БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Агар интихоби дубора ҳам медоштам, омӯзгор будам»

Илм ва маориф

Ин манифести омӯзгорест, ки 35 соли умри хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшид, мисли шамъ сӯхт то роҳи шогирдон равшан бошад…

Бо хоксорӣ чанд маротиба пешниҳоди моро барои суҳбат рад намуд. Медонистам, ки арзанда аст, пофишорӣ кардам…

Шогирдонаш ғолибони озмунҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалианд. Қисми аъзаме аз онҳо дар соҳаҳои тиб, маориф, илм, иқтисод, ҳавонавардӣ, нақлиёт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз кормандони шинохтаву соҳибмақоманд. Омӯзгор дар овардани исми шогирдон истиҳола намуда мегӯяд: «Сарфи назар аз мартабаву мақом ҳар шогирд бароям мисли фарзанд аст. Номи якеро овардаву номи якеро зикр накарда наметавонам».

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…

Тобон Сафарова замони таҳсил дар мактаби миёна ба тарзи дарсгӯии омӯзгорон бо ҳавас менигарист. Кӯдакиҳояш дар тақлид ба муаллимон мегузашт. Рӯйи сангҳои ҳавлиашон дугонаҳояшро қатор мешинонду «дарс» мегуфт. То замоне, ки мактабро бо баҳои аъло хатм намуду донишҷӯйи факултаи омӯзгории филиали Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) гардид.

 Модар зани хонашин бошад ҳам, падари Тобон то рафтан ба хидмати аскарӣ, дар мактаб муаллим буд. Нуҳ фарзанди оила мактабро бо баҳои хубу аъло поён оварда бошанд ҳам, аз духтарон танҳо ӯ барои идомаи таҳсил пофишорӣ намуд. Бародаронаш дар самти хидмати давлатӣ имрӯз аз нафарони шинохта маҳсуб меёбанд.

Тобон пас аз хатми Донишгоҳ соли 1991 корро аз мактаби миёнаи рақами 54-уми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шуруъ намуд. Муаллим аз шарру шӯри он айём бо эҳсос ёдовар мешавад: «Он қадар дилбастаи касб будам, ки назди худ қавл додам, агар толеъ мадад кунад ва омӯзгор шавам, танҳо аз сари сидқ ва меҳр кор хоҳам кард. Табибони донишманд, олимони номӣ, нависандагони ҷаҳонӣ, сиёсатмадорони шинохта, ҳатто сарварони оламгирро кӣ тарбия кардааст? Муаллим!

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум, То муриди Шамси Табрезӣ нашуд!»…

Омӯзгор бар он андеша аст, ки дар олами рангин, бо тинати поки кӯдакон, имкони ҷавону зиндадил мондани инсон бештар аст.

- Омӯзгорон бо чӣ мушкиле рӯ ба рӯ мешаванд, чӣ танишҳое дорад ин касб? - суол мекунам аз ӯ.

- Заҳмати зиёд тақозо дорад ин пеша. Тасаввур кунед, саҳл аст омӯзондани хондану навиштан ба кӯдаке, ки ҳеҷ тасаввуроте дар бораи мактаб надорад? То онҳоро бо хатту савод месозӣ, ба дунёи маънӣ ворид менамоӣ, аз синфи 1-ум то синфи 4-ум мерасонӣ, хуни дил мешавӣ. Вақте як рӯз мебинӣ, ки дигар онҳо кӯдаки нодону якрав не, баръакс хонандаи боадабу аълохонанд, менависанд, мехонанд, ҳисобу китобро баладанд, аз худ қаноатманд мегардӣ. Ин аст натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои муаллим, - бо мулоиматӣ мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Як услуби хоси кори қаҳрамони мо ин аст, ки ҳар мавзуеро, ки ба хонанда пешниҳод намуд, ҳатман баргашта талаб менамояд, то бифаҳмад, ки хонанда дарсро қабул карда ё беаҳамиятӣ зоҳир намудааст. Бо роҳи саволу ҷавоб фаъол будани хонандаро дар вақти дарс таъмин менамояд. Ҷараёни дарсро бо бозиҳои интерактивию дидактикӣ рангин месозад, то кӯдакон аз дарс хаста нашаванд, тавонанд ба осонӣ маълумоти навро қабул созанд.

 - Муаллим дар ҷараёни дарс бояд ҳунарманд бошад. Вақте мушоҳида кардам кӯдакон хаста шудаанд, хоболуданд, мегӯям: - Ку, ба ман нигаред, бубинед ман чӣ хел зебо! Синф зуд ҳушёр мешавад. Новобаста аз соати махсуси тарбиявӣ, ҳар дарс хислати тарбиявӣ дорад. Ҳатто дар дарси математика аз ягон зарбулмасал ё чистоне истифода мебарам, ки эҳтироми калонсолон, дӯстдории муҳит, модару Ватанро талқин созад. Аз усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои муосир истифода менамоям, - иброз медорад Тобон Сафарова.

 

       Гимназияи №74

Бо тақозои замон соли 2005 барои идомаи фаъолият ба Гимназияи овозадори рақами 74- уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба кор меояд. Имрӯз бо категорияи олӣ ва диплому сипосномаҳои зиёд Тобон Сафарова яке аз омӯзгорони номиву пешқадами дабистон аст.

Дар хусуси тафовуту монандиҳои хонандагони замони пеш ва имрӯз ҳарф зада, таъкид медорад: «Байни хонандагони замони пеш ва имрӯз дигаргуние намебинам. Кӯдакон ҳамеша кӯдаканд. Ман ҳам мисле, ки дар ҷавонӣ, имрӯз ҳам бо сидқ, бо меҳр ба мактаб меравам».

Ба андешаи омӯзгори соҳибтаҷриба «бадхон» ё «аълохон» шудани кӯдакон асосан ба зеҳну фаҳмиши фардӣ, муҳит, оила, зодмандон рабт дорад. Бар ин бовар аст, ки имкони аълохон шудани ҳар кӯдаке вуҷуд дорад, агар муаллиму аҳли хонавода якҷоя барои ин талош варзанд.

- Баъзеҳоро падару модар меоранду мегӯянд, кӯдаки ман суст аст, қобилияти хондану навиштан надорад. Аз таҷрибаи корӣ мегӯям, ки дар натиҷаи кор бо кӯдак, дуруст фаҳмонда тавонистан, бо равишаш кор кардан, оҳиста-оҳиста ӯ кушода мешавад. Хонандае дар синфам бо баҳои се таҳсил мекард, ду ҳам мегирифт. Кӯдак руҳафтода буд, азият мекашид. Бо модараш маслиҳат намудем, ки ӯро аз ин ҳолат мебарорем. Модар дар хона, ман дар мактаб бо вай кор кардем. Бо баҳои хубу аъло ин шогирдам донишҷӯйи донишгоҳи тиббӣ гардид ва имрӯз табиби шинохта аст, - бо сарфарозӣ ёдовар мешавад омӯзгор.

Тобон Сафарова бар ин назар аст, ки рисолати омӯзгор, тарбияи хонандагони босавод, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол, худшиносу ватандӯст, дилсӯзу бовиҷдон аст, ки фардо бо донишу иродаи қавӣ чун мутахассисони варзида, дар пешрафту ободии Ватан саҳмгузор бошанд.

- Хурсандии муаллим аз чизҳои одӣ шуруъ мешавад: фаъол будани талаба дар дарс, дидани акси шогирдонаш дар тахтаи фахрии мактаб, шинохта шудани онҳо чун хонандаи аълохону боинтизом. Шогирдони ман чанде пеш дар озмуни фанни математика байни мактаббачаҳои пойтахт сазовори ҷойи аввал гардиданд, ки аз ин дастовардашон сарбаланд гаштам, - ризоманд иқрор меояд Тобон Сафарова.

     Мавзуи нозук

Мавзуи муҳими баъдӣ барояш арҷгузорӣ ба озодии кӯдак аст. Ба андешаи омӯзгор, озод будани кӯдак дар синф аз муҳимтарин ҷузъи пешрафт дар ҷараёни хониш аст.

- Дуруст аст, ки сиёсати муаллим дар вақти таълим зарур аст, аммо ин сиёсат на бо фишору зӯроварӣ нисбат ба кӯдак асос ёбад. Дар муҳити сахтгириҳои бемантиқ хонанда тарсу мегардад, фикрашро гуфта наметавонад, - бо ҷиддият таъкид медорад ҳамсуҳбатам.

Тобон Сафарова барои шогирдон фазои орому озод фароҳам овардааст. Бо каломи «зебояки ман», «доночаи ман», «бачаҷон» ба шогирдон муроҷиат менамояд.

- Дидам, ки кӯдак ба дарс омода нест, бо мулоиматӣ мегӯям: «Хуб мехондӣ-ку!», «Чӣ шуд, ки имрӯз бетайёрӣ омадаӣ?», «Доночаи ман, ку, ҳушатро ба дарс гир!», «Кӣ имрӯз ба дӯсташ ёрӣ мерасонад?» гуфта дигаронро ба ҷараёни дарс ҷалб месозам. Ин хонанда дафъаи дигар ҳатман омода шуда, дасташро боло менамояд. «Хонандаи душвортарбия» унвон мекунанд баъзеҳоро, аммо ҳар кӯдаку наврасеро бо сухани хуб, лафзи ширин моил ба омӯзишу одоб намудан мумкин аст, - баён медорад ӯ.

- Қисме аз зодмандон имрӯз фарзандонашонро ба синфҳои русӣ ва англисӣ мегузоранд. Ин тамоюл хуб аст ё бад?

 -Бо забони русӣ, англисӣ ё ҳар забони дигар таҳсил намудани кӯдак бадие надорад. Шояд фардо ин кӯдакон муаррификунандаи давлату миллат дар ҷаҳон шаванд, аммо ба шарте ки забони модариашонро дар баробари он забонҳо донанд!

Шарти аслии васеъ шудани ҷаҳонбинии кӯдак мутолааи зиёд аст. Бигзор кӯдакон зиёд шеъру достонҳо аз бар кунанд. Ин нутқашонро бурро, хотираашонро мустаҳкам менамояд. Ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хосса «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» дар ҷомеа бениҳоят таъсиргузор буд, ки пиру барно рӯ ба китоб оварданд, - бо эҳсос зикр менамояд Тобон Сафарова.

        Содиқ ба касб

Замони вазнини солҳои баъдиҷангӣ омӯзгорони зиёде тарки пеша намуда, рӯ ба соҳаҳои даромаднок оварданд, аммо Тобон Сафарова, ки аллакай оиладор ва соҳиби чаҳор писар буд, боре дар андешаи иваз намудани касбаш нашуд.

Ҳоло бо шукргузорӣ аз замони ободкориҳои азим дар биноҳои муҳташами навсохт, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, кабинетҳои фаннӣ, компютеру дастгоҳҳои пешрафтаи техникӣ фаъолият бурданро ба худ ифтихор медонад. Омӯзгори таҷрибадор бо ин нуктаи таъсирнок ба суҳбат нуқта мегузорад:

- Имрӯз соҳаи мактабу маориф зери сарпарастиву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Омӯзгорон талошҳои бемисли Сарвари давлатро дар амри эҳтироми заҳмати маорифчиён ҳамеша эҳсос менамоянд. Ба симати як модар, як омӯзгор таманно дорам, Тоҷикистони ҳамешасабзи мо гулгулшукуфону обод бошад! 

                           Гулноза БОБОМУРОДОВА

  «Бонувони Тоҷикистон» кулли омӯзгорони кишварро бо иди касбӣ – Рӯзи омӯзгор муборакбод гуфта, барояшон дар анҷоми рисолати пурифтихору заҳматталаб комгориву саодатмандӣ таманно дорад!

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон