БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тулуи хуршед дар осмони Вахш

Иҷтимоъ

Ҳар нафаре аз насли калонсол хотироти мағшуше аз овони даргириҳои солҳои 90-уми асри ХХ-ро дар хотир дорад, хосса онҳое, ки дар маркази хуруҷи низоъҳо мезистанду пайомади нохуши ҷанги таҳмилиро дида, самари талху заҳрогини онро чашидаанд.

Ҳилолмо Қосимова, собиқадори меҳнат ва собиқ муовини раиси ноҳияи Вахш, айёми хушу гуворои ҷавониро дар Кумитаи комсомоли ноҳия ҳамчун котиби сеюм ва баъдан ҳамчун мушовири калони Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия сипарӣ мекард, ки овони шӯру шавқи ҷавониву фаъолияти сермаҳсулаш бо гузашти начандон вақт гӯё яку якбора ба коми нестӣ фурӯ рафт. Нобасомонӣ, авҷи маҳалгароӣ, зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву радикалии динӣ доираи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии наврасону ҷавонони вақтро танг карда, бо фишору таҳдидҳо ба таназзули онҳо сари кор гирифтанд. Байни мардум нофаҳмиҳо сар зад ва ҷавонони ҳанӯз нопухта раҳ сӯйи пушти сангарҳо ниҳоданд.

Бону Ҳилолмо дар ёд дорад, ки ҷавонон миёни худ баҳсҳои зиёд карда, ба масъалаҳои сиёсӣ дахолат менамуданд ва ҳеҷ андешае аз оқибатҳои фоҷиабори он надоштанд.

   Мо, ҷавонони он овон, аз ҷанг бӯйе набурда, аз оқибати он намеандешидем. Қиблагоҳам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 буданд ва медонистанд, ки ҷанг чӣ пайомаду фоҷиаҳо дорад. Ба кӯча мебаромаду ҷавононро насиҳат мекард, ки фарзандонам, шумо ҷангро надидаед ва намедонед, ки чӣ даҳшате ба сари мардум меорад. Мо дар он ҷанг медонистем бар зидди кӣ дар набардем. Оқибати ҷанг хонахаробӣ, куштору сӯхтор, ғоратгариву бесарусомониву гуруснагист. Ташвишу изтироби бузурге дошт падар, ки шабу рӯз хобу хӯрро фаромӯш кард, - ироа намуд бону Ҳилолмо.

Аз фаъолият дур, дар радифи падар, ӯ низ ҷавононро ба сулҳу ваҳдат талқин мекард. Аммо, вақте бори нахуст аз сӯйи совхози Вахш ҳуҷум оғоз шуду ҷавонони зиёде кушта ва захмӣ гаштанд, аз ноҳияҳои дигар ҷавонон даррасиданду паҳлуи ҷавонони ноҳия хостанд бо мухолифон муросо намоянду пеши роҳи хунрезӣ гиранд, лек онҳо низ сари сабзи ҷавониро ба болини хокӣ ниҳоданд.

 

  Хабари кушта шудани ҷавонони зиёдро шунида, ба боғи фарҳангию фароғатии ноҳия роҳ гирифтем. Ҷавонони зиёде бо ҳама зебоию назокати ҷавонӣ ба хоку хун оғушта, миёни майдон мехобиданд. Ин аввалин зарбаи равонӣ ба ҷавонони он давр буд. Аз он рӯз баъд ҷавонони зиёде бе ному нишон мегаштанд ва чанде пас ҷисми беҷони онҳо пайдо мешуд. Фиғону нолаҳои ҷонкоҳи модарону хоҳарон гӯши фалакро кар мекарданд. Мухолифон ноҳияро аз чанд ҷониб муҳосира намуданд, ки дар натиҷа мардум азоби гуруснагӣ диданд. Вазъи тоқатфарсои наздикону пайвандонро дида, як гурӯҳ ҷавонони ноҳия барои овардани озуқаворӣ сӯйи ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) раҳ гирифтанд ва бо ҳамин бенишон гаштанд. Қариб як моҳ пас аз кушта шудани онҳо дар роҳ дарак ёфтанду ҷасадҳояшонро ба зодгоҳ оварданд. Тасвири он рӯзҳои даҳшатбор бағоят душвор аст. Саҳар хеста, хаёламон, ки болои ноҳияи Вахшро абри сиёҳе пӯшидааст, ҳар рӯз хабари нохуше мешунидем, ки фалониро куштаанд. Ин диёр мотамсароеро мемонд, ки мардумонаш шабу рӯз дар таҳлукаву изтироб буданд. Ҷанг чунин хосияте доштааст, ки ду-се рӯз обу нон ба даҳон намекардем ҳам, аз гуруснагӣ намеандешидем, - ёд овард муаллима аз он овон.

 

Вақте ба деҳоти Ваҳдат ҳуҷуми мухолифон сурат гирифт, Ҳилолмои ҷавон бо пайвандон ба минтақаи Кӯлоб фирор намуд. Хориаш омад, вақте дид, ки як лаби нонро мардум ба ҳам мехӯрданду чизеро аз онҳо дареғ намедоранд ва ҷавонони захмиро табобату парасторӣ менамоянд.

 Бо андаке беҳ шудани вазъ ба зодгоҳ баргашта, дар шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ва баъдан ҳамчун муовини раиси ноҳия ба кор пардохт. Солҳои вазнини фақру гуруснагӣ ӯро дар пеш буд. Бонувон аксҳои ҳамсару ҷигарбандон дар бағал, ба майдони «Фотеҳон»-и ноҳия меомаданд ва фиғону гиреви шаҳидони ғӯрамарг мекарданд. Қисме пушти дари Ҳукумати ноҳия омада, бо шеван лаби ноне барои фарзандону ятимон мехостанд, ки чанд рӯз боз бо азоби гуруснагӣ даст ба гиребонанд. Аз роҳбарони колхозу совхозҳо хоҳиш менамуданд, ки ба азоби мардум расидагӣ кунанд ва онҳо аз зироату полизиҳо ҳарчи доштанд, ба мардум ёрӣ мерасонданд.

Ёд дорам, ки аввалин сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ аз ноҳияи Вахш оғоз гардид. Вақте ин навид ба гӯши мардум расид, шодиву фараҳи онҳоро ҳадду канор набуд. Хаёлам, ки офтоб аз паси абрҳои сиёҳ баромада, ноҳияро мунаввар сохт. Кӯчаҳо лабрези мардум гашт ва модарони солдида ҳар кадоме мехост Сарвари давлатро модарвор ба оғӯш гиранду дасташ фишуранд. Дар симои Роҳбари хеш такягоҳ, пуштибонро дида, умед ба фардои нек намуданд. «Ӯ фиристодаи Худо аст», - мегуфтанд онҳо. Президенти муҳтарам аввал ятимони мактаб-интернатро аёдат ва ҳар кадоми онҳоро ба оғӯш гирифта, гуфтанд, ки аз ин пас падари ҳар кадоми шумо манам. Мардум ба зиндагӣ дилгарм шуданду ба қавле фӯтаҳоро мустаҳкам баста, аз пайи ободӣ шуданд, - афзуд бону Ҳилолмо.

Ҳилолмо Қосимова дар барқарорсозии сулҳу субот, баргардондани гурезаҳо, ободонии муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва манзилҳои мардум, пойдории оилаҳои ҷавон ва ғайра корҳои назаррас анҷом дода, муддате дар вазифаи муовини раиси шаҳраки Вахш заҳмат кашид. Баъдан, тули 7 сол дар ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод» ҳамчун муовини директор ва сипас, бо даъвати собиқ раиси ноҳия сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Вахш ифои вазифа намуд. Оиладор, соҳиби се писару як духтар аст, ки ҳама соҳибмаълумотанд ва дар ниҳодҳои гуногуни мамлакат заҳмат мекашанд. Ҳоло, агарчи айёми бознишастагӣ меронад, ҳамчун собиқадори меҳнат дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад. Барои хизматҳои шоён соли 2005 бо медали Хизмати шоиста қадр шуд.

Ӯ, ки ҳини муовини раиси ноҳия буданаш, бо нолаву шевани занони бахтгумкарда, модарони ҷигарбандонро зери хоккарда ҳамовоз шуда, нолаи фарзандони миллат мекард, ҳалқаи об ба дидагон дар фарҷоми суҳбат гуфт:

Ваҳдат неъмати бебаҳост, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик оварданд. Чанд соли умри падару модарони моро маҳз ҷангу хунрезӣ кам кард, зеро зиёд азоби руҳӣ диданд. Аз ҷавонони имрӯз зиёд хоҳиш дорам, ки аз хатои ҷавонони он давр сабақ гиранду ба ифроту иғво роҳ надиҳанд. Ба гуфтаҳои калонсолон сарсарӣ нанигаранд, ободиву ваҳдати имрӯзро мисли ҷони азиз ҳифз кунанд ва фаромӯш насозанд, ки амнияту гулгулшукуфоии Тоҷикистон осон ба даст наомадаасту Пешвои муаззами миллат сарзамини ба хуни миллат оғуштаро бар ивази ҷони ҷавони хеш аз нав эҳё ва ҷони дубора бахшиданд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта ва пешоҳанг аст ва шунидани қандвожаи «Тоҷикистон, ба пеш!» аз ҳар гӯшаву канори олам садо дода, мардумонашро ба ҳам меорад, то аз як гиребон сар бароранду ба ҳам дӯсту иттифоқ ва меҳрубон бошанд.

 Ситора АШӮРОВА,

Душанбе – Вахш – Душанбе

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 4)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон