Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рӯ ба фароз
Илм ва маорифШуруъ аз синфи панҷум дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҳамчун хонандаи фаъол ифтихори мактаб дониста мешуд. Он давра аз озмунҳои шоҳномахонӣ, хушнависӣ, луғатдонӣ бо ифтихорномаву нишонҳои озмунӣ сарфароз мешуд. Ба ин духтараки болобаланд муяссар гардид, ки дар давраи мактабхонӣ, дар конфронси байналмилалӣ вобаста ба пешгирии хушкшавии баҳри Арал, ки дар он намояндагони панҷ давлати Осиёи Марказӣ ширкат доштанд, бо маъруза баромад карда, соҳиби ҷойи аввал ва диплом гардад.
Ҳамин гуна Рухсора соли 2012 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Данғараро бо шаҳодатномаи сурх ва медали нуқра аз рўйи равияи гуманитарӣ ба итмом расонд.
- Он замон Маркази миллии тестӣ набуд. Медали тиллои олимпиадаи ҷумҳуриявии байни мактабҳои шаҳри Душанберо доштам, аз ин рў, ба тариқи суҳбат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи фалсафа, аз рўйи ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дохил шудам, - гуфт Рухсора Расулзода.
Ҳангоми таҳсил, баробари донишандўзӣ, ҳамзамон, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии байни донишгоҳҳо иштирок карда, дар курси сеюм соҳиби медали тилло байни донишҷўёни мактабҳои олӣ аз фанни фалсафа гардид.
Соли 2017 Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчун унвонҷў дохил шуд. Соли 2024 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Сиёсати забонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои асосии он» дифоъ намуда, дипломи номзади илмро аз рўйи ихтисоси сиёсатшиносӣ молик гашт.
- Аз соли 2015, пас аз дарсҳо дар МД «Маркази миллии патенту иттилоот»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси шуъбаи кадрҳо фаъолиятамро оғоз намудам. Рўзона мехондаму гирандаи стипендияи олии Донишгоҳ низ будам. Мекўшидам, то ба падару модарам, ки зиндагии хоксорона доштанд, бори гарон нашавам.
Коргузориро тибқи талаботи Кодекси меҳнату коргузории кадрӣ аз худ кардам. Баъдан, солҳои 2019 - 2024 ҳамчун сармутахассиси МД «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудам. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, ҳини иҷрои вазифаи котиби матбуотӣ, донишҳои сиёсӣ, сармоягузорӣ ба даст овардам, ки бароям бесуд намонд, -ироа намуд Рухсорабону…
Самимияту меҳрубонӣ ва маърифати яке аз омўзгорони МТМУ №56-и зодбум Савриннисо Мунисова, омўзгори забон ва адабиёти тоҷик, ки дар тарбия ва соҳибмаърифатии садҳо нафар шогирдон саҳм гирифтааст, боис шуд, ки касби пуршарафи омўзгориро интихоб намояд. Соли 2019 ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ба шуъбаи ғоибона дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд…
Волидон боилму бомаърифат шудани фарзандро аз ҳама авло медонистанд. Падараш Расул Тағоев сехи коркарди оҳан дошта, модараш Саймо Сафарова хонашин буд.
- Дар оилаи коргар ба дунё омадаам. Модарам ба кори хона машғул буд ва ҳини фориғ ба падарам ёрӣ мерасонд. Зодмандон нафарони хоксору самимӣ ҳастанд. Чор духтару як писар ҳамеша бо насиҳатҳои волидон маҳз тавассути дастгириҳои онҳо дар зиндагӣ соҳиби маълумот гаштем. Ҳангоми иштирок дар чорабиниву озмунҳо падарам манро ҳамроҳӣ карда, агар соҳиби мукофоте мегаштам, қиблагоҳ изҳор мекард, ки хон, аз ин ҳам зиёдтар бомартаба шав. Ман аз ту умедҳо дорам, гўён ба ман руҳу равони тоза мебахшид, - изҳор кард ҳамсуҳбатам…
Имрўзҳо Рухсорабону дар кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи факултаи дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омўзгори калон фаъолият дорад…
Дар хонаводааш меҳру муҳаббат, эҳтироми байни якдигарӣ ҳукмфармо буда, бузургтарин неъматро дар хонаободӣ, сулҳу субот ва амни кишвар медонад.
- Мекўшам, то дар оиладорӣ ва ҳурмату эҳтироми шавҳару аҳли хонадон муваффақ бошам. Соҳиби се писар ҳастам, ки дутоаш мактабхон ва хурдӣ боғча меравад. Ҳамчун як зан, модар ҳам дар самти таълиму тарбия ва ҳам дар самти кор худро муваффақ меҳисобам, албатта, бо дастгирии шавҳар ва аҳли оила. Шавҳарам, сарфи назар аз хидматчии давлатӣ буданаш, дар ҳама самтҳо ёвару мададгорам аст, - иброз медорад Рухсорабону.
Донистани забонҳои хориҷӣ ва омўхтани он ҷаҳонбинии ҳар як фардро васеъ гардонда, барои тараққиёту пешрафти кишвар низ таъсири мусбат мерасонад. Забондонӣ муҳим, боиси ифтихори баланд буда, бо забономўзӣ ҷаҳонро низ меомўзанд.
Имрўз дар кишвар шароити созгор ва квотаҳое, ки барои ҷавонон пешбинӣ шудаанд, хеле зиёданд. Бо донистани забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани технологияи муосир онҳо метавонанд ба хориҷа сафар кунанду таҳсилоти олӣ гиранд. Техникаву технологияи замонавиро омўхта, ба хотири насли минбаъда онро дар кишвар роҳандозӣ намоянд. Ватанро обод карда, технологияи ҷаҳониро оварда, дар ин ҷо татбиқ созанд, - баён медорад Рухсорабону.
Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ талаботи ахлоқии ҷомеа аст, зеро фарҳанги оиладорӣ ва дурандешӣ калиди бахту саодат буда, роҳ ба сўйи зиндагии хушҳолу осуда мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳониро бе омўзгор тасаввур кардан номумкин аст. Боиси хушнудист, ки Рухсора Расулзода имрўз ҳидоятгари роҳӣ ростӣ ва тарғибгару роҳнамои шогирдон рў ба фароз аст, зеро, дар баробари омўзондани пайраҳаи дуруст, омўзгор шогирдонро бояд дар руҳияи заҳматписандиву ватандўстӣ тарбият намояд.
Мадина БАЛАҶОНОВА
Мубодила:
Шарҳҳо











