БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тани сиҳату хотири ҷамъ

Иҷтимоъ

   Хурдсол будаму ҳамеша дар ҳайрат мемондам, ки чаро дуои тамоми модарон фақат бо як сухан оғоз мешавад: «Тани сиҳат, хотири ҷамъ…».

Аҳамияту фазилати ин ибораҳои содаро вақте фаҳмидам, ки кӯдаки беғами даҳсола будаму дар ду-се моҳи оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хаёлам якбора чанд сол калон шудам. Зиндагиамон, ки мисли боғи сарсабзу хуррам пур аз файзу баракат ва шаҳду ширинӣ буд, якбора дучори тундбоди ҳодисаҳои нохуш гашт. Кӯдакии мо аз ҳавои ғуборолуди ваҳму тарс ва ноамнӣ нафасгардон мешуд.

Кӯчаҳои пур аз шӯру мағал, хандаву бозӣ ва суҳбати самимии маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе холиву ваҳмангез гашт. Хешону пайвандон сӯйи зодгоҳ-ба Ванҷ кӯч мебастанду зодмандонамро ҳамеша барои Душанберо тарк намудан ташвиқ мекарданд.

«Ин ҷо хонаи умеди ман, ин ҷо зодгоҳи фарзандони ман,» – гӯён падарам умед ба ояндаи дурахшони мо, ҷигарбандонаш, мекард. Бо вуҷуди тангдастиву гуруснагӣ, модарам ҳар уфтодаву беҷомондаеро, ки дари хонаро мекӯфт, ба хона роҳ медоду ним нонро бо дигарон медид.

Шабонгоҳ, вақте зодмандон ба навбати нон мерафтанд, ман масъули хоҳараку додараки хурдсол то омаданашон рӯй-рӯйи хона роҳ мегаштам, то мабодо нохушие сар занаду дар ғафлат монам.

Ҳар лаҳзаро охирин лаҳзаи ҳаёт медонистему ба ҳамдигар бо ҳасрату дилсӯзӣ менигаристем. Бузургтарин неъмат барои мо, наврасони даврони душвору оғози соҳибистиқлолӣ ҳамон дуои содаи кампиракон: «тани сиҳат, хотири ҷамъ» гашта буд. Бемории хоришаку тарси ҳар лаҳза дар кӯфтани маргу нобудӣ аз зиндагӣ дилгирамон мекард.

Гиряи ҷонсӯзи хоҳараку додараки хурдсолам ба захми дили модари зор намак мепошид. Ашкҳои пинҳонии модарро дида дарди худро ниҳон медоштам, аммо аз нигоҳи ҳамабини ӯ ҳеҷ чиз пинҳон намемонд. Ҷон ба каф гирифта моро ба беморхона бурд, то шифокорон илоҷи дардамонро пайдо кунанд. Аз ин дард на танҳо мо, балки тамоми кӯдакону наврасони маҳалла азият мекашиданд…

Баъди хомӯш гаштани оташи ҷанг ба тани мо руҳи тоза дамид. Вале мо дигар кӯдак набудем. Калонсоле будем, ки ба бешу кам қаноат карда, ба умеди ҳеҷ кас нашуда, мактабро бо баҳои аъло мехондему худро масъули тақдири ояндаи худ медонистем.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ба мо, наврасони «калоншуда» дубора кӯдакии хуррам бахшид, зеро вакилони мардумӣ нафареро ба Роҳбарии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб намуданд, ки сулҳ овард, ғамхору парастори халқ гардид.

Ҳарчанд аз он рӯзҳои талх ҷуз хотирот чизе боқӣ намондааст, ҳоло низ дуои худро бо ҳамон ибораҳои содаи бибиҳоямон «тани сиҳат, хотири ҷамъ» оғоз мекунему боз меафзоем: «шукронаи давлат».

Шукронаи давлате, ки бо ҷоннисориҳои абармарди таърихӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ақсои олам машҳур гардид.

Мадинаи УСМОН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон