БОЙГОНӢ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…
Илм ва маорифДастовардҳо ва корнамоиҳои фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии зодмандон мебошанд, зеро ҳамчун инсони комил ба воя расондани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад. Рисолати муқаддаси худ тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд.
Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир созанд. Фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад. Падару модарон вазифадоранд, ки фарзандонро бо тамоми воситаҳои зарурии таълим таъмин карда, шароити муносибро барои таълиму тарбия ва инкишофи қобилияти онҳо фароҳам оваранд. Ҳакиме писаронро панд медод, ки ҷонони падар ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар хатар аст. Аммо ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда, агар ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад. Аз ин рӯ, ҳар яки мову шумо падарону модарони азизро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои хайру савоб омӯзиши илму хунар ва азхуднамоии техникаву технологияи муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободиву созандагии Ватани азиз - Тоҷикистон равона созем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маориф, маданияту фарҳанг, бахусус ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, беҳдошту рушди онро талаб мекунанд. Вазифаи асосии мактаб нафақат ба хонандагон додани маълумот, рушди зеҳну заковат ва малакаи маҳорати шогирдон, балки дар навбати аввал тарбия намудан ва инкишофи сифатҳои маънавии онҳо мебошад. Волидон дар тарбияи фарзанд мураббии аввалинанд, аз ин лиҳоз чун боғбони ғамхору заҳматкаш дар парваришу нигоҳубини ниҳолакони наврустаи хеш бояд ба ягон хатою иштибоҳе роҳ надиҳанд. Танҳо дар мавриди дарки дурусти масъулият ранҷи онҳо самараи дилхоҳ меоварад.
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед сар кашад,худрӯст
Дар ягон давру замон мактаб чун макони илму маърифат ва таълиму тарбия масъулияту ҷавобгариро аз дӯши волидайн бар зиммаи худ намегирад. Таҷрибаҳои мухталифи ҳаёт собит месозанд, ки маҳз ҳамон нафароне, ки тарбияи солими волидайнро нагирифтаанд, барои омӯзгорон аснои таълиму тарбия душвориҳо эҷод менамоянд. Вале омӯзгор наметавонад дар лаҳзаи гузарондани дарсҳояш танҳо ба хонандагони солиму тарбиягирифта машғул бошад. Ӯ бояд бо ҳамаи аҳли синф якхела машғулият гузаронад.
Фарзанд бояд дар симои падару модар ва устоди худ наздикони худро бинад. Дар баробари дидани онҳо ӯро бояд ҳисси поквиҷдонию одам будан ва эҳтиром фаро гирад. Агар устод дар назди шогирд соҳибэҳтиром бошад, дар ҳама кор ёвару мададгори шогирди худ аст, миёни онҳо рози пӯшида намемонад.
Маънои асосии тарбияи солим ҳам ҳамин аст. Як чизро бояд хотиррасон намуд, ки дар тарбияи насли наврас ҷамъият, муҳити зист, калонсолон бояд саҳм дошта бошанд.
Барои ислоҳи хатои наврасон, дар куҷое ки набошад, бояд бетараф намонанд, хатои онҳоро сари вақт ислоҳ созанд ва одоби ҳамида омӯзанд. Зодмандони муҳтарамро зарур аст, ки тарбияи бесаҳву хатои ҷигарбандонро вазифаи аввалиндараҷаву муқаддаси худ донанд.
Муҳаббат ҶУМАЕВА,
омӯзгори Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе