Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Муҳаббати шогирд ба устод
Илм ва маорифПас аз марги падар, рўзе занги телефони мобилии қиблагоҳ, ки онро модар бо худ нигоҳ медошт, садо дод. Модар гўширо бардошта, лаҳзае пас аз суҳбати ғайриинтизор гирён шуд. Ба ёди ҳамсар талх гирист…
Баъд аз чанд рўз шогирди падар меҳмони хонадони устоди худ гардид. Бо ҳасрат аз замони донишҷўияш, ки бо мушкили зиёди молиявӣ рў ба рў шудаву он давра аз дастгириҳои муаллими худ Киромиддин Азизов баҳравар гардида буд, қисса кард. Мутаассиф аз он буд, ки замони дар қайди ҳаёт будани устод натавонист аз ҳолаш хабар бигирад ва миннатдории худро барои некиҳояш изҳор созад. Ў гунаҳкорона аз он мегирист, ки подоши он некиҳоро натавонист сари вақт баргардонад.
- Самимият ва муҳаббате, ки пас аз марги устод онро бо як эҳсоси ногуфтанӣ шогирд баён дошт, боиси интихоби пешаи омўзгориям шуд. Бахусус, омўзгорӣ, ки касби дўстдоштаи падари шодравонам буду устухони мо, фарзандон, бо нони ҳалоли муаллимӣ ба қавле «шах» гардидааст, ин ҳарфҳои шогирдаш меҳри маро ба касб афзуд. Тасмим гирифтам, то пайрави падар бошам, - мегўяд ҳамсуҳбатам.
Дилафрўз Азизова аз хурдӣ орзуи корманди ҳифзи ҳуқуқ шуданро дар гўшаи қалби кўчакаш мепарварид, вале даргузашти бармаҳали падар ва қиссаи шогирд боис шуд, ки дар интихоби пеша андешаҳояшро тағйир диҳад. Ў соли 2016 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанберо бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия супурд.
- Тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултаи навтаъсиси идоракунии технологияи иттилоотии Донишгоҳ шомил шудам. Вақте азм кардам, ки бояд аз пайи падар равам, ихтисоси физикаро интихоб кардам. Бо вуҷуди рў ба рў шудан ба ҳама мушкилиҳо аз роҳи интихобкардаам барнагаштам. Аз он ки раванди таҳсил дар Донишгоҳ бо забони русӣ буд ва ман бошам, мактабро бо забони тоҷикӣ хатм карда будам, дар омўзиши фанҳо ба душвориҳо дучор гардидам. Зарурати омўзиши иловагии забони русӣ пеш омад ва муддате аз таълими омўзгорони марказҳои омўзишӣ бархўрдор шудам, - мегўяд Дилафрўз.
Камбуди молиявӣ мушкили дигари хонаводагӣ буд, ки Дилафрўзро маҷбур сохт, то дар баробари таҳсил дар мағозаи маҳаллаашон заҳмат бикашад. Ў мегўяд, ки вақте инсон пеши худ ҳадаф мегузорад ва барои расидан ба он саъй меварзад, ҳатман ба мақсад мерасад.
Баъди хатми зинаи бакалавр барои боз ҳам такмил ёфтани дониши худ ҳуҷҷатҳояшро ба зинаи магистратураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ супурд.
- Дар синфи 8-ум мехондам, ки падарам аз дунё гузашт. Саробонии фарзандон ба дўши модар уфтод. Агарчи модар зани босаводу таҳсилдида аст, аслан умри худро сарфи тарбияи фарзандон намуд. Ҳамеша таъкид мекард, то хонему дар зиндагӣ муваффақ бошем. Бо роҳбаладии модар ва дастгирии устод Иззатулло Ғаниев, ки алҳол роҳбарии кори илмиамро ба дўш дорад, ба самти илм ва навоварӣ равонаам. Кори илмиам бо унвони «Хосияти физикавӣ-механикӣ ва химиявии хўлаи ноқили алюминий AIVO.1 бо элементҳои лантан, серий ва празеодим» дар арафаи анҷомёбист ва умед мебандам, ки дар ҳимояи он дастболо мешавам, - бо боварӣ иброз дошт ҳамсуҳбатам.
Фанҳои дақиқ шавқоваранд
Бо эълон шудани солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар кишвар барои азбаркунии илмҳои дақиқ шароити мусоид фароҳам омад. Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши созандаро мебозад. Ин иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти беназирест барои ояндаи Тоҷикистон чун маркази илмӣ ва инноватсионӣ.
Ба иқрори Дилафрўз тасмими омўзиш ва аз пайи пажўҳиши илмҳои дақиқ шудан барояш мушкилиҳоро пеш овард ва ҳатто дар андешаи тарки интихоби пеша ҳам шуд.
- Омўзиши фанҳои дақиқ аз нигоҳи аввал хеле душвор аст ва шояд чандон майл накардани ҷавонон ба омўзиши фанҳои дақиқ низ дар ҳамин бошад. Вале дар муқоиса ба солҳои пеш чунин ба назар мерасад, ки шароити фароҳамовардаиҲукумати кишвар дар ҳар мактабу донишгоҳҳо завқу ҳавасмандии насли имрўзро ба омўзиши фанҳои дақиқ бедор намудааст. Вақте хонанда дар шароити лабораторӣ аз таҷҳизоти корӣ истифода мебарад, шавқаш ба азхудкунии илм меафзояд. Амалия аз назария дида ҳамеша таъсирбахштар аст, - мегўяд Дилафрўз.
Алҳол, барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷўён нисбат ба илмҳои дақиқ роҳбарияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия имкониятҳои хуби омўзишӣ ва таҷрибавиро фароҳам овардааст. Бахусус, дар озмоишгоҳи факултаи физика таҷҳизоти санҷишӣ аз кишвари Россия ва Олмон ворид шудаанд, ки донишҷўён дар ҷараёни таълим ва корҳои амалӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин, таҷҳизоти ихтироънамудаи олимони ҷумҳурӣ низ мавриди коромўзии донишомўзон қарор дорад.
Тарғибгари арзишҳои миллӣ
Дилафрўз Азизова, дар баробари омодагӣ ба дифои рисолаи илмӣ, ҳамчунин, роҳбарии гурўҳи донишҷўён (куратор) ва бонувон, инчунин, мудирии лабораторияи факултаи физикаи Донишгоҳро ба уҳда дорад. Ў мегўяд, ки аз хурдӣ қобилияти ташкилотчигӣ дошту ин хислаташ аз чашми роҳбарият дур намонд ва имрўз ин масъулияти ҷиддиро ба ў вогузор намудаанд.
- Аксар бар он назаранд, ки дар Донишгоҳи мазкур ба арзишҳои миллӣ камтар аҳамият медиҳанд, вале тарғиби арзишҳои миллӣ ҳамеша дар мадди назар аст ва ҳар он чизе, ки ба урфу одати миллати тоҷик тавъам мебошад, муқаддас дониста мешавад. Аз миёни 1913 донишҷўдухтарон беш аз 40 нафар аз кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишҷўдухтарони хориҷӣ ба расму оин ва либоси миллии тоҷикон таваҷҷуҳи хоса дошта, дар ҷашну идҳои миллӣ онро ба бар мекунанд.
Ҳамчунин, ба меҳмонони хориҷӣ, ки ба Донишгоҳ ташриф меоранд, чун армуғон ва туҳфаҳои хотиравӣ барояшон намунаи либосҳои миллӣ ҳадия мешавад. Ин ҳам василаи хубест барои тарғиби арзишҳои миллӣ…
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО
Мубодила:
Шарҳҳо











