БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шаҳрзоде деҳпарвар

Илм ва маориф

Ҳазору як орзуҳои гарму зебо раҳнамои духтараки ширинрӯ ба фардои дурахшоне буданд, ки бо рангҳои равшан дар зеҳнаш шакл мегирифт. Мехост тамоми ҳунарҳои мавҷудро аз худ кардаву дар зиндагӣ пешгому номбардори авлод бошад. Бо баҳои аъло мехонду аз модари пурҳунар ва дояи ғамхор — ҳамон кампираки меҳрубони рустабор, ки Баба Люба мегуфтандаш, пухтану сохтан, бофтану дӯхтан меомӯхт.

 

Шавқи беандоза ба мактаб дошту солаш намерасид. Ба хотири нашикастани орзуи таҳсил ӯро дар шашсолагӣ ба мактаби мусиқӣ гузоштанд. Барои донишомӯзиву ҳунарварӣ тамоми шароити зарурӣ барояш мавҷуд буд.

Падар дар симои ҷигарбандаш табибро медиду махсусиятҳои касбро аз кӯдакӣ барояш ёд медод. Ӯ низ бо дили пур худро чун духтури наҷотбахш тасаввур мекард ва ба ниёзмандон ёрии аввалини тиббӣ мерасонд.Аммо чархи гардон бар муроди дили ӯ нагашт. Модари мушфиқаш бемор шуд. Бародару хоҳар донишҷӯ буданду чор хоҳараки дигар ҳанӯз хурдсол. Бемордорӣ ба зиммаи ӯ, ки аз кори табобат каму беш огоҳ буд, вогузор шуд. Аз баҳри донишҷӯӣ баромада, бо ҷону дил парастори модар гашту дар сари болини ӯ китобҳои бадеӣ мехонд. Мутолиаи зиёд меҳри суханро дар дилаш бедор сохт ва ба ин қарор омада, ки дар риштаи забон ва адабиёт таҳсил намояд.Соли 1986 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин супурд.

— Донишҷӯ шудан барои хонаводаи мо, ки ҳама соҳибмаълумоту соҳибтахассусанд, як амри табиӣ буд. Ман низ бо орзуҳои парвози баланду дур ва номбардори авлод будан донишҷӯ шудам, аммо на аз рӯйи хоҳиши падар. Соли аввали таҳсил ба охир расиду бехабар мондам, ки чӣ гуна сарнавишт дар як они воҳид парвози дуртарро бароям тарҳрезӣ намуд, — каме ба андеша фурӯ меравад омӯзгори варзида Бибиҳилол Боева ва бо табассуми розомез идома медиҳад, — гумон надоштам, ки ин парвоз то деҳи баландкӯҳи Такоби Варзоб бошад.

Ҷавони соҳибмаълумоту хушсавод аз рустои Такоб Бибиҳилолро хостгор шуду падар ба шарти идома додани таҳсил духтарашро ба шавҳар дод. Зиндагӣ дар баландкӯҳ барои арусаки нозпарвард дар аввал сахт душвор омад. Шаҳрзода, ҳарчанд корҳои хоҷагиро хуб медонист, аммо рӯзгор дар деҳа махсусиятҳои худро дошт.Ҳамсоязанҳои хайрхоҳ ба вай корҳои хоҷагӣ, чорводорию зироаткориро меомӯхтанду ӯ ба онҳо ҳунарҳои консервкунию пухтупази шириниҳои гуногун, шерозбофию дӯзандагиро ёд медод. Аз муҳраҳои «гарди хазина» гарданбанду гӯшвораҳои нозук сохта, ба духтаракони хешу табор ҳадия мекард.Духтаракони наврас чун парвона гирди аруси шаҳрӣ парубол мезаданд, аз нақлҳои аҷибаш дар бораи ҳаёти пойтахт, қаҳрамонони китобҳо, кампиракони рустабор ба ваҷд меомаданд. Бибиҳилол ҳамеша андармони коре буду бо ҳунарҳои нав ба нави худ ҳамаро ба ҳайрат мегузошт.Рафтору кирдор, муносибату муомилаи хуш ва фурӯтании ӯ ақидаи бонувони калонсоли деҳро дар бораи «духтаракони хондагии шаҳрӣ» куллан тағйир дода буд.

Модар шуду натавонист таҳсилро идома диҳад, аммо саводи хуб, ки дошт, дар китобхонаи деҳот ӯро ба кор гирифтанд.Бо пофишории падар билохира соли 1992 таҳсили бозмондаро дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор идома дод. Дили нозуки Ҳилолбӣ дар даврони даргириҳои шаҳрвандӣ бештар хун мехӯрд. Наметавонист зуд-зуд ба дидори зодмандонаш расад.Ронандаи ягонаи деҳаро, ки дар паси мошини борбар одамонро якҷо бо бору коло ва чорвояшон то Душанбе мерасонд, «Ҳасани аробакаш» унвон дода буд. Бо эҳтиром хурду калони деҳи Такоб ӯро «муаллимҷон» хитоб мекарданд. Агар ӯ ҳам дар сафи мусофирон бошад, занҳои дигарро аз хонавода иҷозати сафар медоданд, зеро медонистанд, ки Ҳилолбӣ роҳораҳ қиссаҳои ҷолиб нақл мекунаду амонатдори боваринок аст.

— Солҳои аввали оиладорӣ барои дар пойтахт зистан имконоти зиёд доштем. Падарам борҳо шароит фароҳам оварданд, то мо дар Душанбе зиндагӣ ихтиёр намоем, аммо шавҳарам нахостанд деҳро тарк созанд. Ман низ интихоби шавҳарро пазируфта, фаъолияти омӯзгориро соли 1995 дар мактаби №16-уми деҳаи Такоб оғоз кардам, — китоби сарнавиштро варақгардон мекунад омӯзгори пуртаҷриба.

Омӯзгори синфи ибтидоӣ маҳз бо ҳамин пешаи пуршараф ба деҳу мардуми хушатвори он дил баст. Волидон талош мекарданд, то ба фарзандонашон маҳз Бибиҳилол дарс гӯяд. Аз набудани омӯзгорон ҳам аз забони русӣ дарс мегуфту ҳам алифбои ниёгонро меомӯзонд.Дар ташкил кардани дарсҳои кушод, озмуну викторинаҳо маҳорати хос дошт. Аз ҳисоби маоши худ хонандагони болаёқатро бо абзори хонишу китобҳои бадеӣ ҳавасманд мекард ва ба иштирокчиёну ғолибони озмунҳои мактабӣ туҳфаҳои арзишманд мехарид.

— Бо мурури замон ҳамдеҳон маро дигар «аруси шаҳрӣ» намегуфтанд. Ман акнун барои хурду калон «муаллимҷон» будам. Ин унвон бароям ҳам ифтихор буду ҳам масъулият. Шогирдонам бо шавқи зиёд дарсҳояшонро мехонданд, зеро медонистанд, ки баъди муваффақиятҳо ҳатман туҳфаяке онҳоро интизор аст. Метавонам ба дили пур гӯям, ки омӯзгорӣ муҳимтарин василаи пайванди рӯҳу ҷони ман ба деҳи хушманзари Такоб шуд, – иброз медорад омӯзгор.

Бибиҳилол Боева аз зумраи он бонувони зиндагиофар ва омӯзгорони асил аст, ки ба шукри сулҳу истиқлол ва муҳаббати хос ба Ватан ҳастии худро фидои тарбияи насли наврас намуда, онҳоро ба роҳи шоистаи ватандорӣ раҳнамун месозад.

                                                                                                        Мафтуна ҚОСИМОВА,

                                                                                                               ноҳияи Варзоб

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон