Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳамрози ҳамдиёрон
ИҷтимоъДар қабулгоҳи муовини раиси шаҳри Панҷакент дар самти иҷтимоиёт 8–10 нафар ниёзманд навбат мепоид. Мо низ дар қатори онҳо соати дидорро интизор мешавем, то бо хонум Парвина Нақибӣ, ки васфи кордониву ҳамрозиаш бо мардум моро ба суроғаш овард, аз наздик ошно шавем. Баъди гуфтугузор суҳбати гарми мо дар шоми бофараҳ сурат гирифт, ки ӯ фориғ аз масъулият аз кору рӯзгори хеш қиссаҳо кард…
Мо дар хонаводае ба дунё омадем, ки асоси зиндагӣ аз маърифат буд. Модари омӯзгорам панҷ фарзандро ҳамеша ба хондан ташвиқ мекарданд. Аз сахтгириҳои модар мактабу хона барои мо яксон арзиш доштанд. Фориғ аз дарс дар чорабиниҳои беруназсинфӣ ширкат варзида, таътилҳои тобистонаро дар китобхонаву лагерҳои мавсимии фароғативу омӯзишӣ сипарӣ мекардем. Ҳамрози мо қаламу дафтару китоб буданд. Дар ин руҳия ҳамаи мо соҳиби маълумоти олӣ ва касбҳои гуногун гаштем, - иброз намуд Парвинабону.
Баъди хатми мактаб соли 1999 ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дохил шуд. Соли 2000-ум зодмандон номзадии ҷавонеро ба духтарашон баргузиданд, ки тавонад дар идомаи таҳсил ва камолоти ӯ халал нарасонад. Арӯсаки нозанин акнун ҳам донишҷӯ буду ҳам рӯзгордор. Соли 2005 таҳсилро дар бахши ғоибона хатм кард.
Ҳамчун мутахассис дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба фаъолият пардохт. Соле пас ӯро мудири шуъбаи кор бо занон таъин намуданд ва соли 2015 муовини раиси КИ ҲХДТ дар Панҷакент интихоб шуд.
Фаъолият дар ҳизб бароям сабақомӯзи ватанпарастиву хизмат ба халқ гашт. Ғояҳои олии созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои устувори давлатдории миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа, иттиҳоду ягонагии халқҳои Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб, рушду нумӯи иқтисодиёт ва рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагии мардум моро масъулият мебахшиданд, то ҳамеша дар пайи иҷрои уҳдадориҳои худ бошем, - бо меҳр арз медорад ӯ.
Тули фаъолият чун корманди ватандӯстдору масъулиятшинос ва бонуи меҳрубону самимӣ на танҳо дар байни ҳамкорон, балки миёни аъзои сершумори ҳизб ва ҷомеа соҳиби обрӯю эҳтироми шоиста гашт. Ҳамчун таълимдидаи мактаби давлатдории Пешвои миллат сифатҳои неки роҳбариро аз худ намуд. Дар муносибати самимона ва хайрхоҳона бо мардум таҷрибаи кофӣ андӯхт. Донишу малакаи роҳбарӣ ва муносибати самимонаву масъулиятнокиашро ба инобат гирифта, роҳбарияти МИМҲД шаҳри Панҷакент номзадии ӯро ба вазифаи муовини раиси шаҳр дар самти иҷтимоиёт арзанда донистанд.
Бузургтарин саодати зиндагии ман аст, ки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар мувофиқа бо Сарвари давлат аз баҳори соли 2022 ин масъулияти баландро ба ман бовар карданд. Кор дар ин самт махсусият ва душвориҳои зиёд дошта бошад ҳам, бовару дастгирии роҳбарияти шаҳр неру мебахшад, то дар пешбурди фаъолияти худ ифтихор дошта бошам, - изҳори қаноатмандӣ мекунад Парвина Нақибӣ.
Самти иҷтимоиёт соҳаи гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, сайёҳӣ, САҲШ, бахши фарҳанг, муҳоҷират ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимро дар бар мегирад. Баҳри таҳкими малакаву дониши худ соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намуд. Сарфи назар аз гуногунсамтии фаъолият, ӯ мекӯшад, то пайи иҷрои масъулият ҳамеша ҳамроҳу ҳамрози халқ бошад.
Ба шарофати сулҳу субот ва осоиштагии рӯзгор сокинони сарбаланди шаҳри Панҷакент дар самти иҷтимоӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд. Таъсиси мактабу синфхонаҳои нав, бунёди муассисаҳои тиббӣ, ташкили тибби сайёр дар деҳаҳо, сохта ба истифода додани иншооти хизматрасонии гуногун ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар амалҳои созандае, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдорӣ дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони бонангу номуси водии Зарафшон ба роҳ мондаанд, гувоҳи он аст, ки аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент зиндагии осудаву шоиста доранд, - меафзояд бонуи масъулиятшинос.
Чун садҳо бонувони меҳанпараст, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолияти назаррас доранду дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегиранд, Парвинабону хизмат ба халқи азизу Ватани маҳбубро бузургтарин ҳадафи зиндагии худ қарор додаву ҳамрози ҳамдиёрон аст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакенту дар баробари фаъолияти густурдаи иҷтимоӣ тавониста, ки ҳампои ҳамсафари ҳаёти худ зиндагии шоиста ва рӯзгори хуррамро баҳри аҳли хонавода фароҳам созад. Ҳамсари мушфиқу модари меҳрубон, сунҳори ғамхору хабаргири волидон асту фарзандонаш мисли модар донишгоҳҳои кишварро бо дипломи аъло хатм кардаву дар шоҳроҳи хизмат ба Ватан гомҳои нахустини хешро мебардоранд.
Мафтуна ҚОСИМЗОДА,
Душанбе - Панҷакент - Душанбе