Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Оғози баҳор дар мизони кайҳон
Илм ва маорифМусоҳибаи хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Гулшан Ҷўразода бо номзади илмҳои физика-математика, ходими пешбари илмии Институти астрофизикаи АМИТ Фирўза Раҳматуллоева
- Чаро рўзу шаб айёми Наврўз баробар мешаванд?
- Замин, ба ҷуз он ки дар гирди меҳвари худ давр мезанад, инчунин, дар гирди Офтоб ҳаракат мекунад. Мо ин ҳаракатро мустақим эҳсос намекунем ва ба назари мо чунин менамояд, ки гўё Офтоб дар миёни осмони ситоразор ҷой иваз карда истодааст. Аммо, дар ҳақиқат бошад, Замин аз рўи мадори худ дар атрофи Офтоб давр мезанад ва мавқеи он дар ҳар яке аз 12 моҳи сол (365 рўз) тағйир меёбад.
Дар ҳаракати зоҳирии солонаи худ, Офтоб ду маротиба аз экватори осмонӣ мегузарад, яъне аз доирае, ки осмонро ба ду нимкураи баробар - шимолӣ ва ҷанубӣ ҷудо менамояд. Дар ин лаҳзаҳо Офтоб аз қутбҳои осмон дар масофаи баробар қарор мегирад. Дар фасли баҳор Офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва тирамоҳ баръакс, аз шимолӣ ба ҷанубӣ. Ин лаҳзаҳоро эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ мегўянд. Эътидол аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш баробарӣ, яъне баробаршавии шабу рўз аст.
Эътидоли баҳорӣ падидаи астрономист ва дар лаҳзае рух медиҳад, ки маркази диски Офтоб аз экватори осмонӣ мегузарад ва он ба таври зоҳирӣ дар болои экватори Замин қарор мегирад. Дар натиҷаи ин мавқеи геометрии Замин нисбат ба Офтоб, нурҳои офтобӣ ҳар ду нимкураи сайёраро тақрибан ба таври баробар равшан мекунанд. Аз ин рў, дар ин рўз давомнокии шабу рўз қариб баробар, тақрибан 12 соат барои ҳар кадом мушоҳида мегардад. Ин ҳолат натиҷаи ҳаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб ва майл доштани меҳвари он нисбат ба ҳамвори мадорӣ мебошад.
- Лаҳзаи дақиқи фаро расидани Наврўз яксон аст ё тағйир меёбад?
- Эътидоли баҳорӣ ҳеҷ гоҳ дар як рўз ва як соат ба таври доимӣ рух нахоҳад дод. Чунки лаҳзаи расидани Наврўз ба тақвим ва ба арзи ҷуғрофии макони зиндагии шумо вобаста аст. Сабаби ин он аст, ки ҳаракати зоҳирии Офтоб аз рўйи эклиптика якхела нест. Агар суръати миёнаи ҳаррўзаи ҳаракати Офтобро ба 360 дараҷа тақсим намоем, метавонем давомнокии гардиши пурраи Заминро дар атрофи Офтоб ҳисоб намоем. Яъне, тули як сол ивазшавии шабонарўзӣ 365¼ маротиба ба амал меояд.
Аз ин рў, ҳаракати миёнаи шабонарўзии Офтоб дар эклиптика тақрибан 1° дар як рўзро ташкил медиҳад, ки ба 365,25 (1 сол) баробар аст. Таҳқиқоти сабабҳои ин падида нишон медиҳанд, ки он аз он сабаб рух медиҳад, ки масири Замин дар атрофи Офтоб на даврашакл, балки эллипсӣ (байзашакл, монанди тухм) аст ва ин дар қонуни олими лаҳистонӣ Николай Кеплер (1571–1630) тавсиф шудааст.
Аз ин лиҳоз, лаҳзаи фаро расидани Наврўз ҳар сол ҳар гуна аст, ки дар он соли тақвимӣ бо соли астрономӣ комилан мувофиқат намекунад ва арзи ҷуғрофӣ дар ҳар минтақа гуногун аст.
Ин, ҳамчунин, нишон медиҳад, ки табиат ва ҳаракати осмонӣ ба таври дақиқ ҳамоҳанг нестанд ва ҳисоб кардани вақти дақиқи Наврўз талаботи мушоҳидавӣ ва ҳисобҳои дақиқи астрономиро талаб мекунад.
- Фарқияти соли тақвимӣ аз соли астрономӣ дар чист?
- Бале, соли астрономӣ вуҷуд дорад, ки танҳо аз рўи ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб муайян карда мешавад ва он аз соли тақвимие, ки дар ҳаёти ҳаррўзаи мо истифода мешавад, фарқ мекунад. Соли асосии астрономиро соли тропикӣ ё соли фаслҳои офтобӣ меноманд, ки бо тағйирёбии даврии фаслҳои сол алоқаманд аст.
Соли тропикӣ бо фосилаи байни ду гузариши пайдарпайи Офтоб аз як нуқтаи кураи осмонӣ, яъне аз фаро расидани нуқтаи эътидоли баҳорӣ (Наврўз) то эътидоли баҳории дигар. Давомнокии он тақрибан 365.2422 рўз ё 365 рўзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сония аст. Барои ҳамин лаҳзаи фаро расидани эътидоли баҳориро Наврўз мегўянд, чун аз ин пас рўзи нав сар мешавад ва баҳори астрономӣ ворид мегардад.
Соли тақвимӣ дар тақвимҳои григорианӣ ва юлианӣ дар солҳои умумӣ 365 рўз ва дар солҳои кабиса 366 рўзро ташкил медиҳад. Давомнокии миёнаи як сол дар тақвими юлианӣ 365,25 рўз ва дар тақвими григорианӣ 365,2425 рўзро ташкил медиҳад. Ин фарқият аз дақиқии соли тропикӣ вобаста аст. Тақвими юлианӣ, ки аз ҷониби Юлий Сезар, императори Рим, дар соли 46 пеш аз милод муаррифӣ шуда буд, аз соли тропикӣ каме болотар рафт, ки боиси тағйири тадриҷии санаҳои эътидоли баҳорӣ, тирамоҳӣ ва Офтоб гардид. Барои ислоҳи он, соли 1582, Папаи Рим Григорийи XIII ислоҳотеро ҷорӣ кард ва тақвими григорианиро таъсис дод, ки дарозии соли тропикиро дақиқтар инъикос мекард…
- Асари «Наврўзнома»-и Умари Хайём то чӣ андоза асари арзишноки илмӣ аст?
- Осори нодири ҳаким Умари Хайём, бахусус рисолаи маъруфи ў «Наврўзнома», на танҳо аҳамияти адабӣ, балки арзиши баланди илмӣ низ дорад. Дар ин асар сабаб ва заминаҳои таъсиси Наврўз бо такя ба донишҳои ситорашиносӣ ва мушоҳидаҳои дақиқи астрономӣ шарҳ дода мешаванд.
Умари Хайём масъалаи гардиши Офтобро аз назари илмӣ таҳлил намуда, ба хусусияти даврии ҳаракати он таваҷҷуҳ зоҳир месозад. Ў иқрор аст, ки ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб дорои низоми муайян буда, дар натиҷаи он Офтоб пас аз сесаду шасту панҷ рўз ва тақрибан чоряки рўз (яъне 365 рўз ва 6 соат) дубора ба дақиқаҳои аввали бурҷи Ҳамал бармегардад. Маҳз ҳамин лаҳзаи воридшавии Офтоб ба бурҷи Ҳамал оғози соли нави хуршедии ҳиҷрӣ ва Наврўзро муайян месозад.
Хайём, ҳамчунин, ба нозукиҳои ин гардиш ишора карда, қайд менамояд, ки дар натиҷаи фарқи миёни соли тақвимӣ ва соли ҳақиқии астрономӣ, ҳар сол андаке тағйирот ба вуҷуд меояд. Ин нукта аз дарки амиқи ў нисбат ба масъалаи солшуморӣ ва ислоҳи тақвим гувоҳӣ медиҳад. Чунин таҳлилҳо баъдан дар ислоҳи тақвими ҷалолӣ низ нақши муҳим бозиданд, ки он яке аз дақиқтарин низомҳои тақвимии замони худ ба шумор мерафт.
Ҳамин тавр, дар «Наврўзнома»- и Умари Хайём Наврўз на танҳо чун ҷашни суннатӣ, балки ҳамчун падидае, ки бар пояи қонунияти дақиқи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ асос ёфтааст, маънидод мешавад. Ин равиш бозгўи пайванди амиқи илму фарҳанг дар осори Умари Хайём аст.
- Назари Шумо дар хусуси андешаҳои наврўзии Абурайҳони Берунӣ…
- Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Берунӣ аз овони ҷавонӣ худро ба омўзиши илми нуҷум ва геодезия бахшидааст. Дар асари бунёдии худ «Ал-Осор албоқия» (»Ёдгориҳои наслҳои гузашта») низомҳои гуногуни солшумориро муфассал таҳлил намуда, давраҳои таърихиро шарҳ додааст ва барои гузариш аз як тақвим ба тақвими дигар тавсияҳои амалӣ пешниҳод менамояд. Масъалаҳои ченкунии вақт, муайян намудани воҳидҳои андоза, таҳияи низомҳои тақвимӣ ва интихоби оғози ҳисобкунии солҳо аз ҷониби ў бо амиқӣ ва дақиқияти баланди илмӣ баррасӣ шудаанд.
Берунӣ ба омўзиши кураи осмонӣ аҳамияти махсус додааст ва онро унсури муҳими сохтори коинот медонист. Дар осори ў робитаи амиқи падидаҳои астрономӣ бо ҳаракати Офтоб, Моҳ ва сайёраҳо равшан инъикос ёфтааст. Ў менавишт, ки ҳар як бурҷ номи хос ва рамзи худро дорад ва дар кураи осмон аз рўи эклиптика (даври кураи осмонӣ, ки аз рўйи он ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб сурат мегирад) тақрибан 30 дараҷа ҷой гирифтааст. Аз ин рў, Офтоб ҳар як бурҷи дувоздаҳгонаро тақрибан дар давоми як моҳ тай мекунад. Осори нодири Берунӣ то имрўз арзиши илмӣ ва далелнокии худро нигоҳ дошта, саҳми барҷаста дар рушди илми ҷаҳонӣ ба шумор меравад…
Мубодила:
Шарҳҳо











