Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Гавҳари Ёрӣ
ИҷтимоъАз панҷ фарзанди хонавода, ки ҳар кадоме аз пайи ному нон ба кишварҳои дур кӯч бастааст, танҳо Мусаввара дар деҳ монд. Ӯ низ мехост ба шаҳр пайвандад, аммо орзуҳои ӯ ба хотири модари мушфиқ, ки чашминтизори фарзандон буд, фақат дар осмони деҳ пару бол мезад. Падари ронандааш, ки дар Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Панҷакент низ кор мекард, ҷигарбандро ба ин ҷо овард, то касберо аз худ намояд…
Кӯдакии мо дар боғҳои ғарқи мева, дар токзорони пурангур ва дар ғаллазорони тиллоранг сипарӣ шудааст. Дар баробари деҳқониву боғбонӣ, ба ҳисоб кардани меваҳои чидаву хӯшаҳои ангур ва баровардани натиҷаҳо шавқи беҳад доштам. Ҳатто дар як моҳ ба чанд бемор мадад расондани модарамро, ки ҳамшираи шафқат буд, ҳисоб мекардам. Аз ин рӯ, вақте маро ба чорроҳаи интихоби касб гузоштанд, муҳосибиро пазируфтам, - ба ёд меорад Мусаввара Одинаева.
Дипломи Омӯзишгоҳ дар даст Мусаввара ба деҳа баргашт. Моҳи августи соли 1992 дар шуъбаи муҳосиботи «Иттиҳодияи байнихоҷагии бурдоқипарварии деҳаи Ёрӣ» ба фаъолият пардохт. Дар рафти кор баҳри таҳкими дониш дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ихтисоси менеҷмент-муҳосибро аз худ намуд. Марҳала ба марҳала аз вазифаи мутахассис то сармуҳосибӣ малакаи хешро такмил бахшид.
Мусавварабону, ки дар заминҳои фароху ҳосилхез ва дар саҳрои бузурги меҳнат таҷрибаи кофӣ андӯхтаву маҳбуби аҳли деҳ гашт, аз ҷониби саҳмдорони хоҷагӣ соли 2019 ба вазифаи пурмасъули роҳбарии раёсати Кооперативи тиҷоратии «ЁРӢ-3», Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Ёрӣ пешниҳод шуд. Роҳбарияти шаҳри Панҷакент, ки аз фаъолияти назаррас ва муҳаббати ӯ ба обу хоки деҳ огаҳӣ доштанд, ин вазифаи пурмасъулро ба ӯ бовар карданд.
Дар ихтиёри Кооперативи тиҷоратии мо 300 гектар замини корам аст, ки аз 8 гектар боғ себу зардолу ва аз 2 гектар токзор-ангури тоифии сурх ҳосили дилхоҳ ҷамъоварӣ мешавад. 135 нафар саҳмдор дар заминҳои кишт асосан гандуму ҷав ва картошка, помидору бодиринг, ҷуворимакка, лӯбиё, юнучқа ва дигар маҳсулоти полизиро мерӯёнанд, - иброз медорад Мусаввара.
Ин бонуи пурталош, ки душвориҳои пешаи кишоварзиро дар мағзи устухон дарк кардааст, ба саҳмдороне, ки наметавонанд ҳосили дилхоҳ ба даст оранд, бештар таваҷҷуҳ зоҳир месозад. Аз мушкилоти онҳо ҷӯё шуда, дар таъмини об ва кам кардани андоз ёрӣ мерасонад. Нигарон аз он аст, ки ҷавонон ба деҳқонӣ кам таваҷҷуҳ доранд. Ҳамин ки соҳиби номаи камол гаштанд, тарки деҳ мекунанд. Душвории кори саҳро асосан бар дӯши занон бор мешавад.
Деҳқонӣ пешаи пуршараф аст, аммо гоҳо мешавад, ки ин нуктаро худи деҳқонон дарк намекунанд. Саволе моро ба ташвиш мегузорад, ки чаро фарзанди духтуру соҳибкору ҳуқуқшинос пайрави падар будан мехоҳанду фарзанди деҳқон не? Рӯз аз рӯз ҳолати обёрии заминҳо беҳтар мешавад. Аммо ҳастанд омилҳое, ки меҳнати деҳқон натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад. Дар чунин мавридҳо ба деҳқонони зарардида аз ҷониби Кооперативи тиҷоратӣ як қатор андозҳо сабук карда шуда, дар навбати аввал баҳри талаф наёфтани ҳосили мавҷуда бо оби полизӣ барзиёд таъмин карда мешаванд, ки ин дилгармӣ ба деҳқонон неру медиҳад, - андеша иброз медорад бонуи роҳбар.
Чун фарзандони падар берун аз деҳу кишвар рӯз ба сар мебаранд, барои барҳадар нахобидани чаҳор гектар саҳми замини оилаашон баҳри пешбурди кишоварзӣ аз ёрии коргарони кироя, ки музди меҳнати рӯзонаашон 80 сомонӣ аст, истифода мебарад. Дар 50 садяки замин картошка ва дар боқимонда маҳсулоти гуногуни полизӣ кишт намуда, фаровонии рӯзгорро аз заҳмати ҳалол медонад.
Модари кордидаам, ҳарчанд даврони роҳаташон фаро расидааст, дар баробари коргарон арақи ҷабин мерезанду аз ҳосили бадастомада қуввату фараҳмандӣ мегиранд. Бо раҳнамоии модари пуртаҷриба ва коргарони дилсоф, баъди ҷамъ овардани картошкаи барвақтӣ кишти навбатӣ гузарондем. Ҳамин тариқ, аз як замин ду ҳосил ба даст омад ва ҳосили сеюм дар парвариш аст. Муҳаббати самимии мо ба ҳар ваҷаб хоки ҳосилхез боиси фаровонии хону баракати рӯзгорамон гаштааст, - изҳори қаноатмандӣ мекунад бонуи пуркор.
Мусаввара Одинаева дар ҳаёт низ муваффақ аст. Дар лаҳзаҳои душвори корӣ аз маслиҳатҳои шавҳараш баҳраҳо мебараду саодати рӯзгори хешро аз дуои модари меҳрубонаш медонад. Ягона фарзандаш мактабхон асту дар оилаи хушбахт дар руҳияи донишандӯзиву қадр кардани меҳнати дигарон ба камол мерасад. Аҳли деҳ Мусавварабонуро ҳамчун гавҳари Ёрӣ медонанду эҳтиромашро ба ҷой меоранд.
Бобунаи ЛУҚМОН
Душанбе - Панҷакент - Душанбе