Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад
Иҷтимоъ / СлайдерНиёгони мо, устод Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон ҳамчун муаллимони бузурги ахлоқи башарият дар шинохти рисолати инсон асарҳои бузурге таълиф намудаанд ва мавзуъҳои тарбияи фарзанд, нақши хонавода дар камолёбии шахсият, мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дар таълифоти онҳо нақши меҳварӣ доранд.
Яке аз ақидаҳои бунёдии онон ҳусни эҳтиром ва масъулиятро нисбат ба фарзанд ва пайваставу ҳамеша анҷом додани амалҳои неку солеҳро дар рафтору гуфтори ӯ бо муносибати некбинонаи волидони онҳо алоқаманд медонанд. Чунончи, воиз ва тарғибгари ахлоқи ҳамидаи инсонӣ Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар фазилати адаб андарзҳои зиёде дорад, ки ҷое мефармояд:
«Адаб муҳофизати нафс аст аз қавли нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ доштан. Обруи худу дигарон нарехтан. Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамии аҳвол роҳи рост дошта бошӣ… Адаб аз ҳама кас неку мемонад. Акобир гуфтаанд: беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст».
Дар одоби оиладорӣ нахуст эҳтироми ҳамдигар дар мадди аввал аст, хосса ба ҷо овардани эҳтироми зодмандон ва бузургони хонавода. Мафҳуми «эҳтиром» бо падару модар бо меҳрубонӣ рафтор намудан, ҳар сухан ва насиҳати онҳоро бо камоли майл гӯш додан, миёни сухани онон сухан накардан, хоҳиш ва гуфтаҳои онҳоро ба ҷо овардан, ба онҳо эрод нагирифтану ҳамеша дастгиру мададгори онҳо буданро ифода менамояд, ки аз одитарин қоидаҳои одоб дар оила маҳсуб меёбанд.
Волидон низ масъуланд, ки пайваста аз илму дониш баҳравар гарданд, аз ҳикмату андарзҳои бузургон бохабар бошанд, масъулият ва вазифаҳои худро ба хубӣ донанд ва дар ҳама ҳолат бохирадона рафтор намоянд. Ҳар як сухани гуфтаи онон бояд дар худ ҳусн ва хулосаи оқилона дошта бошад, то фарзанд ба самимият ва ростқавлии эшон бовар созад. Кошифӣ дар ин маврид гуфтааст:
«То сухан бақадр набошад, ба забон набояд овард, ки сухани бузургон ба монанди тухм аст ва агар тухм фосиду бемағз бошад, дар ҳар замин ки афтад, нарӯяд ва аз ӯ манфиате ҳосил нагардад». Ё «Шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Ба лутф мебояд сухан гуфт, на ба дуруштӣ. Дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфта бошад, на туршрӯю гирифта ва чандон сухан ба шунавандаи он гӯяд, ки ба малоли хотири эшон наанҷомад. Сухани нек ҳамоне аст, ки аз он нафъ ба касе расад ва сухани бад ҳамон аст, ки ба дигарон зарари он бирасад».
Одат аст, ки мардуми мо бо ворид шудани бузургсоле ба манзил ва ё маҷлисгоҳ бо нишони эҳтиром аз ҷой бармехезанд ва ӯро ба садри хона мехонанд. Чунин қоида низ бояд дар хонавода побарҷо бошад ва бо ворид шудани падару модар, ё дигар аъзои солори он хурдсолон бо нишони эҳтиром аз ҷой бархезанд ва ба онҳо ҷой диҳанд. Дар ин бора низ Кошифӣ ишорае дорад: «Агар пурсанд, ки бархезу биншин чӣ маънӣ дорад? Бигӯй, маънӣ он аст, ки аввал бархез ба хидмат, охир биншин ба ҳурмат».
Воқеан, хислати нек пойдевори тамоми муносибатҳои миёни одамон ва ҷузъи асосии хулқу одоби инсонист. Сипосгузорӣ ва лутфу марҳамат ҳаёти оилавиро гуворо месозад ва таманниёти «субҳ ба хайр», «иштиҳои том» ва «хоби хуш» ба кас ҳузуру ҳаловат мебахшад. Ҳамчунин, бо эҳтиром гӯш додани сухани аҳли хонавода низ басо муҳим аст, ки ин хислат метавонад одати доимии кас гардад. Хотираи фарзанд мисли варақи тоза аст, ки ҳар яке аз ин хислатҳоро дар дафтари ҳофизаи хеш меангорад ва ба он хӯ мегираду баъдан тамоми умр онро риоя менамояд. Дар ин бобат мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ овардааст:
«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир. Ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».
Бархе аз падару модарон муносибати дуруст ва суҳбати оқилонаро намедонанд, ки ба чӣ раҳ бо фарзанд дошта бошанд. Ба худ суол медиҳанд, ки тамоми неруро, агарчи ба тарбияи фарзанд сарф намуданд, самари он барҳадар рафт. Ин ҷо на фарзанд, балки усули тарбияи волидайн нодуруст буд.
Бояд донист, ки зодмандон ҳамеша мушкилоти кӯдаконро бояд дарк намоянд ва ба ҳалли он кӯшанд. Онҳо аксар ба мушкилоти шахсии худ овора, бо андаке рафтори ноҷои фарзанд оташи ғазабро ба сараш мерезанду озурдахотираш месозанд. На танбеҳи лафзиву ҷисмонӣ, балки аз оқибатҳои манфии рафтору кирдори онҳо мисолҳои возеҳу рӯшан оранд, миёни издиҳом фарзандро танбеҳ надиҳанд, ки ин амал боиси шикастани ирода ва руҳияи фарзанд мегардад.
Дағалрафториву дуруштгуфтории падару модар дар ниҳоди фарзанд ғазаб ва озурдахотириро ба вуҷуд меорад. Бо фарзанд мисли дӯст будан, аммо ба меъёр ҷиддият зоҳир кардан зарур аст. Агар фарзанд рафтори хуб кунад, волидон бояд амалҳои неку шоистаи ӯро таърифу тавсиф намоянд. Баъзан ба фарзандон мебояд аз мушкилиҳои хеш гуфт, то дар симои шумо дӯсти роздонеро пайдо намоянд. Дунёро мебоист бо чашми онҳо диду дарк кард, ки дар лаҳзаҳои душвор фарзанд оғӯши гарми волидонро эҳсос намояд. Амалу рафтори нодурусти фарзандро бидуни ба ҳиссиёти ӯ нохун задан бубоист баррасӣ кард.
Низоъ ва муноқишаҳо набояд дар ҳузури фарзанд сурат бигирад, беҳтар он аст, ки ҳама кор бо роҳи мусолиҳа ҳал гардад. Агар волидон дорои рафтору гуфтори нек бошанд, он гаҳ фарзандон низ аз хурдсолӣ ба онҳо хӯ мегиранд. Фарзандон бояд бо ҳувияти баланди эҳтиром ба арзишҳои милливу хонаводагӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва маърифатдӯстӣ камол ёбанд ва ба ин васила пайвандҳои хонаводагӣ қавиву безавол мегарданд.
Шоҳона СУЛАЙМОН