Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Кӯдакистони орзуҳо
Илм ва маорифЛаҳзаи ифтитоҳи кўдакистони хуштарҳу замонавӣ шодиву нишоти сокинонро ҳадду канор набуд, зеро фароҳам овардани чунин шароиту муҳити тарбия барои фарзандон орзуи деринаи онҳо буд. Ин рўзи фархунда барои мураббияи ҷавон Гулдаста Ҳайдарзода на танҳо санаи расидан ба орзуҳои афсонавӣ, балки оғози масъулиятҳои навбатӣ дар ҷодаҳои касбӣ арзёбӣ мегардид, ки ҳамчун мудири тозатаъин ҳамроҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии Муассисаи давлатии таълимии томактабии № 8-ро мекушоданд.
- Заҳмати пайваста дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, эҷоди муҳити созанда барои атфол ва дидору суҳбати рў ба рў бо Пешвои муаззами миллат аз орзуҳои даврони мактабхониам буд. Ба ҳукми тақдир ин ҳама рўйдодҳои бузург дар як рўзи фархунда иттифоқ афтод, - табассумомез риштаи суҳбатро мекушояд Гулдаста.
– Ҳангоми ифтитоҳи кўдакистони навбунёд, ки сокинон онро дурдонаи беназир мешуморанд, тамоми рўзгори кўдакиву наврасӣ ва саъю талошҳои даврони донишҷўиям аз пеши назар мегузаштанд. Дасти сарнавиштро бинед, ки як духти дар дудмони ронандаи одӣ ва модари хонашин тарбияву ба воя расида, дар хонаводае арусӣ шудам, ки ба идомаи таҳсилоти олиам ризоят доданд. Ба шарофати меҳру самимият ва эътимоди ин оилаи маърифатпарвар соҳиби ду маълумоти олӣ - педагогика ва методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ ва педагогика ва психология гардидам.
Гулдаста фаъолияти омўзгориро соли 2016 аз МТМУ №14-уми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бинмуда, соли 2019 мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №4 таъин гашт. Баъдан, чаҳор соли дигар ҳамчун муовини директор оид ба таълим дар МТМУ №14 кор карда, аз он ба баъд то ифтитоҳи кўдакистони №8 ба симати сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият бинмудааст.
Ба андешаи Гулдаста Ҳайдарзода, МД таълимии томактабии №8 дар доираи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кўдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бунёд гардида, назираш дар кишварамон ангуштшумор аст. Дар доираи ин лоиҳа, ҳамчунин, марказҳои рушди кўдакони назди муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия таъмир ва бо асбобу ашёи мақбули кўдакон муҷаҳҳаз гардонда мешаванд.

- Аз суҳбат бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мегардид, ки таъмини чунин шароиту имкониятҳо ба хотири тарбияи кўдакон аз ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад ва ман итминон дорам, ки мурури солҳо бо ҷалби шарикони рушд ва соҳибкорони ватандўст теъдоди кўдакистонҳои зебову замонавӣ дар сартосари ҷумҳурӣ зиёд мегарданд. Ба фаъолият оғоз намудани намунаи беназири боғчаи бачагона самараи ташаббусҳои созандагӣ ба истиқболи арзанда аз ҷашнвораи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки ба тарбия ва ташаккули зеҳнии насли ояндаи Меҳан дар руҳияи арзишҳои муқаддас нигаронда шудааст, - изҳор намуд Гулдаста.
Муҳити зебоманзару толорҳои дилрабои боғчаи бачагона хаёлоти бинандаро ба олами орзуҳои ширини кўдакӣ мебарад, ки аз китобҳои рангоранги афсонаҳои муосир мутолаа кардаем. Шуруъ аз даромадгоҳи муассиса, ки шафати роҳравҳо бо гулбуттаҳои ғайриодӣ сарсабзу дилнишинанд, дигар ҳама синфхонаву ҳуҷраҳои тамрингашта ва хобгоҳи кўдакон аз якдигар зеботару нозанин менамоянд. Тавре зодмандони тифлакон иқрор меоянд, ҳанўз то чанд сол пеш ҳатто тасаввур намекарданд, ки рўзе фарзандони онҳо дар чуниндунёи афсонавӣ ва муҳити фараҳбахш ба тарбия фаро гирифта мешаванд.
Имрўз бонувони саодатёри ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хотири баҳрамандӣ аз чунин имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ фарзандонашонро аз шаҳраку рустоҳои дурдасти ноҳия ба ин ҷо меоранд. Новобаста аз он ки дар ноҳия 7 кўдакистон фаъолият дорад, талабот ба МД таълимии томактабии №8 зиёд аст. Чаро ки дар баробари фароҳам будани беҳтарин шароитҳо, ин гуна муҳити маънавӣ дар ташаккули ҳисси зебопарастиву ҷаҳонбинӣ, одоби муошират ва робитаҳои дўстонаи миёни кўдакон нақши муассир мегузорад, - изҳор дошт Гулдаста.
- Дар тарбиятгоҳ беҳтарин мураббияҳои дорои маҳорату салиқаи баланди касбӣ фаъолият доранд, ки бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ва машғулиятҳои шавқангез ба кўдакон ҳарфу забон ва қироати шеъру малакаи суханронӣ ёд медиҳанд. Олами рангоранги ҳуҷраву толорҳои барои машғулиятҳои фароғатӣ дар рушди зеҳнии кўдакон нақши созгор дошта, ҳамвора ба онҳо одоби муносибат бо бозичаҳо ва тарзи дурусти истифодаи қаламу ашёи таълимиро меомўзанд.
- Ҷавобан ба тадбирҳои Сарвари давлат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти рушду бунёдгузории муассисаҳои таълимии томактабии ҷавобгўи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва инкишофи барвақтии кўдакон, ки сармояи ояндаи миллат мебошанд, мо, мураббияҳо, бояд бо меҳру садоқат ба пешаи интихобкардаамон дар тарбияи насли оянда саҳми шоён хоҳем гузошт, - изҳор дошт Гулдаста Ҳайдарзода.
- Интизор меравад, ки баъди дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бобати таваҷҷуҳи дучанд ба таълиму тарбияи кўдакони то синни мактабӣ, ҳамакнун, сармоягузорону соҳибкорони ватандўсти ноҳия ҳам ҷиҳати рушди соҳаи таълими томактабӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Ба андешаи Гулдаста Ҳайдарзода, сол аз сол зиёд гардидани талабот ба муассисаҳои таълимии томактабӣ нишонаи болорафти сатҳи некуаҳволии мардум аст, ки имрўз сокинони деҳоти дурдаст низ фарзандонашонро ба кўдакистонҳои маркази ноҳия меоранд. Айни ҳол дар МД таълимии томактабии №8 дар 7 гурўҳи синну соли гуногун 150 кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Таҷрибаи соли аввали фаъолияти кўдакистонҳои муҷаҳҳаз бо беҳтарин ашёву лавозимоти таълимиву тамринӣ нишон медиҳад, ки дар радифи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти мамлакат, мебояд ҷиҳати омодасозии мутахассисони лаёқатманди самти тарбияи томактабӣ чораҳои мушаххас биандешид.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Мубодила:
Шарҳҳо












