БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз Чорсӯ то қуллаҳои камолот

Иҷтимоъ

Ҳар сарзамин фарзандони худро бо рӯҳу фарҳанги хоси худ тарбия мекунад. Агар муҳити зиндагӣ саршор аз меҳру муҳаббат, маърифат, заҳматдӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад, он гоҳ дар оғӯши он шахсиятҳое ба камол мерасанд, ки бо фаъолияти созандаашон барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ҷамоати шаҳраки Чорсӯи ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи чунин маконҳост. Ин гӯшаи зебоманзари кӯҳистон бо табиати дилфиреб, мардуми заҳматпеша ва фазои маърифатпарвараш ҳамеша ҳамчун диёри инсонҳои ватандӯсту масъулиятшинос шинохта мешавад. Маҳз ҳамин муҳит барои ташаккули шахсияти Маҳбуба Боронова заминаи устувор гузоштааст.  

Ӯ дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ дар фазое ба воя расид, ки эҳтиром ба илму дониш, меҳнати ҳалол ва ахлоқи ҳамида ҷойгоҳи махсус дошт. Падараш омӯзгориро на танҳо касб, балки рисолати зиндагӣ меҳисобид. Модар бо меҳрубонӣ ва ғамхории отифона шаш духтар ва як писарро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуд. Ҳама соҳиби маълумоти олӣ шуд, ҳар кадом роҳи хешро дар ҷомеа пайдо кард. Ҳамин тавр, шаҳраки Чорсӯ нахустин мактаби зиндагии Маҳбуба ҳисоб меёбад.


Муҳити оила ва эҳтироме, ки нисбат ба омӯзгор вуҷуд дошт, Маҳбубаро низ ба интихоби ҳамин касби пуршараф раҳнамун сохт. Соли 2005 фаъолияти омӯзгории худро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 оғоз намуда, бо муҳаббат ба таълиму тарбия машғул гардид.


Агар омӯзгор танҳо дониш диҳад, вале инсони комил тарбия карда натавонад, рисолати худро анҷом дода наметавонад. Аз ҳамин хотир, ҳамеша мекӯшидам, ки дар баробари дарс, дар қалби хонандагон ҳисси ватанпарварӣ, масъулиятшиносӣ ва инсондӯстиро бедор намоям, – мегӯяд Маҳбуба Боронова.


Дар баробари омӯзгорӣ вазифаи ташкилотчии корҳои тарбиявӣ ва роҳбари созмони хонандагонро низ ба уҳда дошт. Бо мурури замон ӯ фаъолияти касбии худро дар муассисаи таҳсилоти олӣ идома дода, аввал ҳамчун мудири кабинет ва баъдан дар бахши назорати сифати таҳсил фаъолият намуд.


Маълумоти олиро аз рӯи ихтисоси таърих ва ҳуқуқ гирифт. Ба андешаи ӯ, омӯзиши таърих инсонро ба худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ раҳнамо месозад. Ӯ эътиқод дорад, ки миллате, ки гузаштаи худро мешиносад, ояндаи худро бо масъулияти бештар месозад.


– Мансаб даргузар аст, аммо номи нек ва хидмати софдилона ҳамеша боқӣ мемонанд. Агар омӯзгор масъулиятшинос бошад, шогирд донишманд мешавад, агар роҳбар одил бошад, муҳити корӣ солим мемонад ва, агар ҳар шаҳрванд вазифаи худро бо сидқ иҷро кунад, ҷомеа низ пеш меравад, – мегӯяд ӯ.


Имрӯз Маҳбуба Боронова, сарфи назар аз таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорӣ, худро ҳамоно омӯзандаи зиндагӣ медонад. Ӯ мутоларо ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёт меҳисобад ва ҳамеша ҷавононро ба донишомӯзӣ, худшиносӣ ва хидмати содиқона ба Ватан ҳидоят мекунад. Ба андешаи ӯ, пешрафти ҳар маҳал аз фаъолияти софдилонаи ҳар сокини он оғоз меёбад. Шояд маҳз ҳамин ҷаҳонбинӣ бошад, ки ӯ ҳамеша бо ифтихор аз зодгоҳаш ёд мекунад.


Имрӯз дар Ҷамоати шаҳраки Чорсӯ, ки тӯли ду сол аст роҳбарии онро бар уҳда дорад, беш аз 16 ҳазор сокин зиндагии осоишта дорад. Барои ҳифзи саломатии онҳо беморхонаи марказӣ ва бунгоҳи тиббӣ хидмат мерасонанд. Дар самти маориф бошад, панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи томактабӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Шаҳрак аз 20 кӯча иборат буда, ҳама тозаву ободанд.


Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон пайваста чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ доир мешаванд. Сокинон дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ободонии маҳал, кабудизоркунӣ ва тозагии муҳити зист иштироки фаъолона доранд, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо ва ворид шудан ба ҳавлии Ҷамоат ба назар мерасанд.


Бо чунин ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҷомеа боз ҳам таҳким меёбад. Занон, махсусан ҷавондухтарон, дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ нақши муассир доранд. Ин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори маҳал заминаи мусоид фароҳам меоранд. Маҳз ҳамдилӣ, заҳмати софдилона ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ боис шуда, ки Ҷамоати шаҳраки Чорсӯ сол аз сол ободу зебо мегардад. Имрӯз сокинони шаҳрак бо рӯҳияи созанда ва эътимод ба фардо дар роҳи рушди маҳал ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳм мегузоранд.


Айни замон дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ бо маром идома дошта, сокинон барои боз ҳам ободу зебо гардондани маҳали зисти худ саҳм мегиранд. Ин пешрафтҳо барои Маҳбуба Боронова низ мояи ифтихор аст, зеро ӯ бар он бовар аст, ки ободии Ватан аз ободии деҳа, маҳалла ва деҳоту шаҳрак оғоз меёбад.


Қиссаи зиндагии ӯ ва симои имрӯзаи Ҷамоати шаҳраки Чорсӯ ба ҳам тавъаманд. Агар муҳити солими ин бахши диёр ӯро ҳамчун инсони ватандӯсту масъулиятшинос тарбия карда бошад, имрӯз ӯ бо дониш, таҷриба ва фаъолияти содиқонаи худ дар тарбияи насли нав ва рушди ҷомеа саҳм мегузорад. Ин аст рисолати инсонҳое, ки зиндагии худро ба хидмати мардум бахшидаанд…


Гулшан ҶӮРАЗОДА,

Душанбе – Муъминобод – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон