Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Созандагӣ мароми бунёдгарон
ИҷтимоъМилоди ӯ замоне ба вуқуъ пайваст, ки мавзуи мақому манзалати зан-модаронро танҳо аз абёту ашъори адибон метавонистанд пайдо кард, дар ҳаёт низ ҳузури бонувон дар мансабҳои роҳбарикунанда ангуштшумор буд. Дар корҳои мардона занони номбардори миллат ба мисоли Низорамоҳ Зарифова доштем, ки мардум бо умеди ояндаи нек тифлони навзодро ба ифтихори онҳо ном мегузоштанд. Ба ҳамин орзуву ормонҳои нек падари бузургвор меҳмони дудмонашро ба исму насаби бонуи сиёсатмадор Низорамоҳ ном мегирифт.
Ба шафоати ном ва ҳам шинохти шахсияти маъруфи кишвар, ки самбул (намод)- и худшиносиву озодманишии бонувони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, Низорамоҳи сонӣ дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ҳувияти миллӣ тарбия мегирифу ба воя мерасид. Баҳори интизориҳои насли замони варо ғубори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт, ки баъди хатми мактаби миёна як соли дигар имтиҳони хонашиниро паси сар карда, пасон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд.
-Бо ҳама шавқу ангезаҳои зиндагӣ, ки зодмандонам орзуи ходими давлатӣ буданро дар замирам парварда буданд, бе ҳикмат набудааст, ки фаъолияти меҳнатиро аз МТМУ №68 - уми зодгоҳам, имрӯза ноҳияи Кӯшониён оғоз бахшидам,- табассумомез риштаи суҳбатро кушод Низорамоҳ Зарифӣ. – Аз соли 1998 дар зинаҳои мудири шуъбаи маънавиёти МИМҲД ноҳияи Кӯшониён, пас он, сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон таҷрибаи сиёсиву роҳбарӣ андӯхта, соли 2004 муовини раиси ноҳияи Вахш оид ба масъалаҳои идеология ва иҷтимоиёт таъин гардидам. Баъди анҷоми давраи роҳбарӣ чанде дар сарраёсати Агентии шуғли аҳолии вилояти Хатлон кор карда, солҳои 2012–2024 дар доираи лоиҳаҳои самти дастгириву мусоидат ба рушду тавоноии бонувон дар созмонҳои байналмилалии хайриявӣ фаъолият намудам. Аз он ба баъд, то имрӯз, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ мебошам.
Оғози фаъолияти ӯ дар ин ҷода, ба марафони корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад, ки дар баробари рушду бунёдгузории корхонаву муассисаҳои маъмуриву фарҳангӣ, инчунин, аксари бинову иншооти соҳаҳои иҷтимоии ноҳияи Дӯстӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, барои кору фараҳмандии сокинон шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.
Ба гуфтаи Низорамоҳ, дар радифи сохтмону азнавсозии иншооти хидматрасонӣ, кунун ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Тибқи нақшачорабиниҳои омодагӣ ба Ҷашни фархунда бунёди 181 иншоот ва дар асоси иқдомҳои иловагӣ, 86 тарҳи азнавсозӣ, ҷамъ, сохтмони 267 бинову иншооти хидматрасонӣ пешбинӣ гардида буд. То 30-юми апрели соли ҷорӣ 266 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд. Дар доираи ташаббусҳои созандагӣ ба хотири рушди Тоҷикистон ва беҳбудии рӯзгори мардум, хосса барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, роҳу пулҳо таъмиру навсозӣ ва кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангиву сайёҳӣ сарсабзу зебо мегарданд. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 75 адад дар соҳаи маориф, аз ҷумла 71 синфхонаи иловагӣ, 2 муассисаи таълимӣ ва 2 бинои иловагии таълимӣ амалӣ гардидааст. Инчунин, дар ин давра дар шаҳраку деҳоти ноҳия 20 лоиҳаи сохтмонӣ, аз ин 7 маркази саломатӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, 2 таваллудхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 4 дорухона мавриди истифода қарор гирифтанд.
-Дар баробари бунёду муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо асбобу ашёи хониш, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим, як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудаанд. Таъсиси Квотаи Президенти Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонони болаёқати минтақаҳои дурдасти кишвар, пайваста зиёд кардани музди маоши омӯзгорон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим аз иқдомҳое мебошанд, ки ба рушди сармояи инсонӣ, ҷалби бештари ҷавондухтарон ба таҳсилоти олӣ ва фаъолгардонии онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарӣ такон мебахшанд,- иброз медорад муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Низорамоҳ Зарифӣ.
Шуруъ аз соли 1997 – ум танҳо аз ноҳияи Дӯстӣ зиёда аз 450 нафар ҷавонони болаёқат тариқи Квотаи Президенти Тоҷикистон дар муассисаҳои олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, имсол 26 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи Квотаи Президенти Тоҷикистон ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шуд. Имрӯз дар ноҳия 3 муассисаи томактабӣ арзи вуҷуд дорад, ки ин дар қиёс ба нуфуси аҳолӣ қонеъкунанда нест. Биноан, бо дарназардошти раванди рушду тараққиёти деҳот ва руҷуи бонувони хонашин ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, ки талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро афзудааст, солҳои оянда дар шаҳраку деҳкадаҳои ноҳия сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст.
Ба иқрори Низорамоҳ Зарифӣ, дар радифи фароҳам овардани беҳтарин шароити таълиму тарбия, хидматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва таъмини воситаҳои фарҳангиву фароғатӣ, ҳамчунин, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳадафҳои меҳварии созандагони Ватан мебошад, ки ба бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ иқдом гирифтаанд. Тибқи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми панҷ соли охир дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ 23 корхонаи саноатӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди орд, равған, пахта, истеҳсоли собун, хишти сабук, бетон, шифер, коргоҳҳои қаннодӣ, коркарди меваю сабзавот бунёд ёфтанд. Дар ин давра ободгарони ноҳия бо таъмири роҳҳои маҳаллӣ, кашидани хатти оби нӯшоӣ ва чароғонсозии роҳҳои ҳудуди ноҳия, дар татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ҷамолиддини УСМОН,
ноҳияи Дӯстӣ
Мубодила:
Шарҳҳо










