Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Содироти мол орзуи ҳар соҳибкор
ИҷтимоъРушди босуръати иқтисоди миллӣ, таъмин гардидани аҳолӣ бо шуғли доимӣ, афзоиши даромади буҷети давлатӣ ва ниҳоят, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии сокинони кишвар марбут ба соҳаи саноат мебошад. Ин аст, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид ва он ҳам маҳз ба хотири тақвият бахшидан ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар буд. Саноатчиёну соҳибкорони ватанӣ бо хушнудӣ ин иқдомро пазируфта, тасмим гирифтаанд, то дар ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ баҳри истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони коргоҳҳои хурду миёнаро ба роҳ монанд. Аксари коргоҳҳои истеҳсолӣ чун истеҳсолкунанда ва моливазкунандаи маҳсулоти хориҷӣ фаъолият дошта, дар бозорҳои дохили кишвар мавқеи хос пайдо намудаанд.
Зимни сафари корӣ ба хотири шиносоӣ бо фаъолияти саноатчиёни шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз коргоҳҳои хурду миёнаи минтақаи саноатии он дидан намудем. Соли 2015 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳр дар масоҳати 6,9 гектар минтақаи саноатӣ таъсис дода шуд ва ба 13 соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ қитъаи замин ҷудо гардид. Алҳол, дар ин минтақаи саноатӣ 8 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, корҳои сохтмонӣ дар 3 корхонаи дигар идома доранд.
То кунун дар шаҳри Бохтар 56 коргоҳи хурду миёнаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо беш аз 1300 нафар шаҳрванд ба шуғли доимӣ ҷалб гардида, маошашон то 4000 сомониро ташкил медиҳад.
— Дар коргоҳҳои истеҳсолии шаҳр 105 номгӯи маҳсулоти саноати сабук истеҳсол мегардад. Самти фаъолияти корхонаҳо гуногун буда, дар 11 коргоҳ истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, дар 21 адади дигари он истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин, самти фаъолияти 2 коргоҳ ба коркарди пахта, 12 коргоҳ ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 10 коргоҳи дигар ба истеҳсоли маҳсулоти чӯбин, маводи шустушӯйӣ, трансформаторҳо, дучарха ва обҳои нӯшоии рангаи газнок ва бегаз равона гардидааст.
Дар ҳамин давраи ҳисоботӣ маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 124,8 млн сомониро ташкил дода, афзоиш ба 126,1 фоиз баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 млн сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Умринисо Толибова, мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги МИМҲД-и шаҳри Бохтар.
Солҳои охир бо ворид ва ҷорӣ намудани кор бо технологияҳои наву замонавӣ сифати маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳҳо баланд гардида, дар як қатор корхонаҳои саноатӣ рушди истеҳсолот то 3 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, кор бо мутахассисони соҳа дар самти маркетинг ва маркетолог дар пайдо намудани харидорони молу маҳсулот ва тезондани фурӯши маҳсулот дар бозори дохилӣ натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.

— Тибқи нақшаи тартибдода дар доираи 5-солаи рушди соҳаи саноат то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебоист дар шаҳри Бохтар 17 коргоҳи истеҳсолӣ бунёд ёбад, ки алҳол 16 корхона мавриди истифода қарор дошта, корҳои сохтмонӣ дар 4 корхонаи дигар босуръат дар ҷараёнанд.
Дар шаҳри Бохтар ба хотири истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳр, рушди неруи инсонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд, — иброз медорад бону Умринисо.
Соҳибкорони маҳаллӣ аз ин дастгириҳо рӯҳбаланд гашта, бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳҳои худ дар озмунҳо ширкат варзида, бо туҳфаю ҷоизаҳо сазовор шуданд. Чанде пеш ҶДММ «Бохтар шифер» ва ҶСК «Комбинати хӯрокворӣ» бо пешкаш намудани маҳсулоти хушсифат ҳамчун «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Сол аз сол дар шаҳри Бохтар сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ гуногун (диверсификатсия) гардида, истеҳсоли ҳасиб, яхмос, обҳои ташнагишикан, шарбати мева, дӯзандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, истеҳсоли дучарха, ҷӯроб, гӯгирд, маҳсулоти макаронӣ, сақич, шифер ва лӯлаҳои азбестӣ, ҳалқаҳои бетонӣ, коркарди писта, бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшти мурғ, қуттиҳои картонӣ аз зумраи маҳсулоти истеҳсолкунандагони шаҳри Бохтар мебошанд.

ҶДММ «Расули Валӣ» аз соли 2021 фаъолият дошта, масоҳати он дар 1 гектар замин доман густурдааст. Коргарони маҳаллӣ дар 5 коргоҳи хурд ба истеҳсоли гӯгирд, сақич, собун, маҳсулоти макаронӣ ва намудҳои гуногуни кулчақанд шуғл доранд.
— Мутахассисони корхона асосан аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Аз 45 нафар корманд аксар бонувон буда, онҳо бо се вақт хӯроки гарм ва маоши хуб таъмин мебошанд. Ҳамчунин, ба хотири ба кор даровардани таҷҳизоти аз хориҷ воридшуда ҳамкориҳои қавӣ бо мутахассисони кишварҳои Покистон, Чин ва Эронро низ роҳандозӣ намудаем.
Дар дастрасии бархе аз ашёи хом, аз қабили ранг, маводи хушбӯйкунанда, шакар, олтингӯгирд ва калийхлорид низ ҳамкоронамон аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ба мо ёрӣ мерасонанд, — мегӯяд Азизҷон Олимов, роҳбари корхонаи ҶДММ «Расули Валӣ».
Бо мавқеъ пайдо кардан дар бозори дохилӣ раёсати корхона дар оянда бар он талош дорад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ бо тамғаи молии (бренди) худ дар бозорҳои хориҷи кишвар мақом ёбад.
ҶДММ «Сомони Расул» аз соли 2020 ба истеҳсоли дучарха ва маҳсулоти нассоҷӣ сарукор дошта, аксари қисмҳои эҳтиётӣ, ки 60 дарсадро ташкил медиҳад, дар коргоҳ истеҳсол мешавад. Дучарха дар асоси фармоиши муштариён, ҷӯроб тибқи шартномаи басташудаи коргоҳ бо Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ истеҳсол мегарданд.
— Алҳол, бо мушкили хурд будани масоҳати коргоҳ имкони бо кори доимӣ ҷалб намудани корҷӯёнро надорем. Коргоҳ ҳамагӣ дар 30 садяк замин ҷойгир аст, ки ин барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолот хеле масоҳати хурд мебошад.
Талабот ба дучархаҳои истеҳсолнамуда рӯзафзун аст ва агарчи коргоҳ соле бо иқтидори то 10 ҳазор дучарха ба фурӯш мебарорад, ҳанӯз ҳам талаботи фармоишгарону истифодабарандагони намудҳои нақлиёти ёрирасон афзоянда мебошад. Омӯзиши бозори дохилӣ собит сохт, ки дар як сол ба беш аз 150 ҳазор дучарха талабот ҳаст, — меафзояд ҳамсуҳбатам.
Ҳамчунин, роҳбарияти коргоҳ тасмим дорад, то дар оянда сохтани аробачаҳои маъюбӣ, скутерҳои барқӣ, сечархаҳо ва аробаи боркашии барқиро низ роҳандозӣ намояд.
— Ҳадафи мо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолоти коргоҳ мебошад. Ба хотири ҷалби сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ чунин коргоҳҳоро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд намуда, воридоти дучархаву сечарха ва дигар нақлиёти ёрирасонро аз хориҷи кишвар бо сифати баланди истеҳсолоти худ иваз намоем. Содироти мол орзуи ҳар соҳибкор аст ва тавонем, ки дар амалӣ шудани ин мақсади худ муваффақ бошем, — мегӯяд роҳбари ширкат Расул Соҳибназаров.
Қутбия Неъматулло
Душанбе – Бохтар – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











