БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Духтари вахшу бонуи Дилварзин

Иҷтимоъ

Асри ХХ дар таърихи Тоҷикистони маҳбуби мо бо фатҳи заминҳои нокорами даштҳои аз беобӣ садҳо сол ташналаб, аз ҷумла дар водиҳои Вахшу Дилварзини тоҷик абадан сабт гардидааст. Дар ин набардҳои сахту вазнин, ки оқибат бо пирӯзии инсонҳои сарсупурда анҷом пазируфта, биёбонҳо ба гулистонҳо табдил ёфтанд, саҳми занон низ калон буд. Инак, аз боби яке аз он бонувони боиродаву заҳматписанд Бибимайрам Асадуллоева, ки имсол ба синни мубораки 80 қадам мениҳад, роз мекушоем.

 Дастёри зодмандон

Бибимайрам Асадуллоева 18-уми декабри соли 1944 дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) дар хонадони инсонҳои асилу бофарҳанг Асадулло ва Шаҳодат таваллуд шудааст. Дар ин хонадон 14 фарзанд ба камол расидааст. Бибимайрам аз хурдсолӣ дастёри модар буду дар корҳои хоҷагӣ ёрирасон ва, ҳамзамон, ҷиддан ба омӯхтани дониш машғул мешуд. Соли 1963 Бибимайрам ба Институти хоҷагии қишлоқи Душанбе (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номаи Шириншоҳ Шоҳтемуров) дохил шуда, онро соли 1968 бо ихтисоси хокшиносу агрохимик хатм намуд.

 Муҳаббат

  Ҳангоми таҳсил ситораи Бибимайрам бо ситораи ҷавонмарди мастчоҳӣ - Кенҷабой Авазов, ки ӯ ҳам донишҷӯйи ҳамин Донишгоҳ буд, рост омад ва аҳду паймон бастанд, ки ин ишқи пок­ро пос дошта, оила бунёд мекунанд. Бо истодагарии дилдодагон ва хидмати бародаронаи шахсони номдору боҳиммати Мастчоҳ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мебурданд, ба монанди Мирзоабдураҳим Доробов, Маликусмон Шодмон, Маликсамеъ Бадиев, Тӯйхон Шарифов, Саидаброр Арбобов, соли 1968 ҷашн баргузор гашт.

Ин ҷуфти муносиб, ҷавону соҳибкасб ба ноҳияи Мастчоҳ, ки сокинони он аз кӯҳистон ба дашти лабташнаву фарохдомани Дилварзин омадаву бо табиат дастбагиребон буданд, омад.

 Корманди илмӣ…

Бибимайрам корро дар бунгоҳи минтақавии таҷрибавии вилоятӣ (АЗОС), ки бо мақсади омӯхтани таркибу навъ ва мутобиқатии хоки дашти Дилварзин бо сардории олими шинохтаи соҳаи кишоварзӣ М. Домуллоҷонов дар ноҳияи Мастчоҳ амал мекард, ба симати корманди хурди илмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соҳиби ду кӯдак шуд: Фарруху Фарҳод.

 Дар ноҳия аввалин кӯдакистон қомат афрохт. Бибимайрам роҳбарии кӯдакистонро бар дӯш гирифт. То соли 1975 ӯ ҳам мудири боғча буду ҳам дар мактаби миёнаи №4 ба духтарон аз фанни таълими меҳнат дарс медод.

Сафиямоҳ Алиева, мудири вақти кӯдакистони №4-уми деҳоти Мастчоҳ:

 Бибимайрам солҳои 1975 - 1983 муови­ни раиси Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ низ буданд. Орзу мекардем, ки мисли он кас бошем, зеро бомасъулият, соҳиби иззату эҳтиром буданд. Мо, кормандони кӯдакистон, ба бузургиву хушсалиқагии ин зан арҷ мегузоштем, зеро тифли 2-моҳаи худро ҳар пагоҳӣ ба кӯдакистон оварда мемонданду аз пайи кор мешуданд.

Дидор бо Валентина Терешкова

Соли 1978 бо ҳамроҳии чанд нафар занони барӯманди ноҳия дар Анҷумани ХI занони Тоҷикистон, ки дар Хонаи маорифи сиёсӣ (кохи Ваҳдат) барпо гашт, ширкат варзида, бо аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон Валентина Терешкова суҳбат менамояд.

 Бибимайрам мегӯяд, ки ин дидор ба ӯ неруи бузург бахшидааст, зеро вохӯрӣ бо як қаҳрамонзан орзуи духтарону занон буд, ки на ба ҳар кас муяссар мегашт. Пас аз ин дидор Бибимайрам ба тарбияи занону духтарон диққати ҷиддӣ дода, барои босаводу соҳибтахассус гаштани онҳо тадбирҳои зиёде андешидааст…

 Котиби ташкилоти ҳизбӣ

Бибимайрам Асадуллоева аз моҳи октябри соли 1983 то соли 1991 котиби озоди кумитаи ҳизбии хоҷагии калонтарини ноҳия – колхози ба номи Куйбишев (ҳоло АХД ба номи Ҳоҷӣ Амиров) буд.

 Он солҳо, - мегӯяд ӯ, - бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсию иқтисодии шаҳрвандон ҳар сол баъди анҷоми корҳои саҳроӣ, рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъаи ҳар ҳафта дарсҳои иқтисодиву сиёсӣ гузаронда мешуданд, ки онҳоро тарғиботгарон, ба монанди Маҳмадрауф Ғуфронов, Қосим Иноятов, Сафиямо Неъмонова ва чанде дигарон зери роҳбариву роҳандозии кумитаи ҳизбии хоҷагӣ ҷолибу муассир мегузаронданд.

Бо ибтикори котиби кумитаи ҳизбӣ Бибимайрам Асадуллоева дар ин хоҷагӣ ягона дар ноҳия ҳуҷраи маорифи сиёсӣ амал мекард, ки ҳамаи маводу адабиёти заруриро рост аз Маскаву Душанбе мегирифт.

Тарғибгарон бо аҳолии қобили меҳнати хоҷагӣ шабҳои саволу ҷавоб, мубоҳисаҳо, вохӯриҳо бо пешқадамони истеҳсолот мегузаронданд, ки ба ин васила савияи дониши шунавандагонашон баланд мегашт.

 Ташвиқгар

Раиси вақти ноҳияи Мастчоҳ Давлатбек Тӯтиев бо ёдоварӣ аз хидматҳои арзандаи бонуи фаъол дар пешрафти кори хоҷагӣ мегӯяд, ки натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ аз ҷониби Бибимайрам ба тарбияи кадрҳои таҳҷоӣ, махсусан духтарон, аз ҷумла механизатордухтарон эътибори ҷиддӣ дода шуду мутахассисон аз ҳисоби занону духтарон бештар гардиданд…

 Корманди шоистаи Тоҷикистон

Ин зани заҳматкаши паҳнои дашти Дилварзин, ҳамчунин модари меҳрубони 6 фарзанд дар тарбияву ба камол расондани онҳо муттакои бақуввате дошт. Шавҳари ӯ равоншод Кенҷабой Авазов, ки дар вазифаи сарзоотехники хоҷагии Куйбишев (ҳоло Ҳоҷӣ Амиров) кор мекард, маҳз дастгиру мададгораш буд.

Хидматҳои Бибимайрам Асадуллоева бо медали Барои меҳнати шоён (1986), унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (2004) қадр шуданд.

Борҳо дар озмуни ноҳиявии «Оилаи намунавӣ» иштирок карда, ғолиб гаштааст.

 Фарзандони ӯ имрӯз ҳар яке дар зиндагӣ роҳу мавқеи худро пайдо карда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз садоқатмандона дар хизматанд.

 Ваҳдат – пояи устувории давлат

Сулҳу салоҳ беҳтарин неъматест, ки онро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз кунему пойдор созем, - наҳсиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба ёд меовараду бо чашми гирён мисоле аз хонаводаи падараш ба ҳозирон гӯшзад мекунад, Бибимайрам.

  Дар он ҷанге, ки алангааш дар зодгоҳи ман – водии Вахш баландтар буд, волидонам ду шаҳписари худ - Суҳробу Рустамро аз даст доданд, ки Илоҳо, ҳеҷ касе дар ҷаҳон дигар чунин доғи ҷонсӯз набинад. Ҳазорон сипос ба Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он оташи давлатсӯзу миллаткушро хомӯш карданду сулҳу ваҳдатро дар диёр пойдор гардонданд.

Саидпочо ҲОФИЗОВА,

Ҷӯра ЮСУФӢ,

ноҳияи Мастчоҳ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 49)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон