БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷасорати зане, ки ӯро қаҳрамони ҳаёт гардондааст

Илм ва маориф / Слайдер

Ба ӯ «зани муваффақ» унвон додан, мисле, ки дар борааш андаке гуфтан аст, чун иродааш мисли фӯлод устувор, талошҳояш ба сони вақт беохир ва заҳматҳояшро самар ҳамеша шаҳд аст. Бо варақ задани китоби зиндагиаш метавон аз он раҳи рӯзгори босаодатро мутолаа кард, ки дар он тарбияи хуби фарзандон, дарёфти нуфузу эътибор, комгорӣ дар ҷодаи илм ва пушти сар гузоштани имтиҳони сангини сарнавишт маҳаки асосианд.

     Руҷуъ

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнист. Духтаре буд ба боварҳои худу наздикон устувор – аъло хондан, либоси миллӣ ба бар кардан ва покиву назофати руҳу ҷисмро нигоҳ доштан. «Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад», - гӯён зодмандонаш талош карданд, ки фарзандон, аз ҷумла Наргис соҳибмаълумот шавад. Ӯ ба ин эътиқодҳо содиқ монду намунаи волое гардид миёни ҳамсабақон, хешу ақрабо ва сокинони маҳаллаи Лучоби пойтахт.

Соли 2007 Наргис Мирзоева дар Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бахши эроншиносиро поён бурду роҳхат ба Намоишгоҳи бузурги китоб ба шаҳри Теҳронро молик шуд. Аз соли 2002 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун ассистент, муовин ва раиси Шурои занони Донишгоҳ, омӯзгори калони кафедраи забони тоҷикӣ ифои вазифа намуд. Солҳои 2003–2006 аспиранти кафедраи таърихи назарияи адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буд. Тули 24 сол беш аз 15 дастури методӣ дар самти таълими донишҷӯён, зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва 5 мақола вобаста ба рисолаи номзадӣ эҷод ва дар нашрияҳои гуногун ба табъ расондааст.

Забони англисиро хуб омӯхта, соли 2013 бори аввал гирандаи стипендияи лоиҳаи КАЗИЯ (интиқоли донишҷӯён, аспирантон ва омӯзгорон аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Аврупо) гардид ва барои такмили ихтисос тули дуву ним моҳ ба Донишгоҳи Вагенингени Шоҳигарии Нидерландия фиристода шуд. Бо фаъолияти донишгоҳҳо ва коргоҳҳои Аврупо ошно шуда, бо забони англисӣ маърузаҳо хонду мақолаҳо ба чоп расонд. Фаъолияти бонуи пешоҳанги тоҷик ба ҳамоҳангсози лоиҳа – бонуи нидерландӣ писанд омад, ки соли 2016 ба бону Наргис роҳхат фиристод ва ӯ ҳамчун унвонҷӯйи интиқолӣ дар курсҳои омӯзиши ҷомеашиносӣ ва баробарҳуқуқии гендерии факултаи ҷомеашиносии Донишгоҳи Вагенинген тули як сол таҳсил намуд. Дар баробари такмили ихтисос, ҳамчун ассистенти ҳамоҳангсози лоиҳа фаъолият бурд ва соли 2017 соҳиби диплом гардид. Ҳамчунин, барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам ба донишгоҳҳои Олмон ва Белгия фиристода шуд.

 

Моҳи майи соли 2017 дар Донишгоҳи аграрии Алмаато дар конфронси байналмилалӣ ширкат варзида, оид ба нақши донишгоҳҳои Аврупо ба донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, фаъолияти пурмаҳсули бонувони тоҷик, баробарҳуқуқии онҳо, дастрасӣ доштани занони деҳот ба омӯзиши илм, бунёди марказҳои махсуси технологияи коммуникатсионӣ барои босаводгардонии занони деҳот бо забони фасеҳу равони англисӣ маъруза намуд.

 Модари дилҷӯ

    Он замон оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд. Саодатманд аз он, ки ҳамсари бофаҳм ва хусуру хушдомани ба марзи 80-солагӣ расидааш ҳамеша аз талошҳои дар ҷодаи илм доштаи аруси хонаводаашон ҷонибдорӣ ва ифтихор мекарданд. Барои муваффақ шуданаш раҳ кушода, аз хурдтарин дастовардаш меболиданд. Вақте Наргис ба муддати дароз ду маротиба ба Аврупо сафар кард, барояш монеа эҷод накарданд, баръакс, эҳтироми пешаашро ба ҷо оварда, барояш дуои нек доданд ва фарзандонашро ҳам модар ва ҳам хонаводаи шавҳар парасторӣ карданд.

Наргис Мирзоева дар фаъолияти омӯзгорӣ пурталош, дар хона модари мушфиқ, ҳамсари содиқ, келини меҳрубон ва кадбонуи хуб аст. Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, макони будубоши ӯву волидони ҳамсараш, замоне шири гов медӯшид, то ҳанӯз дар танӯр нонҳои лазиз мепазад ва покизагии рӯзгорро барои аҳли хонавода фароҳам меорад. Фаъолияти омӯзгорӣ, пешбурди кори илмӣ ва ҳаёти хонаводагӣ – ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ сомон медиҳад ва мекӯшад, ки байни ин корҳо халале ба вуҷуд наояд.

   Имтиҳони тақдир

Соли 2019, вақте фарзанди чорумаш ба дунё омад, аз нигоҳҳои мармузи момодоя ба изтироб афтод. Замоне фаҳмид тифл дорои синдроми Даун ва ду сӯрохии дил аст, ҳолати шадиди афсурдагӣ, гиряҳои бесадо ва ҳастии баробар ба нестӣ ӯро думболгир шуд. Суолҳои «чаро?» ва «ояндааш чӣ мешавад?» вирди забонаш мечархиданд. Ба ҳолати модар раҳми табибон омад, ки гуфтанд бо ризояти ӯ метавонанд кӯдакро ба хонаи тифлони бепарастор баранд. - Ҳеҷ вақт, - гуфт модар ва қарораш қатъӣ буд. Модару хушдоман аз ҳолати равониаш нигарон, ӯро таскин медоданд, ки фарзанд фарзанд асту шукр мебояд.

Дар давраи нигоҳубини тифл маълумоти фаровоне дар ин бора мутолаа кард ва дарёфт, ки дар сурати зиёд бо чунин кӯдакон корбарӣ кардан, фардо онҳо метавонанд дар ҷодае муваффақ гарданд. Ба ин раҳ, модар Аҳдия, ин кӯдаки офтобрӯро аз 4-моҳагӣ ҳафтае се маротиба ба маркази тавонбахшӣ, пеши мутахассисони соҳа бурд. Ҳуҷраи кӯдаконаш пур аз воситаҳои аёнии таълим ва китобу китобчаҳо шуд. Тадриҷан ҷисм ва майнаи сари кӯдак инкишоф ёфт, сӯрохиҳои дил маҳкам шуданд, нутқ, роҳравӣ, хӯрокхӯрӣ омӯхт ва аломатҳои беморӣ дар чеҳрааш қариб ноаён гардиданд.

- Духтарам мисли дигар кӯдакон аст, шояд ягон соле аз онҳо ақиб монда бошад. Меҳраш ба наздикон, умуман ба инсонҳо беохир аст. Дар шустани зарфҳо ва густурдани дастархон моҳир аст, бо дидани бобову бибиаш кӯрпача партофта, пушташон болин мегузорад. Дар кӯча ба калонсолон салом мегӯяд. Имсол, ки Аҳдияҷон 6-сола шуд, ба фарзандони солимам қариб баробар гаштааст ва аз ин дилпурам, ки ӯ дар зиндагӣ метавонад роҳи худро ёбад. Ҳоло ният дорем ӯро ба кӯдакистон барем. Вақте аз бемориаш мегӯям, масъулон аз қабули ӯ худдорӣ мекунанд. Барои модар дарки ин ҳолат душвор асту шикасти руҳаш ногузир, - бо андуҳ изҳор медорад Наргис.

    Ҷоизадори озмун

Соли 2021 барои ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагӣ дид, агарчи тифли бемор ва бо волидони ҳамсар зиндагӣ дошт. Аз таъсири афсурдаҳолӣ хотираи қавиаш ончунон заиф гардид, ки ҳар чизи мутолаакардаро зуд аз хотир мебаровард. Ҳатто як мисраъ шеъри аз ёдкардаашро соатҳо наметавонист ба хотир орад. Дарк намуд, ки ин ҳолатро бояд хотима дода, мисли пешин дар илму эҷод пешсаф бошад. Зиёд шунида буд, ки зани маълумоти олидор бо марди бидуни он созиш ва оилаи солим бунёд намекунад. Аммо ӯ ин сухани қолабиро барҳам дод, бо марди хонадонаш ҳамдигарфаҳмӣ дошт. Замоне ки то соати севу чори субҳ китоб мехонду ба озмун омодагӣ медид, гоҳо бо ашки сӯзон мехост аз азмаш даст бикашад. «Ҳама корҳои рӯзгоратро омада, худам сомон медиҳам, фақат бихон!» - мегуфт модар. «Хӯрокпазӣ ба уҳдаи ман, ту ба озмун тайёрӣ бин, Наргисҷон, обрӯи ту обрӯи мост, мегӯянд, ки келини холаи Оиша ҷоизадори Озмун шудааст, руҳи падари марҳумам, шоир Саид Холзода шод мегардад», - мегуфт хушдомани солдидааш.

«Мо ба ту бовар дорем, ту метавонӣ!», - гуфтанҳои пайвандон Наргисро руҳбаланд сохт ва беш аз 100 ғазал, 200 рубоӣ, даҳҳо достону қасида, шаклҳои дигари анвои шеърӣ ва китобҳои бадеии зиёдеро мутолаа ва аз худ карда, соли 2021 дар Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи адабиёти классикӣ миёни унвонҷӯёну аспирантону магистрон ширкат варзида, сазовори ҷойи дувум ва 25 ҳазор сомонӣ гардид.

Ангур аз ангур ранг мегирад…

     Духтари бузургаш Зарина Шарифбекова, хонандаи синфи 10-уми Гимназияи № 1-уми Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, гирандаи Стипендияи президентӣ, ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аст. Ёсинҷон дар синфи 7-уми Литсейи № 1-ум барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар таҳсил дошта, дар Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи адабиёти бачагона дар даври ноҳиявиву шаҳрӣ се маротиба ҷойи якумро ишғол кардааст. Имронҷон, хонандаи синфи 4-уми Литсейи № 1-ум барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар, тули як сол аст, ки барои ширкат дар Озмуни мазкур омодагӣ мебинад.

Вақте аз чӣ тавр ҷалб намудани кӯдакон ба китобхонӣ, аз таълиму тарбияи онҳо пурсидем, гуфт:

- Вақте маош мегирам, аз як ҳиссаи он ҳатман барои фарзандонам китоб мехарам. Дар меҳмонхона, дар ҳуҷраи хоби бачаҳо, дар ошхона, дар ҳар куҷо китоб гузоштаем. Баъдан зуд-зуд аз онҳо мепурсам, ки фалон ҳикоя, шеър, достонро хондаанд ва он ҷо сухан дар боби чӣ гуфта шудааст. Ё тарзи дурусти қироати шеър ва аз худ кардани онҳоро низ ҷӯё мешавам. Ғазалеро, ки дар хотири худу кӯдаконам зуд ҷо намегирад, як бор қироат карда, дар диктофон сабт мекунам, ё суруди онро, ки бисёр сарояндагони тоҷик аз ашъори бузургон сароидаанд, аз интернет пайдо карда, баланд мемонаму ҳама гӯш меандозем. Бо ин раҳ ҳамаамон он ғазалро пурра аз худ мекунем. Шукр, ки фарзандонам дар мактаб аълохон ва одоби намунавӣ доранд. Ба ҷуз ин, шахсан адабиёти ҷаҳонро бағоят дӯст медорам ва мекӯшам, ки фориғ аз кор ҳар рӯз то 10 - 20 саҳифа мутолаа намоям. Шояд ин амалам ба бачаҳо бетаъсир намондааст, - иброз дошт Наргисбону.

     Собитқадам

Ӯ ҳоло ним баст дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва як баст дар Литсейи № 1-ум барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе аз фанни забони давлатӣ дарс гуфта, имсол азм дорад, ки сарфи назар аз душвориҳо рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Таҳлили қиёсии симои зан дар достонҳои ишқӣ-романтикии «Юсуф ва Зулайхо» ва «Саломон ва Абсол»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» бо роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Шарофзода Гавҳар дифоъ намояд.

Ҳар рӯз дар хона падари ҳамсараш бо ғамхорӣ аз пешрафти корҳои илмиаш ҷӯё мегардад ва дар симои ӯ Наргис қиблагоҳи марҳумашро ба ёд меорад, ки мудом мегуфт: «Ягона орзуям ҳамин, ки ту унвони номзади илмро соҳиб гардӣ ва рӯзи дифои рисолаи номзадиат он ҷо ҳузур дошта бошам ва бифахрам, ки чунин фарзанди қобилу донишманд дорам».

Дар ҳавои орзуи нодидаи падар Наргис ҳоло талош меварзад, то баъди рисолаи номзадӣ кори илмиро идома дода, рисолаи докторӣ низ ҳимоя намояд. Чун медонад, ки, агар кас майлу хоҳиш дошта бошад, қудрати сомон додани ҳама корро дорад.

                                                         Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон