БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

   Унвони баланд барояш омӯзгорист

Илм ва маориф

Дилбар Турсуноваро дар иҳотаи шогирдонаш дар Гимназияи № 2-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров болидаруҳ дарёфтам. Дари синфхона нимво буд. Бо дастпарваронаш модарвор дилсӯзона муносибат дошт. Симояш нурониву ҷиддӣ, нигоҳаш меҳрбор метофт. Суҳбати мо чун марворид бо ҳам пайваст.

Зимистони соли 1951 табиат нуқрафону нуқрарез ба назар мерасид. Ҳама ба истиқболи Соли нави милодӣ омодагӣ доштанд. Дар ин лаҳзаҳои пурфайз зодмандон гулдухтари зебояку ширинакро бо меҳру муҳаббат Дилбар ном ниҳоданд. Падараш Турсун Ашӯров, модараш Бибисангин Ҷӯрабоева омӯзгор буданд. Онҳо дар таълиму тарбияи комили панҷ фарзанди дилбанд баҳри соҳибмаълумот гардидани онҳо заҳмати дучанд кашиданд. Аз байни онҳо Дилбар пайраву меросбари волидон гардид. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 20-уми шаҳри Хуҷанд роҳ ҷониби Институти давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ба факултети забон ва адабиёти тоҷик пеш гирифт. Баъдан бо роҳхати шуъбаи маориф соли 1973 дар пешаи писандидааш дар МТМУ №14-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият оғоз кард. Давоми даҳ сол аз омӯзгорӣто зинаи роҳбарии ин мактаб амали пурсамар дошт. Дар камолоти шогирдон, хубтару беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия ва ба яке аз муассисаҳои пешсафу пешқадам табдил ёфтани ин боргоҳи маърифат саҳми шоиста гузошт.

 

Дониши васеъ, таҷрибаи бой, малакаву маҳорати баланди ташкилотчигиаш боис шуд, ки Дилбар Турсуноваро ба корҳои ҳизбӣҷалб намуданд. Соли 1983 дастурдеҳи шуъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) таъин гардид ва муддати се сол ин масъулиятро муваффақона анҷом дод, таҷрибаи корбарию одамшиносӣомӯхт. Баъдан раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия интихоб шуда, давоми 21 сол дар ин вазифаи таъсиргузори соҳаи маориф хизмати шоиста анҷом дод. Солҳои 2007 - 2013 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Дар ин солҳо Дилбар Турсунова бо дарки баланди рисолати роҳбарӣфаъолияти пурсамар кард. Бо тамоми ҳастӣбарои бо ҷалби омӯзгорони навовару эҷодкор, фароҳам овардани имконияти хубтару беҳтари таълим, бунёди синфхонаҳои иловагӣва муассисаҳои типи нав, майдончаҳои варзишӣ, бо аёнияту таҷҳизоти озмоишгоҳӣшавқовару ҷолиб ба роҳ мондани машғулиятҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузошт.

Бо обрӯву иззати эҳтироми шоиста ба нафақа баромад, вале аз маориф дур нашуд. Дар Гимназия бо меҳру муҳаббат ба таълиму тарбияи шогирдон машғул аст.

Ҳаёт мактаби бузург аст. Дар оташи он кас обутоб меёбад, чун пӯлод устувор мегардад. Рӯзҳои талху ширинро дидам, ба касби дӯстдоштаам ҷавониро ба сар бурдам. Имрӯз унвони аз ҳама баланди омӯзгорро сазовор шудаам. Панҷоҳу се соли умри пурбаракати хешро ба ин пешаи муқаддас бахшидам. Шарафманд аз он ҳастам, ки ҳар ҷое қадам монам, шогирдонамро мебинам, аз муносибати гарму самимонаашон гул-гул мешукуфам. Агарчанде қадам ба синни 75 гузошта истода бошам ҳам, ҳамоно бе мактаб, бе маориф истода наметавонам,-мегӯяд Дилбар Турсунова.

Заҳмати софдилонаи Дилбар Турсунова бо нишони Аълочии маориф ва илм, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои гуногун қадр шудааст.

 

Дилбар Турсунова дар таърихи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи занҳо нахустин касест, ки мудирии шуъбаи маорифро ба зимма дошт. Ба фаросату хирад, лаёқату ҷасораташ эътимод бастанду ӯро шоистаи ин вазифаи пурмасъул донистанд. Ин аст, ки ҳоло ҳам ӯро ҳамчун омӯзгори пурдону сарвари чашмикордон мешиносанду бо самимият арҷ мегузоранд. Насиб гаштан ба ин рӯзҳои саодатборро туҳфаи бебаҳои тақдир дониста, бо қаноатмандӣҳамчун зан, модар, бибӣ, омӯзгор дуои нек дар ҳаққи Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон мегӯядушукронаи пойдории сулҳу амонӣ, ободии кишвар мекунад.

                                                       Бимуслима РАҲИМОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 7)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон