БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бо нидои қалбу эҳсоси ватандорӣ

Иҷтимоъ

Ин ноҳия зодгоҳи бисёр абармардони номвари Ватан, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров, олимону адибони бузург, қаҳрамони арсаи меҳнат мебошад. Ҳини сафари кории навбатии хеш ба ноҳияи Бобоҷон Fафуров Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмати дастони эъҷозофари аҳли заҳмат баҳои баланд дода, бори дигар ба садоқати ватандории мардуми ин гӯшаи диёр аҳсант хонданд.

Баъди сафари кории Пешвои муаззами миллат суҳбате доштем бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров Ӯғулой Ҳоҷибоева, ки фишурдаи онро манзур мегардонем.

   Имрӯз дар ноҳия кор дар ҷӯшу хурӯш аст. Мардум баҳри ободу зебо намудани маъвогоҳи худ фаъолияти пурсамар доранд. Дар ин давра чӣ эҳсосоте онҳоро фаро гирифтааст?

- Имрӯз сокинон дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба даст овардани комёбиҳои барҷаста заҳмати пурсамар доранд. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маром симои худро дигар намуда истодааст. Аҳолиро бунёди корхонаҳои азим, таъмири роҳу барзанҳо, марказҳои саломатию гулгаштҳо, бунёди қасрҳои фарҳангию китобхонаҳои замонавӣ, бонкҳо, нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ водор месозад, ки баҳри ободии диёри хеш боз ҳам бикӯшанд…

- Ноҳияи Хуҷанд соли 1926 бо Қарори КИМ СССР ташкил шуда, аз 9-уми январи соли 1936 ба худ номи Ленинободро гирифт. Бо Қарори Шурои Олии РСС Тоҷикистон аз 27-уми октябри соли 1939 ба ҳайати вилоят дохил гардида, дар тантанаи 90-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, 30-юми январи соли 1999 ноҳия ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шуд.

Дар давраи истиқлол бо мақсади таъмини афзоиши устувори нишондиҳандаҳои иқтисодӣ диққати аввалиндараҷа ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди бахши аграрӣ тавассути болоравии мунтазам ва устувори ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, тадриҷан баланд намудани талаботи бозори дохилӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодӣ, такмил ва самаранокии соҳаи молия, тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол аз сол афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулот равона гардидааст.

 Дар бораи бунёди иншооти муҳими давлатӣ, саноатӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ фикру андешаи худро иброз менамудед.

- Солҳои охир бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳо як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд. Биноҳои коргоҳи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ дар деҳоти Овчиқалъача бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд шуданд. Бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъди пурра навсозӣ гардидан бо иштироки Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар маркази ноҳия лавҳаи «Дуои модар» ва унсурҳои меъмории «Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст» дар деҳоти Исмоил, Ёва, Унҷӣ, инчунин дигаргуниҳои ороишӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров дар сатҳи баланд бунёд шуданд. Шоёни зикр аст, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар ноҳия бунёди 2015 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ин дам 756 банди нақша-чорабинӣ иҷро шуд.

Саноатикунонӣ босуръат идома дорад, алҳол 184 корхонаи саноатӣ ҳаҷми маҳсулотро ба 5 миллиарду 152 миллион сомонӣ расондааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 102, 5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи корхонаҳо 2972 нафар корманд фаъолият дорад, музди миёнаи меҳнати онҳо 1700 сомониро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатӣ 135 намуди маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, ғизоӣ, ширию гӯштӣ, хӯроки чорвою паранда истеҳсол мегардад.

Корхонаҳои калонтарин ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-Суғд-Семент», «Хубҷамъинвест», «Алфа-тет», «Зерновая компания», «Озода-косметикс», «Орди фатир» ҳастанд, ки фаъолияти густурда дошта, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия саҳми назаррас доранд.

Дар ноҳия ташкили 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, бо ташаббуси соҳибкорон 40 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар онҳо 219 ҷойи нави корӣ ташкил шуд.

Ҷаззобияти ноҳияро барои самти сайёҳӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

-Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойҳои таърихии тамошобоб, ба мисоли Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб», мавзеи Хоҷабоқирғони деҳоти Овчиқалъача, Хона-музейи «Анора», минтақаи истироҳатии «Биҳиштосо», Маҷмааи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, минтақаи истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», гӯшаи табиати зиндаи «Маркази табиатшиносӣ» дар деҳоти Ғозиён, мавзеи дамгирии «Арчазор» дар деҳоти Чашмасор мавҷуд мебошанд, ки метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намоянд.

Дар назди Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб» боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин барои боз ҳам ҷалб намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд. Айни ҳол дар ноҳия ширкати сайёҳии ҶДММ «Помир-тур» фаъолият дорад. Соли сипарӣ шумораи умумии сайёҳони ба ноҳия ташрифоварда 38838 нафарро ташкил дода, аз он 37317 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 1521 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ноҳия 4 меҳмонхона бо 305 ҷойи хоб ва 31 тарабхона бо 1354 ҷойи нишаст дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ аз ҳисоби хизматрасонӣ, савдо, нақлиёт ва ғайра 2552,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шумораи сайёҳони ба ноҳия ташрифоварда нисбат ба соли 2022-юм 668 нафар зиёд шудааст.

Оид ба баланд бардоштани нақши бонувон дар ҳама соҳаҳо кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

 Шумораи умумии занон 204414 нафар аст, дар асоси дастуру дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ 595 нафар зан мансаби роҳбарӣ дорад, аз ҷумла 1 муовини раиси ноҳия, 3 раиси ҷамоат, 11 роҳбари воҳидҳои сохторӣ, 8 муовини раиси ҷамоат, 5 котиби ҷамоат, 48 сарвари муассисаҳои таълимӣ, 1 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 11 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби бонувон таъин ва интихоб шудаанд. Бонувони ноҳия ҳама дар иҷрои вазифаҳои худ, аз ҷумла дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ комёбанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон