Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз дастгириҳои беназири Пешвои миллат сарбаландем
ИҷтимоъМанзура Султонасейнова ва Ниёзбегим Мирзонаботова аз зумраи он оилаҳои зарардида аз офати табиӣ дар ноҳияи Ишкошим мебошанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ калиди манзилҳои истиқоматии навро ба дасташон супурданд.
Минтақаи кӯҳистони Бадахшон таҳти эҳтимолии хатари зиёди офати табиӣ қарор дорад, қариб ҳамасола аз селу тарма, барфкӯч, обхезӣ ва зилзила ба манзилҳои истиқоматӣ зарар мерасаду иддае аз хонаводаҳо бесарпаноҳ мемонанд. Вале дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамеша бо супориши Сарвари давлат манзилҳои истиқоматӣ барои зарардидагон аз офати табиӣ дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, дар маросими бӯрёкӯбони бештарашон Президенти То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ширкат варзиданд. Дар солҳои қаблӣ ба оилаҳои зарардида аз селу тарма дар ноҳияҳои Дарвоз, Роштқалъа, Шу ғнон ва шаҳри Хору ғ аз ҷониби Сарвари давлат калиди манзилҳои нави истиқоматӣ тақдим гардида буданд.
Сокинони миннатпазири Ғудара - деҳаи дурдасттарини мавзеи Бартанги ноҳияи Рӯшон, он лаҳзаҳои пурҳая ҷонро ҳамеша дар дилу хотирашон доранд, ки чи тавр бар асари зилзилаи шадид манзилҳояшон хароб гаштанду бо супориши Роҳбари маҳбуби давлат оқибатҳои хатар зуд бартараф шуда, Президенти мардумӣ дар маросими тақдими калиди хонаҳои нави истиқоматӣ барои бесарпаноҳмондагон ширкат варзида, бо сокинон мулоқоти самимӣ ан ҷом доданд.
Дар ноҳияи Ишкошим Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 13 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванд калиди хонаҳои нави истиқоматиро супурданд.
Хонаҳои истиқоматии маҳаллаи навбунёд дорои пан ҷ ҳу ҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароитҳои барои зиндагӣ лозим иборатанд. Роҳи маҳаллаи навбунёд ба масофаи 200 метр мумфарш ва чаро ғон шудааст. Ҳар манзили истиқоматӣ бо хатти барқ ва оби ошомиданиву полизӣ таъмин аст. Дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ зиннатбахши маҳали навбунёданд. Дар майдончаи варзишии замонавии маҳаллаи навбунёд барои сокинон, хусусан наврасону ҷавонон барои варзиш ва тамрин шароитҳои мусоид фароҳам гардидаанд. Ҳамчунин, бо супориши Сарвари давлат ба ҳар оилаи маҳаллаи навбунёд як сар чорвои калон ва даҳ сар моли майдаву пӯшоки зимистона дастрас шуданд.
Мо, сокинони деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, сипоси бепоёни худамонро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли сокинони ҷумҳурӣ мерасонем, ки дар рӯ ба рӯ бо офат моро танҳо нагузоштанд. Сели даҳшатбори моҳи августи соли равон, хушбахтона, агарчанде талафоти ҷонӣ дар пай надошт, харобиҳои зиёде оварда, манзилҳои истиқоматӣ, киштаҳо, бо ғот ва ҷангалзор зарар диданд. Бо супориши Сарвари давлат аз лаҳзаҳои аввали офат роҳбарони ноҳия ва вилоят ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ҷалби идораю муассисаҳо корҳои барқарорсозӣ о ғоз ёфтанд. Дар ин муддат мо, оилаҳои бесарпаноҳмондаро дар осоишгоҳи «Шабдез»-и ноҳия ҷой доданд, бароямон бо дастгирии давлат ва тамоми сокинони кишвари азизамон шароитҳои мусоиди зисти муваққатӣ муҳайё гардонда шуда буданд. Шукронаи сулҳ, ободӣ, иттиҳоду иттифоқ, зиндагии амну осоишта ва фарзанди фарзона, созанда ва ғамхору меҳрубони миллат Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки бо хонаводаи серфарзандамон боз соҳиби манзил гардидему ба меҳнати осоишта маш ғулем, - мегӯяд бонуи солдида Ниёзбегим Мирзонаботова.
Манзура Султонасейнова пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хору ғ ба номи Моёншо Назаршоев ба зодгоҳаш баргашта, ба ҳайси омӯзгори таълими ибтидоӣ фаъолияташро дар мактаб о ғоз намуд. Ӯ ба ҷавони ятим аз деҳаи Зугванд ба шавҳар баромада тӯйи арӯсӣ ҷиҳати набудани шароит дар манзили истиқоматии домод дар хонаи амаки домод баргузор гашт. Зану шавҳари ҷавон зиндагиро ҳам ҷоя дар хонаводаи амакашон идома доданд, вале бо ба воя расидани фарзандони хонавода тасмим гирифтанд, ки ба муҳо ҷират рафта пул кор кунанду манзили истиқомати шавҳарро обод намуда, зиндагиро дар деҳа идома диҳанд. Шаш сол дар шаҳри Ху ҷанд ӯ ба ҳайси омӯзгор ва шавҳараш сохтмончӣ кор карда, сипас ба муҳо ҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафтанд. Бо шунидани хабари офати табиӣ аксари сокинони дар муҳо ҷират қарордоштаи деҳа ба хотири кумак расондан дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баргаштанд.
Аз дидани манзараи пайомадҳои ногувори сел ва манзили истиқоматии аз сел харобшудаамон, ки нияти обод карданашро доштему дастамон нарасид, хеле андуҳгин ва мутаассир гаштем. Вале, шукрона мекунем, ки давлат ба ҳама соҳибмулкони зарардида, аз ҷумла муҳо ҷирон, баробар ғамхорӣ зоҳир менамояду дар қатори бесарпаноҳмондагон соҳиби хонаи истиқоматии нав гардиданд. Чунин ғамхорӣ моро водор месозад, ки дар зодгоҳамон ба хотири ободии Ватан кору зиндагӣ намоем, - изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Вақте дар ноҳияи Шу ғнон барои 94 хонаводаи бар асари сел харобшудаи деҳаи Барсем бо супориши Президенти кишвар дар фурсати кӯтоҳ деҳаи нави замонавӣ бунёд ёфт, ҳангоми интихоби номи деҳа сокинон бо як овоз қарор доданд: Раҳмонобод.
М. ШОҲ ҶАМОЛ,
ВМКБ