Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз эътимоди мардум то масъулияти роҳбарӣ
Иҷтимоъ / СлайдерСамараи тадбирҳои андешидашуда дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлоли давлатии кишвар арзёбӣ мегардад, ки Тоҷикистонро ба унвони кишвари адолатпарвар ва арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ дар арсаи олам муаррифӣ менамояд. Гузори 27 соли татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» сол аз сол ҳузури бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзудан дорад.
Дар баробари масъулиятҳои бузургу сарбориҳои рӯзмарра ва раванди босуръати корҳои бузурги ободониву созандагӣ дар маҳалҳо, пешбурди фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар навоҳии дурдаст, аз ҳар нафари дар зинаҳои роҳбарикунанда, пеш аз ҳама, донишҳои сиёсиву ҷомеашиносӣ, салиқаи роҳбариву ҳамкорӣ бо ҷомеа, хосса сабуриву иродаи матинро тақозо менамояд.Ҷамоати шаҳраки Туси ноҳияи Шаҳритус аз лиҳози сарзамини бостонӣ, нуфуси аҳолӣ ва таъриху фарҳанги қадимаи сокинон ва вижагиҳои иқтисодиву заминаҳои ояндасозӣ, аз муҳимтарин марказҳои маъмурии навоҳии вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Роҳбарии Ҷамоати шаҳраки Тусро як тан аз дастпарварони лаёқатманди аҳди истиқлол, бонуи соҳибмаърифат Холзода Лутфия Хушбахт ба зимма дорад, ки бо фаъолияти ибратомӯз дар зинаҳои роҳбарӣ, миёни сокинон ва фаъолону зиёиёни ноҳия соҳибэҳтиром аст.
Лутфия аз овони фаъолият дар вазифаҳои муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва пас аз он, раиси Ҷамоати деҳоти Обшорон бо масъулиятшиносиву ғайрати корбарӣ, хушгуфториву хислатҳои солеҳона эътимоду маҳбубияти мардумро ба даст овард. Дар сафи пешоҳангон иҷро намудани нақшаҳои истеҳсолӣ, ҷараёни корҳои ободониву фаъолгардонии нақши хонавода дар маросимҳои сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар дастовардҳои идорӣ, аз малакаҳои роҳбарии бонуи хушсалиқа дарак медод, ки ҳастии худро баҳри рушду пешрафт ва ободонии ноҳия бахшида буд.
— Барои фарде, ки садоқат ба халқу Меҳанро маънии зиндагӣ мегуморад, ҳамин эътирофи сода ва маҳбубияти мардум кофист, ки ба гоҳи дидору суҳбатҳои сарироҳӣ аз корҳои хайру ҳарфи хуберо, ки аз мо шунидаанд, ба самимият ёдовар мешаванд, — риштаи суҳбатро мекушояд Лутфия.
— Ҳама муваффақияту некбахтиҳои мо дар зиндагӣ аз муҳити хонавода сарчашма мегиранд, ки зодмандони маърифатпарвар моро дар рӯҳияи инсондӯстиву қаноатпешагӣ, поктинативу ҳисси баланди ватандӯстӣ ба воя расондаанд. Саъю талошҳои модари хушсалиқаам дар омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва ҷиддияти падари омӯзгорам дар таълиму тарбияи маънавии фарзандон буд, ки гузори рӯзгорон ҳар яки мо мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кардем.
Холзода Лутфия Хушбахт дар шаҳри Левакант ба дунё омада, дар панҷсолагии ӯ аҳли оилаашон ба Кӯлобшаҳри бостонӣ кӯчиданд. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, аз соли 1998-ум фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори МТМУ №21-и шаҳри Кӯлоб оғоз бинмуд. Дасти сарнавишт, ба гоҳи гузариши хизматии ҳамсафари ҳаётиаш, ки афсари Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ буд, Лутфия солиён дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ ихтиёр кард.
— Баъди ҳафт соли омӯзгорӣ фаъолиятро дар шаҳри Бохтар ба симати методисти Муассисаи таҳсилоти томактабии №29-и шаҳри Бохтар идома бахшидам. Соли 2007-ум ҳамсарам барои идомаи хизмат ба ноҳияи Қубодиён сафарбар гардиду ман низ аз он ба баъд, ҳамчун коргузори комиссариати ҳарбии ин ноҳия ба фаъолият пардохтам. Солҳои 2008–2012 сардори зершаъбаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав ва сониян, як соли дигар мудири бахши бойгонии МИМҲД ноҳияи Шаҳритус шуда кор кардам, — қисса намуд Лутфия.
— Собиқаи хизматиамро дар ҷодаҳои гуногун, аз ҷумла самти таълиму тарбияи насли наврас ба инобат гирифта, соли 2013-ум маро муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Шаритус таъин намуданд. Бо ҳама таҷрибаи дар зинаҳои роҳбарӣ андӯхтаам, пешбурди соҳаҳои иҷтимоӣ ва маънавиёт бароям мактаби омӯзиши афкори мардум ва малакаи ҳамкорӣ бо ҷомеа гардид. Дар ҳамин марҳалаи худсозиву обутоб дар зинаҳои роҳбарӣ, итминон ҳосил кардам, ки бузургтарин дастовард дар фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ин маҳбубият ва эътимоди мардумро ба даст овардан аст.
Замони пешбарӣ гардидан ба вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Обшорон, ончунон худбовар набуд, ки аз иҷрои ин масъулият баромада метавонад. Аммо аз хушбиниҳои раиси вақти ноҳияи Шаҳритус Исмоилзода Абдуҳалим Абдулазиз дар мавриди фаъолияти назаррасу зарфиятҳои фардии худ рӯҳияи тоза гирифт. Тӯли чаҳор соли роҳбарии Лутфия деҳоти мазкур аз лиҳози нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои нақшаҳои истеҳсоливу ҳам корҳои ободонӣ дар сафи пешоҳангон қарор дошт.
Эътимод ба донишӯ тавонмандиҳо ва бо муҳаббату садоқати бузург ба Ватан кору зиндагӣ кардан буд, ки бонуи мардумписанд дар баробари масъулиятҳои роҳбарӣ се навбат вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардид. Дар ин миён солҳои 2020–2023 мудири боғчаи бачагонаи №1-и ноҳияи Шаҳритус ва аз он ба баъд то имрӯз раиси Ҷамоати шаҳраки Туси ноҳияи Шаҳритус мебошад.
Ба андешаи Лутфия бонувони ноҳияи Шаҳритус аз ҳама қишри фаъоли ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар пешбурди соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва бахши соҳибкориву тиҷоратӣ аксариятро ташкил медиҳанд. Нуфуси аҳолии маркази маъмурии ноҳия — Ҷамоати шаҳраки Тус ба 18 ҳазору 703 нафар расида, имрӯз дар 4 бозор, 1 клиникаи хусусӣ, беморхонаи марказӣ, 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 5 тарабхона, 66 ошхонаву марказҳои маишӣ-хизматрасонӣ, 3 мактаби миёна, Коллеҷи тиббии хусусӣ,Литсейи касбии техникӣ, Литсейи хонандагони болаёқат, Коллеҷи омӯзгорӣ, Мактаб-интернати ҳудуди он аксаран занону духтарони соҳибтахассус фаъолият доранд.
— Як далели боло рафтани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ин коҳиш ёфтани шумори шаҳрвандоне мебошад, ки солҳои қабл бо мақсади дастрасӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ ба МИМҲД муроҷиат менамуданд. Аз сӯи дигар, ба шарофати ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷавондухтарон ба таҳсилоти оливу касбӣ ва иштироки фаъоли бонувон дар корҳои ҷамъиятиву вазифаҳои роҳбарикунанда, сол аз сол баҳсу муноқишаҳои оилавӣ, ҳодисаҳои хушунат нисбат ба занон ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеа коҳиш ёфта истодаанд, — мегӯяд раиси Ҷамоати шаҳраки Туси ноҳияи Шаҳритус Лутфия Холзода.
— Давоми ду панҷсолаи рӯ ба рушду ободонии деҳот овардани роҳбарияти олии мамлакат, ки дар радифи корҳои бузурги созандагиву бунёдгузории корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ҳамзамон, ҷиҳати рушди инфрасохтори маҳалҳо тадбирҳои муассир андешида мешаванд, дар пешбурди фаъолияти ҷамоатҳо бартарии бонувон баръало мушоҳида мегардад. Аз сӯи дигар, пешбарии бонувони соҳибмаърифату лаёқатманд дар зинаҳои идоракунии маҳал на танҳо татбиқи сиёсати давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, балки омили ҳамкориҳои зичи мақомоти маҳаллӣ бо мардум, тақвият бахшидани ташаббусҳои созандагӣ ва кафолати рушди устувори шаҳраку деҳот мебошад. Чаро ки бонувон табиатан бо масъулиятшиносӣ, сабру таҳаммулпазирӣ ва муносибати самимӣ бо аҳолӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои иҷтимоиву оилавӣ дар ҳалли мушкилоти рӯзмарраи мардум, тарбияи насли наврас, дастгирии ташаббусҳои занону ҷавонон ва рушду ободонии маҳал, нақшу саҳми бештар гузошта метавонанд, — меафзояд Лутфия Холзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Шаҳритус
Мубодила:
Шарҳҳо










