БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Кордон ва масъулиятшинос

Иҷтимоъ

Тамоми дастовардҳои Савриямоҳ аз он маншаъ мегиранд, ки айёми ҷавониро бо донишомӯзӣ пурсамар сипарӣ кардааст. Дар баробари таҳсил бо баҳои хубу аъло дар МТМУ № 126-и деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор, ба дӯзандагиву пазандагӣ мароқ зоҳир сохт ва ин ҳунарҳоро балад гашт. Духтари боҳушу рой донишомӯзиро идома доду солҳои 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2015 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва 2019 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бомуваффақият хатм намуд. Ӯ ихтисосҳои молия ва қарз, олим-агроном, омӯзгори соҳаи психология ва таҳсилоти томактабиро молик аст.

 Тақозои давру замон ҳар нафарро ба ҷодае раҳнамун месозад. Барои Савриямоҳ оғози кораш ба солҳои душвору нобасомониҳо рост омад. Соли 1992 фаъолияти меҳнатиро аз идораи бойгонии шаҳри Ҳисор шуруъ карду муддати ҳашт сол ифои вазифа намуд. Баъдан то соли 2010 дар корхонаи фаръии «Ҳисоргаз» заҳмат кашид. Аз соли 2010 ба симати муовини раиси шаҳраки Ҳисор фаъолият пеш бурд.

Акнун ҳамарӯза ба одамони гуногун вохӯрдан, дархости онҳоро ба сомон расондан аз Савриямоҳ Каримова хушмуомилагӣ, кордонӣ ва масъулияти бузургро тақозо дошт. Маҳорати баланди кордонӣ ва масъулиятшиносияш аз мадди назари роҳбарон дур намонд ва аз соли 2022 ҳамчун мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор фаъолияти пурсамар дорад. Баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб, роҳ надодан ба хушунати хонаводагӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз вохӯриҳои судмандро миёни аҳолӣ роҳандозӣ менамояд.

 Оилаи солим асоси ҷомеаи солим буда, кӯдакон маҳз дар хонадон тарбияи дуруст мегиранд. Доир шудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, фестивалу озмунҳо барои баланд бардоштани маърифати наврасону ҷавонон ва дар умум аҳолӣ муфид аст. Занону духтарони шаҳри Ҳисор дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо дасту дили гарм, неруи хастанопазир баҳри фардои дурахшони диёри биҳиштосо заҳмат мекашанд. Нақши онҳо дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мо тамоми неруро ба он сафарбар менамоем, ки фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода сохта, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оила нақши арзанда гузорем, - иброз намуд бону Савриямоҳ.

Сарфи назар аз вазифаҳои пурмасъул дар оила ҳамсари меҳрубон, модари мушфиқ ва хушдомани покизарӯзгор аст. Се ҷигарбандаш: Ҷамолиддин Каримов баъди хатми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо амри виҷдон сарбаландона хизмати Модар-Ватанро адо кард. Ёқубҷон, донишҷӯйи курси 4-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ буда, фарзанди дигараш Эҳсон хонандаи синфи 11-и Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқати шаҳри Ҳисор аст. Ҳамсари Савриямоҳ Темур Каримов табиби беморхонаи шаҳри Ҳисор буда, барои сиҳатии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 Ин хонаводаи бофарҳангу ҷӯёи илму дониш барои ҳамсояҳо ва сокинони шаҳри Ҳисор намунаи ибрат буда, дар қалби ҷавонон, хосса навхонадорон боварӣ ба фардо, ҳифзи арзишҳову анъанаҳои хонаводагӣ ва матонату устувориро маъво мебахшад.

Ҳотам РАБИЕВ,

рӯзноманигор

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон