БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Раънои маърифат

Илм ва маориф

Мо – писарону духтарони бо Квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ шомилшуда ва тоза аз деҳоти кўҳистон ба шаҳри Душанбе омада, омўзгорони хушоину нарм меҷустем. Сахтиҳои таҳсилу рўзгор ва таҷрибаҳои талхи шаҳрӣ шудан, моро ниёзманди одамони ҳалиму хушгап вомедошт. Ҳар касе аз устодон бо мо бархўрди неке намояд, волаи ў мешудем, васфаш забон ба забон мерафт. Дар вақти таҷрибаомўзӣ ҳамин гуна бонуи хушгилро, хушбахтона, дар МТМУ № 54-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе вохўрдем. 

Толеи баланди мо буд, ки дар ин боргоҳи маърифат Раъно Ёрова роҳбар буд ва мо – донишҷўёни курси серо чун омўзгорони ҳақиқӣ ба таҷрибаомўзӣ хонд ва дарсдиҳиро бо дили пур ба мо супурд. Ин бовари сабз моро ҳам руҳбаланд намуд ва ҳам масъулият бахшид.

Эҳсос мешуд, ки муаллим ба шогирдон ва ҳамкорон муносибати неки яксон дошт. Ба ҳар шогирд имкон медод, ки худро созад ва ба шахсияту арзишҳои хеш содиқ монад. Барои касеро мисли худаш ё каси дигаре дидан ё тарбият кардан талош намеварзид. Ин аст, ки то ҳол шогирдони муваффақаш аз дохилу хориҷи кишвар тавассути паёмакҳову шодбошиҳо ёд мекунанд.

Ба кори омўзгорӣ бо ҷиддияти вижа муносибат дошт, намегузошт, ки ба ин касб касе забони таъна кушояд ё ба ҳотаи муаллим санг андозад. Дар назари мо чунин менамуд, ки барои вай андешаву фикри манфӣ ва оянданигарии дуранги дигарон дар бораи маориф ва омўзгор аҳамият надошт. Баръакс, ҳар қадар камбиниву фоли бад ба ин ихтисоси пуршараф афзояд, Раънобону ҳамон қадар ҷиддӣ ва якрав мешуд. Яъне, бар ҳимояти маориф ва пешаи наҷиби хеш мепардохт ва нек медонист, ки омўзгор барои асрҳои рафта ҳам ва барои имрўзи мунири мо низ шахси бовиқор, бошукўҳ ва намунаи ибрат аст. Танҳо фориғболиву камтаваҷҷуҳии бархе омўзгорон онро ҳақир ҷилва медиҳад, вагарна шарофат ва шаҳомати ин касб беинтиҳост. Ҳеҷ гоҳ бо баҳонаҳои «замон дигар шуд», «бачаҳои ин даврон дигаранд», «меъёрҳо иваз шуданд» ба худу ҳампешаҳо бо чашми кам наменигарист. Хоксориву фурўтаниаш барои ҳамаи мо омўхтанӣ буд. Дар дафтари кории ў шоҳид будам, ки як шогирди дилозурда ё омўзгори дар фаъолият ва рўзгор шикастхўрдаро соатҳо мешунид, тасаллӣ мебахшид, машварат медод ва, аз дасташ ояд, пайи ёрӣ мекўшид.

Гумон набаред, ки шикастҳо ва монеаҳо дар ҷодаи хуҷастаи худи Раънобону набудаанд. Будаанд, аммо вай асабҳои хароб, дили озурда, бозиҳои дуранги гандумнамоёни ҷавфурўш, аҳдҳои шикастаро бо нармӣ, табассум, китоб, шеър, мусиқӣ, суҳбати шоирону нависандагон, маҳфилҳо ва шодиву нишоти шогирдони дўстрўяш ҷуброн мекард. Сипари ин бонуи хушдил ба рағми сахтиҳо мулоимтинатӣ буд, зеро ҷавҳари Раънобонуро аз хубиву нармӣ сиришта буданд. Мавсуф дигар хел буда ҳам наметавонист. Ба таъбири Бедил:

Бе вазъи мулоим натавон баст раҳи зулм,

Девору дари хонаи занбўр зи мум аст.

Суханронии маҳин, руҳи матин ва иродаву қатъият ба чеҳраи пурнураш бисёр ҳам муносибу мувофиқ буда, ба шогирдон ҳаловате мебахшид. Аз шоирони муосир, бавижа, аз сарводаҳои устод Лоиқ басе дар ҳофизаи худ дорад ва мехонад. Гоҳе сахт дар изтироб мешавад, ки сол рафтаву шеърҳо ҳам аз ёд парида. Кас наметавонад суханашро нашнавад ва ба зудӣ аз назди ў равад. Аслан, пули робитаи ҳумоюни мо ҳам аз оғоз ҳамин шеър будаст.

Ҳарчанд соате ҳам дар дарсаш набудам, аммо Раънобонуро устоду мураббӣ ва раҳнамои хеш медонам. Ба хотири он ҳама боварҳои сабзе, ки ба як омўзгори ҷавон бахшид ва масъулиятпазириро омўхт.

Раъно Ёрова, муовини вақти ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, боз ба оғўши мактаб баргашт. Ҳузури руҳии хешро дар фазои кўдакону наврасон дарёфт. Имрўз дар МТМУ № 93-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омўзгор ва мушовири чашмикордон аст, зеро дил кандан аз ҷаҳони поку беғубори насли наврас ва дар хона нишастан, барои ў ҳеҷ имкон надорад. Баръакс, ғалоғула ва шўру шарари кўдакону наврасон ҷони нозук ва руҳи шоиронаи варо оромиш, барои иҷрои рисолаташ илҳом мебахшанд.

                                                                                                                       Б. БАҲОДУР,

                                                                                                                               адиб

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон