БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ташаббусҳои Пешвои тоҷикон ба хотири ҳастӣ ва рушди устувори инсоният

Иҷтимоъ

Сарнавишти ҳар халқу миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳангпарварӣ, дарки дурусти воқеият на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад. Таҷрибаи солҳои охир дар ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Маҳз таҷаллии ҳамин сифатҳои фарзанди фарзонаи миллат, абармарди ҷасури давру замон, родмарди собитқадами арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамчун кишвари иқдомкунандаи ташаббусҳои бузургу созанда ва барои мардуми тамоми сайёра тақдирсоз шинохта шуда, миёни кишварҳои дигар мақом ва ҷойгоҳи муносиберо соҳиб гардад.

Пас аз узвият ба ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, алалхусус Созмони Милали Муттаҳид барои кишварамон имкон фароҳам омад, ки дар раванди баррасиву ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба сарнавишти ояндаи мардуми тамоми сайёра робитаи ногусастанӣ доранд, ширкати фаъолона дошта бошад ва дар мавриди пешгирии мушкилоти глобалӣ андешаи солим ва мавқеи устувори худро на танҳо пайгирӣ карда тавонад, балки саҳми арзанда гузорад.

Қобили зикри хос аст, ки пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид барои рушди ҳамкориҳои гуногунпаҳлу бо ин Созмон заминаи устуворро фароҳам оварда, давлати тозаистиқлоли мо худро ҳамчун кишвари дорои сиёсати мустақили созандаву ташаббускор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Об аз зумраи он сарчашмаҳоест, ки ҳастии инсон ва дар маҷмуъ, ҳаёти банибашар аз он вобастагии амиқ дошта, имрӯз эҳтиёҷи сокинони сайёра, махсусан дар минтақаҳое аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, ба яке аз проблемаҳои муҳимтарин табдил ёфтааст.

Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо, дар баробари дигар мушкилоти глобалӣ, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба проблемаҳои оби ошомиданӣ ва захираҳои он ҷалб намуда, ҷиҳати ҳалли мусбати он ба манфиати аҳли башар дар сатҳи байналмилалӣ пайваста талош меварзад.

Тавре ки коршиносону муҳаққиқони гуногун пешгӯйӣ мекунанд, «то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одам дар рӯйи Замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надорад, 1,8 млрд нафар аз обҳое менӯшад, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд мерасад.

Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешаванд. Давоми солҳои 2000–2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одам ба ҳалокат расидааст. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад».

Тоҷикистон кишвари кӯҳистонзамин маҳсуб ёфта, беш аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид Тоҷикистонро ба ватани пиряхҳо - манбаи асосии захираҳои об табдил дода, он аз ҳисоби чунин захираҳо дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Дар назари аввал гӯё Тоҷикистони сероб ва сарвари он набояд нисбат ба норасоии оби тозаву ошомиданӣ нигаронӣ кунанд, вале, ҳангоме ки ба моҳият ва умқи масъала таваҷҷуҳ мекунед, бори дигар аз ҳиссиёти баланди инсонгароёнаву башардӯстона, дурандешиву ояндабинии бемисл, паҳнои андешаҳои воқеан пурарзиши Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ки ба тақдири садҳо миллион сокинони сайёра рабти мустақим доранд, воқиф мегардед.

Маҳз ба шарофати ҳамин сифатҳои воло Президенти мамлакати мо ташаббускори қабули қатъномаҳои даҳсолаҳои охири СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим – «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005–2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013, қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор - 2018–2028», инчунин ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ва дар ин замина қабул гардидани қатъномаи СММ вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тавассути қатъномаҳои СММ расман қабул гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон обрӯю эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб баланд бардошт ва Пешвои миллати тоҷик ҳамчун сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонии дорои стратегияи илман асосноку оқилона оид ба истифодабарии захираҳои об ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид.

Мавриди зикр аст, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» якдилона қарор қабул кард. Вобаста ба ин, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид: «Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

Муайян гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон, аз ҷумла мардумони ҳавзаи Наврӯз Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне аз ҷониби СММ муайян шудани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми СММ бори дигар нуфузи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Илова бар ин, мутобиқи қатъномаи мазкур Соз­мони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангӣ бо Дабири кулли ин Созмон Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ гардидани ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон имкон фароҳам меоранд, ки:

 муноқиша ва бархӯрди кишварҳо, ки дар заминаи масъалаҳои ба об вобаста ба миён меоянд, дар доираи дипломатияи об ҳаллу фасл гарданд; баҳри истифодаи оқилонаи захираҳои об стратегияҳои илман асосноки маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ ва байналмилалӣ таҳия ва татбиқ гарданд;

суръати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори ҳазорсола вусъат ёфта, имконият барои зиндагии шоистаи сокинони сайёра васеътар гардад; муҳити зист ва саломатии сокинони сайёра ҳифз карда шавад; шумораи онҳое, ки ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, ба маротиб бештар гардад;

омилҳои номатлубе, ки ба амнияти озуқавории сокинони сайёра таҳдид мекунанд, пешгирӣ карда шаванд;

 хатарҳое, ки ояндаи наздик аз ҳисоби норасоии об ё обхезӣ ва дигар офатҳои табиии ба об алоқаманд ба иқтисодиёти тамоми кишварҳои олам таҳдид мекунанд, пешгӯӣ ва пешгирӣ карда шаванд;

 суръати номатлуби тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд, коҳиш ёбад; аз ҳисоби оқилона захира кардани манбаъҳои об тавлиди «неруи сабз» афзун ва пойдории табиат устувортар гардад;

- суръати биёбоншавии минтақаҳои алоҳидаи кураи Замин коҳиш дода шавад;

- ҷараёни обшавии пиряхҳо то ҳадди матлуб пешгирӣ карда шуда, мониторинги ин раванд ба роҳ монда шавад;

- сатҳи маърифати сокинони сайёра нибат ба сарфаю истифодаи оқилонаи обу энергия баланд гардад.

Албатта, дар доираи як мақолаи кӯтоҳ таҳлилу баррасӣ намудани моҳияту мундариҷаи тамоми ташаббусҳои воқеан барои тақдири ояндаи инсоният муҳими Пешвои муаззами миллат имконнопазир аст. Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки марказҳои бузурги илмии кишвар дар ҳамкории зич бо ҳамин гуна марказҳои хориҷӣ барои таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи ин ташаббусҳо доираҳои васеи илмиро ҷалб намуда, ҷанбаҳои алоҳидаи ташаббусҳои мазкур ба сифати мавзуъҳои илмии унвонҷӯён, лоиҳаҳои илмӣ ва амсоли ин мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, зеро Пешвои миллати тоҷикони дунё ҳамчун чеҳраи намоёни таърихию фарҳангии замони муосир барои таъмини ҳаёти солиму шоистаи сокинони сайёра эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати амалӣ гардидани ормонҳои умумибашарӣ пайваста талош меварзанд ва ташаббусҳое пешниҳод мекунанд, ки барои тамоми инсоният ҳаётан муҳим мебошанд.

 ФАЙЗАЛИЗОДА Ҷумахон Хол,

директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон