БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маорифпарвар

Илм ва маориф

Ноҳияи Носири Хусрав миёни ноҳияҳои вилояти Хатлон аз шумули ноҳияҳоест, ки дар ҳудуди он намояндагони миллатҳои гуногун – ӯзбеку қирғизу туркманҳо дӯстона зиндагӣ мекунанд. Суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Камолҷон Ҳаитов моро мутмаин сохт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардум ба мактабу маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Ба ифодаи мудир, соли равон дар 26 муассисаи таълимӣ наздики 12 ҳазор хонанда таҳсил доранд, ки панҷоҳ дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар аксари мактабҳо соли хониши ҷорӣ марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис ёфта, омӯзгорони соҳибтаҷриба 1501 нафар наврасро барои сафарбар намудан ба синфи якум омода кардаанд. Рақамҳо гувоҳанд, ки аз 762 омӯзгори муассисаҳои таълимӣ 621 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Албатта, ин натиҷаи он аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба донишомӯзии духтарон ва ояндаи онҳо диққати зарурӣ дода мешавад.

 

Шумораи занони роҳбар низ имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кам нест. Дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар озмуну чорабиниҳо омӯзгорону духтарони доништалаб иштироки фаъол доранд. Онҳо баробар бо писарон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок намуда, дар даврҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ зинаҳои гуногунро касб мекунанд. Дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки зодмандон санҷиши хониши китобҳои бадеӣ гузаронда, муҳаббат ва завқу шавқи бачагонро ба китоб боз ҳам боло мебаранд. Омӯзгорон ба омӯзиши забони давлатӣ барои талабагони миллатҳои ғайритоҷик таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, ки расму оини қавму халқиятҳоро ба якдигар муаррифӣ намуда, онҳоро ба ҳам наздик месозанд, миёни хонандагон доир мешаванд. Бо кӯшишҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ва шуъбаи маориф тайи солҳои охир норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бартараф шуданд. Ҳамасола тибқи Квотаи президентӣ 23 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, ки аллакай ҷавонони зиёди хатмкарда дар баробари устодони худ ба хонандагон дарс медиҳанд. Бо ташаббуси раиси ноҳия чанд сол аст, ки ҷиҳати ҳавасмандии донишҷӯён ба пешаи интихобкарда ва бозгашти муваффақона ба диёр, дар рӯзҳои 23-юми феврал ва 8-уми март вохӯрию дидори чеҳраҳои шинохтаи маҳал бо онҳо дар Душанбе доир гардида, бо туҳфаҳои молию пулӣ дилгарм карда мешаванд. Ба муассисаҳои таълимӣ муаллимони соҳибтахассус аз дигар манотиқи кишвар даъват шуда, дар марказ ва деҳоти ноҳия ба фарзандони халқ забон меомӯзанд, ки ҳамагӣ зери ғамхорӣ қарор доранд. «Аксари онҳое, ки доимӣ дар соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо ба кор ҷалб шудаанд, бо манзили истиқоматӣ ва замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд», – мегӯяд К. Ҳаитов.

Муассисаҳои томактабии шуъбаи маориф, ки 6 ададро ташкил медиҳанд, ба ҷуз дар маркази ноҳия, дар панҷ деҳаи дигар низ арзи ҳастӣ доранд ва дар аксари онҳо бонувони варзида роҳбаранд. Ду сол аст, ки дар кӯдакистонҳо ба хурдсолон забонҳои русӣ ва англисӣ омӯхта мешаванд. Сардори шуъбаи маориф меафзояд, ки ҷиҳати босавод ба камол расидани наврасон, вақтҳои охир модарони хонашин низ кӯдакони худро ба муассисаҳои томактабӣ месупоранд.

Ба яке аз мактабҳои наву замонавӣ – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, ки даромадгоҳи маркази ноҳияро зинат мебахшад, талабагони зиёд аз деҳаҳои атроф фаро гирифта шудаанд. Ҷиҳати сари вақт ба дарсҳо омадан барои мактаббачаҳо мақомоти маҳаллӣ автобус ва волидони бачагон микроавтобус ташкил намудаанд. Воқеан, ҳамкории падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ дар як ноҳияи дурдасти кишвар – Носири Хусрав – моро хурсанд ва завқманд ба ин андешаҳо кард. Зодмандон аз давомоти ҳаррӯзаи фарзандон огоҳ шудан мехоҳанду пайваста ба мактаб меоянд. Ба ин васила, онҳо аз роҳбарони мактаб ва омӯзгорон мушкилоти муассисаро пурсон шуда, ба қадри имкон ёрӣ мерасонанд.

Таъмири синфхонаҳо ва бозсозии муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳия хуб ҷараён доранд. Агар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва барномаҳои махсусгардондашуда дар соҳаи маориф қисме аз мактабҳои ноҳияро сохтаву таъмир карда бошанд, волидони мактаббачаҳо шумораи дигари синфхонаю толори варзиширо аз ҳисоби худ тармим намудаанд. Танҳо дар соли хониши 2024–2025 боми биноҳои МТМУ №1 ва №2, ки дар ҳолати садамавӣ буданд, иваз карда шуд ва дар МТМУ №3 – 11 синфхона сохта, дари онро ба рӯи шогирдон боз намуданд. Ҳамин тавр, дар мактабҳои №8, 17, 19, 22 ва 25 аз ду то чор синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар дигар муассисаҳо низ таъмиру тармим бо сифати хуб ҷараён доранд. Панҷоҳ дарсади ин ободкориҳо бо ташаббуси некбинонаи зодмандони мактаббачаҳо сурат гирифтааст.

 

Дар хулосаи ин андешаҳо, наметавон аз як ташаббуси хуши волидони МТМУ №12 ёдовар нашуд. Дар ин ҷо тавассути барномаҳои имдодӣ дар саҳни ҳавлӣ бинои иловагии дорои 8 синфхонаи наву ҳозиразамон ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтаанд. Дар баробари ин, мардуми маорифпарвари деҳа ташаббус нишон дода, паҳлуи он бинои дигареро қомат меафрозанд, ки он ҳам аз 8 синфхонаи дигар иборат хоҳад буд. Ҳини зикри ин суханон, чашмони мудир аз шодӣ медурахшиданд ва зодмандони аҳлу тифоқро месутуд, ки мардуми деҳоти ноҳияи Носири Хусрав бо нангу ор ва муттаҳиданд ва ҳар азму ташаббусе рӯи даст гиранд, сарфи назар аз қавму нажод, пиру барно ҳамҷоя аз як гиребон сар мебароранд.


Рустами Назир,

Душанбе – Носири Хусрав – Душанбе


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 71)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон