаҳои мактаб ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба коллеҷу донишгоҳҳои кишвар ҳуҷҷат месупоранд ва интихоби аксарашон пешаи омӯзгорист. Имсол низ 13 хатмкунандаи муассиса ба коллеҷу донишгоҳҳо ҳуҷҷат супурданд ва умед ҳаст, ки мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавон бартараф хоҳад шуд.

Аз он ки МТМУ №31 дар минтақаи дур аз пойтахти кишвар ҷойгир аст, ба курсҳои такмили ихтисос фиристодани омӯзгорон мушкили дигар аст. Бо сафарбар шудан ба ин гуна курсхои омӯзишӣ омӯзгорон аз навгониҳои соҳаи маориф огаҳ шуда, дар ҷараёни фаъолият аз усулҳои муосир истифода баранд, ба манфиати кор мебошад.

Насли имрӯза таваҷҷуҳ ба омӯзиш дорад ва навтарин усулҳо метавонад дар бедор намудани истеъдоди онҳо кумак намояд. Агар омӯзгор ва волидон ғофил монанд, ҷойи онҳоро намудҳои усулҳои ҷалбкунандаи технологияи навин, аз қабили навору видеоҳои ба истилоҳ «вақткӯркунак» - и шабакаҳои иҷтимоӣ мегирад. Шукр, ки ҳанӯз дар ин минтақа таъсири манфии чунин технологияҳои муосир чандон назаррас нест…

Қутбия Неъматулло,

ноҳияи Лахш

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 4)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон