Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Соҳаи муҳиму тақдирсоз
Илм ва маорифБо ворид гардидан ба маҷрои пурталотуми зиндагӣ ва дарки моҳияти он аксарият пайи интихоби пешае мегарданд, ки он дар оянда баҳрашон осудаҳолӣ ораду аз лиҳози иқтисодӣ фаровонӣ. Аммо кам касонеро метавон вохўрд, ки аз пешаҳои, ба қавле бозоргир, канор рафта, ба ҷабҳае по мениҳанд, ки мафкурасозии насли оянда аз суди шахсӣ волотар аст.
Давлатбӣ Ҳакимова аввал ҳисобдор, баъдан тули солҳо ҳамчун корманди соҳаи гумрук фаъолият бурд. Вақте дар мактаб норасоии омўзгорон иттифоқ уфтод, шарорае дар қалбаш рахшид, ки чӣ мешавад ба таълиму тарбияи фарзандони мардум пардозад. Дарк кард, ки мехоҳад аз дониш, аз таҷриба, аз роҳи паймудаи хеш ба ояндагон сабақ диҳад, илҳом, шавқу шўри онҳоро ба илму маънӣ бедор созад. Дипломҳои аз техникумҳои молия ва гумрук доштаашро канор гузошту ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд ва онро бомуваффақият хатм намуд.
Аз соли 2011 ҳамчун омўзгори фанни химия ва биология ба дарсдиҳӣ пардохт. Пас, дарёфт, ки маҳз муҳаббати бекаронаш ба кўдакон варо ба дунёи маърифат пайвастааст. Аз интихоби худ заррае пушаймон нашуд, балки эҳсос намуд толеъ ўро ба роҳи дуруст раҳнамун сохта.
Туҳфаи арзанда
Аз соли 2015 бону Давлатбӣ директори МТМУ №2 ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Фархор аст. Бинои мактаб, ки бозмонда аз соли 1952 буду хароб, таҳти роҳбарии ў ва сармоягузории яке аз хатмкардаҳои мактаб, соҳибкори ватандўст Хуршед Нозимов ба маблағи се миллион доллари ИМА сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Омўзгорон, волидони хонандагон ва сокинони ноҳия аз иқдоми неки ҷавонмарди саховатманд изҳори хушнудӣ намуда, аз шароити созгори фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳибкорони боҳиммат бениҳоят миннатдоранд.
Ин дабистони сеошёна, ки соли 2021 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дар масоҳати умумии 1,75 гектар замин доман густурдааст. Он бо усули муосири меъморӣ сохта шуда, 47 синфхонаи таълимӣ, 14 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои 160 нафар, маҷлисгоҳ бо 240 нишастгоҳ, як толор ва ду майдончаи варзиширо дорост. Кабинетҳои фаннӣ бо тамоми техникаву технологияи зарурии насли нав фароҳам буда, ҳамчунин, барои омода кардани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ толори хониш муҳайёст.
Таълимгоҳи навбунёд барои 2 ҳазор хонанда пешбинӣ шуда, ҳоло дар ин дабистон 1966 хонанда дар ду баст таҳсил дорад. Намои бино бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд шуда, атрофро гулу буттаҳои ороишӣ зеб дода.
Таълиму тарбия
Хатмкардагони мактаб ҳоло дар ниҳодҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд ва насли имрўз низ аз таълиму тарбияи омўзгорони таълимгоҳ баҳраманданд.
- Соли хониши 2024–2025 47 нафар хатмкунанда доштем, ки аз онҳо се нафар дар коллеҷҳои техникӣ, боқимонда ба макотиби олӣ шомил шудаанд. Аз ин миён ду нафар ба хориҷи кишвар ба таҳсил рафт. Духтарон ҳамагӣ ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб карда мешаванд, имсол танҳо як нафар духтар, бо сабаби беморӣ аз таҳсил канор монд, ки баъди табобат ҳоло ба таҳсил баргаштааст. Хонандагони ятим надорем, танҳо се нафар нимятим дорем, ки ҳамасола онҳоро бо сарулибоси мактабӣ ва лавозимоти хониш таъмин менамоем. 9 нафар хонандаи камтавон, ки нуқси зеҳнӣ доранд, бо таълим дар хона фаро гирифта шудаанд, яъне омўзгорони мо онҳоро дар хонаҳояшон дарс медиҳанд. Имсол ду нафари онҳо синфи 9-умро хатм кард, ки шаҳодатномаҳои хатмро дар манзили зисташон тантанавор супурдем, - изҳор намуд роҳбари мактаб.
Бино ба маълумоти директор, хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаҳо аз фанни информатика, забони русӣ, забон ва адабиёти тоҷик дар вилоят дастболо гардидаанд. Соли 2021 хонанда – Сулаймон Ибрагимзода дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, ҷойи ифтихорӣ дарёфт.
Фаъолияти вакилӣ
Давлатбӣ Ҳакимова аз соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор буда, бо интихобкунандагон, бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки ўро номзад ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд, робитаи қавӣ дошта, дар иҷрои нақшаву барномаҳои рушди маҳал ширкати фаъол меварзад ва афкори ҷомеа, талаботу эҳтиёҷи аҳолиро омўхта, ба Маҷлиси вакилони халқ ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳои заруриро пешниҳод менамояд. Бештар барои ба ифоқа овардани оилаҳои ҷавон ва аз парокандашавӣ эмин доштани онҳо талош меварзад. Кўча ба кўча, хона ба хона гашта, бо сокинон вохўриву суҳбатҳои судманд анҷом дода, аз мушкили онҳо ҷўё мегардад. Ҷалб намудани духтарон ба се зинаи таҳсилро вазифаи ҷонӣ медонад. «То қувват дорам, ба халқу Ватани азизам содиқона хизмат мекунам», - ро барои худ шиор намудааст.
Аз рушди маориф
Дар ноҳия 67 мактаб, 2 гимназия ва 1 литсей мавҷуд аст, ки 8-тои он дар ду-се соли ахир бунёд ва ба истифода дода шуд. Қисми зиёди мактабҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, падару модарони хонандагон аз таъмир бароварда шуда, бо мизу курсиҳо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.
- Соҳаи маориф дар ҳоли рушд буда, имсол дар МТМУ №№ 3, 22, 24 синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуданд, ки дар таъмири пурраи онҳо саҳми сокинони маҳалла зиёд аст. Сифати таълим дар муассисаҳо бад набуда, хонандагон аз озмунҳо, олимпиадаҳо ва сабқатҳои варзишӣ дастовардҳои назаррас доранд. Муҳаммад Нуров, яке аз хонандагони ноҳия, дар мусобиқаи варзишӣ дар Канада ширкат ва медали тилло дарёфт. Ду хонанда аз МТМУ № 39 ва дигаре аз МТМУ № 3 аз озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. Ин ҳама гувоҳи устувориву пешрафти ҷомеа аст, ки бо дастгириву иқдомоти беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф – ин соҳаи муҳиму тақдирсози ҷомеа ба таври бесобиқа рушд менамояд, - афзуд Давлатбӣ Ҳакимова.
Бо такя ба андешаҳову афкори созандаи хеш роҳбари мактаб илқо менамояд, ки хонандагон ҳар дарси мактабиро хуб омўзанду дар зеҳни худ парваранд, чун ҳар дарси мактабӣ фардо метавонад дарсе барои зиндагӣ бошаду гиреҳи даҳҳо мушкилро кушояд ва равзанаи саодатро ба рўи онҳо боз гардонад, мисли ў, ки замоне дар талаби илм ба даҳҳо дари таълимгоҳ по ниҳоду билохира дари саодатро ба ояндаи хеш во кард.
Ситора АШЎРОВА
Душанбе – Фархор - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










