БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Он ҷо, ки одамон кӯҳро  мемонанд

Иҷтимоъ / Слайдер

Роҳе, ки ба баландӣ мебарад

Офтоб аз пушти қаторкӯҳҳои Зарафшон оҳиста-оҳиста сар мебардошту рӯди кӯҳӣ, ки шабу рӯз оромӣ надошт, мисли ҳамеша ба самти ҳазорсолаҳои худ мешитофт. Шаҳраки Айнӣ тадриҷан аз хоби саҳаргоҳӣ чашм мекушод. Дӯконҳо яке паси дигар дар мекушоданд. Чанд мусофир дар истгоҳи нақлиёт, ҳар кас роҳи худро дошт, мо бошем, роҳи Кӯҳистони Мастчоҳро пеш гирифтем… 


Роҳ аз миёни дараҳои танг мегузашт. Аз як тараф деворҳои азими сангӣ, аз ҷониби дигар хурӯши рӯди Зарафшон. Дар баъзе мавзеъҳо роҳ чунон танг мешуд, ки нохудогоҳ нафасро дар сина нигоҳ медоштӣ. Ронандаи мо Ҷамшед ором буд.


— Медонед, бештари одамон аз вазнинии роҳи Мастчоҳ ҳарф мезананд, вале ин роҳ моро ба сӯи зиндагӣ мебарад. Бо ҳамин роҳ ҷавонон ба донишгоҳ мераванд, деҳқон ҳосилашро ба бозорҳо мебарад, беморро ба беморхона мерасонанд. Барои дигарон ин роҳ масофа бошад, барои мо зиндагист, — гуфт ронанда сукутро шикаста.


Назарам ба майдонҳои сабзи картошка афтод. Ҷамшед нигоҳи маро пай бурд.


— Ана ҳамин аст, нону рӯзии мардуми кӯҳистон.


— Картошка?


— Бале. Мастчоҳро беҳуда ватани «нони дуюм» намегӯянд. Аз ҳамин замин ҳазорҳо оила рӯзӣ меёбад…


Ронанда мошинро назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нигоҳ дошт.


Аввалин бонуе, ки қарор буд аз ин мардум қисса кунад, зане буд, ки роҳи зиндагияш аз синфхонаи як мактаби деҳот оғоз ёфта, имрӯз ба яке аз масъултарин вазифаҳои сатҳи ноҳиявӣ расида — Гулҷаҳон Вазирова аст…


Зане, ки матонат аз кӯҳ омӯхт

Дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фазои корӣ ҳукмфармо буд. Касе бо муроҷиати шаҳрвандон машғул, касе дар бораи омодагӣ ба чорабиниҳои навбатӣ суҳбат мекард. Дар паси ин ҳама, зиндагии ҳаррӯзаи як ноҳияи баландкӯҳ ҷараён дошт.

Гулҷаҳон Вазирова дар деҳаи Пастиғави Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик, дар хонадони омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш аз фанни ҷуғрофия дарс мегуфт, модараш низ омӯзгор буд. Баъдтар модар ба хизмати давлатӣ гузашта, солҳои зиёд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ва сипас сардори шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ буд.

— Агар падарам омӯзгор намебуд, ман роҳи дигареро интихоб мекардам, — мегӯяд ӯ. — Аммо муҳити хона моро ба илму маърифат мебурд.

Соли 1995-ум факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм ва фаъолияти меҳнатиашро аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 оғоз менамояд. Се сол баъд роҳбарии ҳамин муассисаро ба ӯ бовар карданд.

Сездаҳ соли роҳбарии муассисаи таълимӣ барои ӯ мактаби зиндагӣ гардид. Соли 2009 ҳамчун муовини раиси Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик фаъолиятро идома дод. Аз соли 2015 муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст.

Дар дафтари кории ӯ нақшаҳо, ҳисобот ва омор кам нестанд, аммо вақте аз дастовардҳои даврони истиқлол пурсидем, нахуст аз рақамҳо ҳарф назад.

— Солҳои пеш барои ноҳия ҳамагӣ нуҳ квотаи Президент ҷудо мешуд. Имрӯз чордаҳ квота дорем ва ҳамаи онҳоро духтарон соҳиб шуданд. Ин маънои онро дорад, ки фардо духтур, омӯзгор, муҳандис ва роҳбарони нав аз миёни духтарони кӯҳистон ба воя мерасанд.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ имрӯз 38 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Дар онҳо 6261 хонанда таҳсил мекунад. Аз ин шумор 2979 нафар духтарон мебошанд. Ба онҳо 634 омӯзгор, аз ҷумла 124 бону таълим медиҳад. Аз ин миён 580 нафар дорои маълумоти олӣ буда, дигарон таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.

Пешрафт танҳо дар маориф нест

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, ба 25,6 миллион сомонӣ расид. Ҳаҷми сармоягузорӣ низ зиёд гардида, корҳои сохтмонӣ бо суръати бештар идома доранд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2026–2030 аз 149 лоиҳа иборат буда, аллакай қисме аз онҳо амалӣ шудаанд.

Баробар бо пешрафтҳо Гулҷаҳон Вазирова аз мушкилот низ ҳарф мезанад.

— Роҳ барои ноҳияи мо ҳамеша масъалаи муҳим мемонад. Ҷойҳои нави корӣ низ бештар лозиманд, то ҷавонон маҷбур нашаванд барои дарёфти ризқу рӯзӣ аз зодгоҳ дур раванд.

Одамоне, ки баланд зиндагӣ мекунанд

Дар деҳаи Падрох моро табиби собиқадор Манзура Мирзоҷонова пешвоз гирифт. Ором ҳарф мезад. Дар нигоҳи ӯ таҷрибаи чандинсолаи кор дар кӯҳистон эҳсос мешуд.

— Табиб будан дар шаҳр як масъулият аст, аммо дар кӯҳистон масъулияти дигар, — мегӯяд ӯ. — Ин ҷо ҳар беморро на танҳо бо дору, балки бо меҳрубонӣ ҳам бояд табобат кард.

Имрӯз дар Кӯҳистони Мастчоҳ як беморхонаи марказӣ, ҳамчунин чор шуъбаи беморхона дар Пастиѓав, Мадрушкат, Сабағ ва Роғ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, як маркази саломатӣ, панҷ маркази саломатии деҳот ва дувоздаҳ бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд.

— Имрӯз сокинон ба хидмати тиббӣ нисбат ба солҳои пеш бештар дастрасӣ доранд, — мегӯяд Манзура Мирзоҷонова. — Аммо ҳанӯз ҳам норасоии кадрҳо ва таъмирталаб будани баъзе муассисаҳои тиббӣ аз масъалаҳои асосии соҳа мебошанд.

Алҳол дар ноҳия 21 табиб ва 92 корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.

Манзура Мирзоҷонова, ки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз рӯйи квотаи Президент аст, бо ифтихор мегӯяд:

— Агар он имконият намебуд, шояд имрӯз ман ҳам табиб намешудам. Барои духтарони кӯҳистон квота танҳо имтиёз нест, роҳи васеъ ба зиндагии нав аст.

Синфхонае, ки дар он орзуҳо парвоз мекунанд

Аз Падрох ба Пастиғав мерасем. Дар саҳни мактаб садои кӯдакон ба фазо мепечид. Дар ҳамин ҷо бо омӯзгори ҷавон Мутриба Миракова ҳамсуҳбат мешавем. Ҳамагӣ 35 сол дорад, вале таҷрибаи кофии омӯзгорӣ андӯхтааст. Ӯ низ бо квотаи Президент таҳсил кардааст.

— Ман ҳам духтари кӯҳистон ҳастам, — мегӯяд ӯ. — Замоне орзу доштам омӯзгор шавам. Ҳар субҳ ба синфхона ворид шуда, дар чашмони шогирдон орзуҳои худро мебинам. Мо бояд кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кунем.

Ватани «нони дуюм»

Роҳи мо ба деҳаи Ҳадишаҳр идома ёфт. Дар канори замини васеи картошка марди офтобхӯрдае моро истиқбол гирифт. Ӯ Мирзомаҳаммад Мирзоев, деҳқони соҳибтаҷриба аст. Аз замин як каф хок бардошта, изҳор дошт:

— Ин хок, агар дӯсташ дорӣ, туро ноумед намекунад.

       Сипас, ба киштзор ишора кард ва гуфт:

— Солҳои пеш ин замин бештар барои хӯроки чорво истифода мешуданд. Имрӯз бошад, картошка ризқи ҳазорҳо оиларо таъмин мекунад.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия қариб 3930 гектар картошка кишт шудааст.

— Агар анборҳои замонавии нигоҳдории картошка бештар сохта шаванд, ҳам деҳқон бурд мекунад, ҳам истеъмолкунанда, — афзуд амаки Мирзомаҳаммад.

Орзуҳое, ки аз кӯҳ баландтаранд

Шоми ҳамон рӯз дар маркази ноҳия бо донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Умеда Ашурзода вохӯрдем. Ӯ дар факултаи филологияи тоҷик таҳсил мекунад. Суханони боэътимодаш аз ояндаи равшан дарак медоданд.

— Имрӯз мо, духтарони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, худро танҳо эҳсос намекунем. Ҳар сол даҳҳо нафар тибқи квотаи Президент шомили донишгоҳҳои кишвар мешаванд.

Мепурсам:

— Пас аз хатми Донишгоҳ куҷо меравед?

— Ба зодгоҳам, — мегӯяд ӯ.

— Чаро?

— Чунки дар кӯҳистон ба воя расидам. Агар мо барнагардем, кӣ бармегардад?

Ҷавоби кӯтоҳ, вале пурмаъно.

Имрӯз танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд зиёда аз 200 донишҷӯй аз Кӯҳистони Мастчоҳ таҳсил дорад. Аз онҳо 50 нафар духтар буда, 33 нафараш тибқи квотаи Президент дониш меомӯзанд.

Он шом, ҳангоми бозгашт, суханони ронандаамон Ҷамшед боз ба ёдам омаданд:— Роҳ барои дигарон масофа бошад, барои мо зиндагист.

Акнун маънии ин ҷумла бароям равшан буд. Дар кӯҳистон роҳ на танҳо деҳаҳо, балки сарнавиштҳоро мепайвандад. Сарнавишти табиберо, ки шабҳоро сари болини бемор мегузаронад. Омӯзгореро, ки бо донишӯ меҳр фардои миллатро месозад. Деҳқонеро, ки аз миёни сангу кӯҳ нон мерӯёнад. Духтареро, ки барои донишандӯзӣ аз пушти кӯҳҳо ба шаҳр меравад,…

Далер САФАР,

Душанбе — Кӯҳистони Мастчоҳ — Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон