Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мукофот аз аҳли кӯдакистон аст,- мегӯяд мураббия
Илм ва маорифУстод, омӯзгор, мураббӣ машъали фурӯзонанд, ба тинати мардум нуру сафо мебахшанд. Вай, барои он ки оламро рӯшан созад, худ як умр месӯзад. Ӯ офтобест, ки ҷаҳони маънавии инсонро нуронӣ мегардонад ва ӯро ба сӯи наҷот раҳнамун месозад. Беҳуда Арасту нагуфтааст: «Шогирдон дар назди устоди худ нисбат ба зодмандон бештар қарздоранд. Агар волидон онҳоро ба дунё оварда бошанд, устод дунёи эшонро рангин сохтааст».
Ин ҳақиқати қотеъ аст. Маҳз мураббиву омӯзгор барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушоянд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошанд. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад.
Тақозои вазифа ба кӯдакистони №19-и ноҳияи Ҷаббор Расулов омадам. Рӯзи корӣ оғоз ёфта, мураббиён ба машғулиятҳо шурӯъ намуда буданд. Хостам гирду атрофро давр занам. Чун аз роҳрав қадам мезадам, садои марғуладоре маро боздошт. Назди гурӯҳ-синфхона истода, гӯш додам. Садои кӯдакон бо овози мураббия ҳамҷӯр шуда, дар кушодани мавзӯи машғулият ҳамнаво буд.Мафтуни шеърхонӣ шуда, чи тавр дари гурӯҳ-синфхонаро во карданамро надониста мондам.
Бо лаҳни зебо мураббия Мавҷуда Ортиқова ба тарбиятгирандагон дар бораи фаслҳои сол маълумот дода, дар васфи зимистон, баҳор, тобистону тирамоҳ шеърҳо мехонд. Овози хуши мафтункунанда ва ҷаззобаш касро ба олами андешаҳо, ба сайри кӯҳу саҳро, ба олами афсонаҳо мебурд.Чун фаҳмид, ки дар таълимгоҳ меҳмонам, бо тавозӯъ салом дода, ба гурӯҳ даъват намуд. Ман низ хоҳон будам, ки соҳиби чунин овози хушро бубинам. Бо мақсади халал нарасондан ба машғулият оҳиста ба курсии қафо нишастам. Машғулият давом ёфт.Тарбиятгирандагон гӯшу ҳуш ба мураббия буданд. Яке аз коғазҳои ранга гулҳои баҳорӣ месохту дигаре манзараи зебоеро бо мӯқалам тасвир менамуд. Савумӣ аз пластилин суробе сохта, ба мураббия «ҳадия» карданӣ буд. Чаҳорумӣ бо лаҳни кӯдакона ва завқи баланд шеър мехонд.
Бону Мавҷуда, ҳамоне, ки ҳанӯз 30 сол қабл фаъолияти омӯзгориашро оғоз бахшида, дар байни ҳампешагон ҳамчун мураббияи хушкор шинохта шудааст, имрӯз тарбиятгари садҳо кӯдакон аст. Ҳанӯз аз солҳои нахустини корӣ маҳорату малакаи хуб нишон дода, байни ҳампешагон соҳибобрӯ гардид.Дар муддати кӯтоҳ бо кӯдакон унс гирифт, ба дунёи зеҳнии онҳо ворид шуд. Тавассути баргузор намудани машғулиятҳои муфид ва хушҳолиҳо дар қалби кӯдакон маъво ёфт.Дастурҳои методиаш бо унвонҳои «Рисолаи бозиҳои дидактикӣ», «Дастури методӣ барои машғулияти тарбияи ҷисмонӣ», «Намунаи бозиҳои кӯдакон», «Барномаи хушҳолӣ бахшида ба Иди Наврӯз»-ро аз чоп баровард.
Бо вуҷуди он ки машғулиятҳо ҳамеша пурмазмуну шавқовар мегузаштанд, мураббия ором нишаста наметавонист. Пайваста дар ҷустуҷӯ буд. Борҳо аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро сайқал медод.Мураббия аз он ки сиву ду сол ҳамроҳи кӯдакон лаззати заҳмат мечашад, шоду мамнун аст. Ин муддат ҳарчанд дар ҳукми таърих ҳеҷ аст, мардум ӯро ҳамчун мураббияи хушкору хушсалиқа ва чашмикордон мешиносанду ҳурматашро ба ҷо меоранд.Маҳз туфайли дӯстдории касб, кӯшишу талошҳои беинтиҳо, ғайрату заҳмати беандоза Мавҷуда Ортиқова тавонист дар замири тарбиятгирандагон мақом ёбад ва насли имрӯзро бо навгониву навовариҳои замони муосир ошно сохта, ба қуллаҳои баланди дониш ҳидоят бисозад…
— Агар шахс касбашро дӯст дорад, душворие пеш намеояд. Аз хурдӣ орзу мекардам, ки омӯзгор шуда, кӯдаконро тарбият диҳам. Шукр, ба орзуям расидам. Бо он мефахрам, ки дар ҳалқаи ёру дӯстон ва пайвандон фаъолият дорам. Онҳо маро ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекунанд.Хусусан, ҳангоме ки иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббияи сол» будам, вақте дар чорабиниҳои байниноҳиявӣ миёни кӯдакистонҳо иштирок ва сазовори ҷойи якум шудем, вақте ғолиби озмуни ноҳиявии «Шукуфаҳои истиқлол» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гардидем, ҳамаи ҳамкоронам дар паҳлуи ман буданд.Бо ҳам аёният сохтем, ба машғулиятҳо омодагӣ дидем. Ҳар мукофоте, ки то ин лаҳза ба даст овардам, ман ҷомеаи меҳнатии кӯдакистон аст ва бароям хушбахтие аз ин бузургтар нест, — мегӯяд Мавҷуда Ортиқова.
Г. МАҲКАМОВА,
ноҳияи Ҷаббор Расулов
Мубодила:
Шарҳҳо












