Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бо ин ду кас миннат ва ҳазлу шӯхӣ магузоред!
ИҷтимоъХурда гирад ноҷавон бар дастпухти модараш,
Ширҳои хурда хомашро фаромӯш мекунад.
Миннат ба ҳама кас дар оини мо рад шудааст ва аз рӯйи ҷавонмардиву одамгарӣ шумурда намешавад. Бо вуҷуди накуҳиши пайдарпай, ин хислати носазо ҳанӯз ҳам ҷараён дорад. Аз ҳама аламнок, миннати хидмати падару модар аст, ки кам-кам «расм» мешавад. Миннате, ки ба падару модар гузошта мешавад, на танҳо қобили пазируфтан нест, балки асли ноодамиву ноинсофист.
Солҳои пеш аз расм ин набуда, ки хидмати кӯчаки дар ҳаққи падару модар кардаро фарзанд дар ин ё он даврае ёд кунад, ҳатто ҳарфе аз он ба миён биёрад. Мабодо дар ин бора чизе гуфт, пирони рӯзгордида сахт танбеҳ медоданд.
Аммо вақтҳои охир, дареғо, ки як зумра мардони ғофил бо кайфият ва ифтихори тамом нақл мекунанд, ки чӣ гуна ба падар ё модараш некӣ кардаанд. Чанде пеш дар даврае будем, ки марде мегуфт: «Модарамро барои истироҳат ба «Баҳористон» бурдам. Борҳо ба «Шоҳамбарӣ» бурда бошам ҳам, якумин бор ба «Баҳористон» фиристодам»…
Марди бовиқори пулмасте фахрфурӯшӣ мекард: «Модарамро ба бозори либос бурдам. Гуфтам, ки ҳар чи дилат хост, бигир. Аз ҳисоби писарат».
Дигаре мегуфт: «Барои ҷарроҳии падарам пули зиёде рафт. Ба ҳар ҳол, ҷонашро харидем. Мана, сиҳат-саломат гаштааст…».
Яки дигар бо мароқ нақл мекард: «Падарам баъди модар танҳо шуд. Барояш зани нав гирифта додем. Ҳарчанд дар аввал намехоҳам гуфт, аммо ҳоло мебинем, бо ҳамсараш тифоқу ҳамдам»…
Дигаре кафк аз даҳонаш мерафт: «Барои падару модар як хонаи алоҳида сохтам. Бо ҳама шароит. Гуфтам, хӯрда гардед, аз давлати мо - фарзандонатон».
Ин ҳама на ифтихор асту на ҷойи шодмонӣ, на ҳазлу зарофат асту на ҷиддият, балки миннати маҳз аст. Дар ҳоле ки панди шайх Саъдиро фаромӯш кардаем:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид!
Вақте якшаба ранҷи модар бо ду ҷаҳон баробар нест, чаро гӯем, ки барои он олигуҳар чизе харидам, ба ҷойе бурдам, табобат кардам, хона сохтам?!
Ин одати зишт бояд аз табиати мо рӯфта шавад. Набояд хубии ночизи ба модару падар расида вирди забонҳо шаваду нуқли маҳфилҳо. Нависандаи бузурги ҷаҳонӣ Шарлотта Бронте навишта: «Раҳму ғамхории баъзе аз инсонҳо бадтар аз таҳқир аст, чун миннат ҳам дорад». Ё ҷойи дигар адиби испанӣ Балтасар Гарсиан гуфтааст: «Ҳатто илтифот таҳқиркунанда аст, агар бар он таъкид мешавад».
Масали машҳури «Некӣ куну ба дарё андоз!» дар ин масъалаи ҳассос сад дарсад сидқ меёбад ва на танҳо бояд некиҳои ба волидон карда ёд нашавад, балки аз хотираи парвардагони домони поки онҳо пурра фаромӯш гардад.
Се сол пеш аз ин, вақте аз масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунидем, ки вақтҳои охир шикояти фарзандон аз болои падару модар ҳам мушоҳида мешавад, фиғонамон ба фалак печид. Тасаввур кунед, писаре ояду бигӯяд, ки модарам намегузорад, то ман бо ҳамсарам осуда зиндагӣ ба сар барам. Ҷанҷолу хархаша ва ҷангҷӯиҳои модар ба дилам задааст.
Ё худ чанд наворе, ки аз хонаи пиронсолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, касро дар тааҷҷуб мегузорад. Аз нақли пирамардону пиразанҳо маълум мешавад, ки фарзандони сангиндил бе ҳеч узру баҳонаи кироӣ, бе сабабу омилҳои ҷиддӣ падару модарашонро ба хонаи пиронсолон овардаанд. Сабаб яктост: дилтангиву бевиҷдонӣ ва ташнагии ваҳшиёна ба айшу ишрати дунёӣ ва танҳохӯриву танҳозистӣ.
Беҳуда намегуфтаанд: «Падар тани танҳо 10 фарзандро мехӯронаду мепӯшонад, аммо 10 писар гоҳе падари пирашонро нигоҳубин карда наметавонанд».
Яке аз занони солори хонаи пиронсолон нақл кард, ки писари ман «одами калон», боз дар ягон ҷо аз ману аз сарнавишти ман барнома насозед, мақола нанависед, ки «ба бачам гап расад».
Ҳазл обат зи рух фурӯ резад,
В-аз фузуниш душманӣ хезад.
Як зумра касони худношинос бо масъалаҳои нозуки хонаводагӣ ҳазлу шӯхӣ мекунанд. Зану фарзанд, бародару хоҳар ва ҳатто модару падари хешро «қаҳрамонон»-и мазҳакаву латифаҳои хеш қарор медиҳанд. Ҳатто дар зишттарин латифаҳои омиёна модару падарро ҳамроҳ мекунанд. Дар ҳоле ки ин ду шахси муқаддас ҷойи шӯхиву бозӣ надорад. Ин ду фарди бузург появу мояи одамии мост. Шӯхиву мутоиба ҳам ҷо дораду қаҳрамону образҳои махсус.
Шумо, агар бо номҳои ҳумоюни онҳо ба ҳазлҳои аблаҳона пардохтед, дар кӯтоҳтарин фурсат радди маъракаҳо хоҳед шуд. Дигар касе шуморо ҷиддӣ намепазирад ва гумон аст, ки ҳатто ба ашку надомати шумо бовар кунанд, яъне, пеш аз ҳама, худатонро хору залил кардаед. Нагузоред, ки шарафмандии мард оҷиз шаваду ҳақир гардаду зери тирборони маломат бимонад.
Ба вижа, номи Зан-Модар тоҷи мард аст, ҳар кӣ ба онҳо тохт, бешубҳа, ба тоҷи нангу номуси шумо тохтааст. Ҳар касе онҳоро таҳқир кард, бешак, шуморову ҳайсияти шуморо зери суол бурдааст. Ва, агар худи шумо ба ин арзиши ҳаётии хеш тохтед, бегумон, ба сӯйи Осмон туф кардаед, ки ҳар чи зудтар туф ба рӯйи худатон омада мечаспад.
Фаромӯш набояд кард, ки тахти ҷомеаи пойдор ахлоқ аст, ахлоқ асли одамгарӣ аст. Ҳар касе, ки ба офаринандагони хеш чунин муносибат кард, аз ӯ хайрхоҳиву дилсӯзӣ ба миллату Меҳан ва имон ба Худоро ҳаргиз интизор нашавед. Дар дини хуҷастаи Ислом ҳам фармудаанд:
«Ба Худо тавассути худшиносӣ мерасанд».
Бузургмеҳри САЛИМ,
шаҳри Душанбе