БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қуллаи муроди Муҳаббат

Иҷтимоъ

Суҳбат бо ин зани дар зоҳиру ботин зебову саршори меҳру муҳаббат, ки давоми умри бобаракату пурсамар пастиву баландиҳои ҳаётро пушти сар кардааст, пандомез аст. Андешаҳояш аз инсондӯстиву адолатпарвариаш шаҳодат медиҳанд. Дар оғоз таъкид дошт, ки бо гузашти сол ҳар лаҳзаи умр арзиши таърихӣ мегирад. Саҳфаҳои зиндагӣ чун оина пурҷилоянд. Ёд дорам, - мегӯяд ӯ,- дар давоми фаъолияти меҳнатиам дар соҳаи бонкдорӣ ду маротиба пул иваз шуд. Ҳолатҳое буданд, ки дар анбори нигаҳдорӣ шаб­ро рӯз мекардем, халтаҳои пул болину бистар мегардиданд. Дар хона кӯдакон интизор буданд. Лаҳзаҳое ҳам кам набуданд, ки онҳо дилтанг мешуданд, меранҷиданд. Аммо, бо баробари хастагиву ошуфтагӣ ва ташвиши зиёд, босабру ором будам. Ин гуна лаҳзаҳо чун абри тира меомаданду гузашта мерафтанд ва офтоби зиндагӣ боз медурахшид.

Ана ҳамин гуна пайваста бо кор ҷавониро то давлати пирӣ расонд. Ҳоло дар иҳотаи фарзандони дилбанду набераву аберагон зиндагии осудаву хушу хуррамона дорад.

Аз таҷрибаи рӯзгор мегӯям, ки сарват, чизу чора назди хушбахтии хонаводагии инсон ҳеҷанд. Танҳо меҳр, муҳаббат пайвандгари қалбҳо буда метавонанд. Аз он қаноатманду сарфарозам, ки дар рӯзгор бо гуфтаи падару модар амал кардам, тарбияи хуби оиларо гирифтам ва ба ин рӯзҳои пурсаодат расидам, - иброз медорад Муҳаббат Раҳматова, - яке аз собиқадорону мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдории кишвар, ки ҳоло аз баҳори ҳаштодуми умри пурсамараш накҳат мечашад.

Муждаи умед

   Оташи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қалби ҳазорон падарону модаронро сӯзонда буд. Ҳама бо умед интизори муждаи зафар буданд. Дар ин айёми душвору ҳамзамон шарафмандиҳо 25-уми сентябри соли 1944 Муҳаббат ба олами ҳастӣ чашм кушоду гӯё муҳаббат овард. Пас аз як сол гули ғалаба ҳам шукуфт. Шуълаи муҳаббат равшангари хонадон гардид. Ба бахти некаш падараш аз ҷанг сиҳату саломат баргашт. Хурсандиву шодмонии аҳли хонавода ҳадду канор надошт.

Муҳаббат дар оила меҳри аввал буд. Муҳити созгори оилавӣ буд, ки аз айёми хурдӣ хислатҳои оромтабиативу пурбардорӣ ва ростгӯиву ростқавлӣ дар замираш решапайванд гардиданд. Ҳамеша аз рӯйи гуфти зодмандонаш амал мекард. Падараш корманди савдо буду бо ҳалолкориву хизмати арзанда дар шаҳр эҳтиром дошт. Заҳматҳои ӯ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардид. Муҳаббат хост пайрави падар бошад. Бо ин ният соли 1959 Техникуми кооперативии шаҳри Ленинободро бо ихтисоси муҳосиби савдо бомуваффақият хатм намуд. Ҳамзамон, дар бонки давлатии шаҳри Ленинобод фаъолият карда, таҳсилро ғоибона дар Институти давлатии кооперативии шаҳри Самарқанд идома дод. Соли 1966 соҳиби ихтисоси дуюм - иқтисодчӣ-муҳосиб гардид.

 Пайроҳаи хизмати шоиста

Пас аз гирифтани дониши мукаммалу таҷрибаи ғанӣ Муҳаббат Раҳматова фаъолияташро дар бахши шаҳрии Бонки давлатии СССР идома бахшид. Ҳамчун хазинадор, муҳосиб, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиб кор бурда, барои пешрафти фаъолияти ин коргоҳи муҳими давлатӣ саҳми худро гузошт.

Аз он ки табиатан закиву покизакор, донишманду пурдон буду бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифа даст мезад, соли 1974 роҳбари Бонки давлатии шаҳри Ленинобод таъин намуданд. Муҳаббат Раҳматова аз ҷумлаи аввалин заноне буд, ки вазифаи баланду пурмасъулияти роҳбарӣ насибаш гардид. Бо ҳамкасбону ҳамкорон муносибати одилонаву оқилона дошт. Ҳамеша ба дарду мушкилоти онҳо гӯш медод, мекӯшид мадад­расонашон бошаду мушкилашон осон гардад. Ана ҳамин гуна амали неку шоистааш буд, ки на танҳо дар муассиса, балки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамчун мутахассиси кордону роҳбари пухтакори соҳаи бонкдорӣ эътирофу соҳибэҳтиром гашт.

 

 Соҳибэҳтиром

Бо гузашти солҳову тақозои замон бонкҳои нав тавлид ёфтанд. Талабот ба мутахассисони асил афзуд. Муҳаббат Раҳматова солҳои 1987–1991 роҳбари бахши вилоятии «Жилсотсбонк»-ро ба зимма дошт. Баъдан, аз соли 1991 то 1999 директори генералии Бонки саҳомию тиҷоратии «Тоҷикбонкбизнес» дар вилояти Суғд буд. Аз соли 2000-ум ҳамчун муовини аввали раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» бо истифодаи таҷрибаи бисёрсолаву малакаву маҳорати баландаш барои рушду нумӯи бонк саҳм гирифт. Соли 2009 ҶДММ ТАҚХ «Арғун» - ро созмон дода, то соли 2016 раисии Шурои онро ба зимма гирифт. Ҳамин тавр, Муҳаббат Раҳматова наздик 45 соли айёми беҳтарини умрашро дар амали пурмасъулияти бонкдорӣ сипарӣ намуд.

Бо фаъолияти пурсамари бисёрсола дар соҳаи муҳими бонкдорӣ Муҳаббат Раҳматова тавонист дар пешрафт ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми шоиста гузорад. Дар тарбияи ҷавонон фаъол аст. Аз беҳтарин мураббиёни мутахассисони ҷавон дар соҳаи бонкдорӣ эътироф шуда, борҳо вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб шудааст ва ҳоло ҳам ҳамчун собиқадори меҳнат дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзад.

 

Заҳматҳояш бо ифтихорномаву туҳфаҳои пур­арзиши соҳавӣ, аз ҷумла бо ордени Нишони фахрӣ, медали Собиқадори меҳнат, нишони ифтихории Аълочии бонки давлатӣ сарфароз гардида, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар оинаи зиндагӣ

Муҳаббат Раҳматова бо меҳнати ҳалол, кордониву некамалӣ, донишу малакаи мукаммал аз чанд имтиҳонҳои ҷиддии зиндагиву рӯзгор гузашт. Худро хушбахт меҳисобад, ки ҳамчун зан-модар, роҳбар дар рушди бонкдории кишвар саҳм дорад. Беш аз 25 сол рисолати роҳбариро бо сари баланд анҷом дод.

Муҳаббат Раҳматова ҳамеша ба пайвандон мегӯяд, ки ба қадри умр, ин неъмати пурарзиштарин бирасанд ва ҳамеша некбину некамал бошанд. Бо касбу кори шоиста дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд…

Муслима РАҲИМОВА,

вилояти Суғд

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон