Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Покиза» паранда мепарварад
ИҷтимоъМошин сабуку ором кӯчаҳои маркази ноҳияи Шаҳринавро убур намуда, ба роҳи камбар баромад ва байни зистгоҳҳои мардуми маҳал тақрибан 4 – 5 км роҳ паймуду дар мавзеи хушбоду ҳаво истод. Дар пасманзари кӯҳҳои сафедкулоҳ осмони нилгуну абрҳои сабуксайр зебоии ин гӯшаи диёрро ба чашм нотакрор менамуд. Дарахтони кайҳо барг афшонда, ки ҳар ҷо – дар доманаи кӯҳсор, давродавр ва миёнҷои деҳаҳо қомат боло кашидаанд, гӯё аз нӯги мӯқалами муъҷизаофари рассоми чирадасте рӯйи авроқи сафед рехтаанд. Чанд иморати якошёнаи нимдавра дар миёнаҷойи ин мавзеи барҳаво сохта шуда, гирду атофи онро чанд бинои хурду вагонҳо печидаанд.
Ин коргоҳи парандапарварии ҶДММ «Гурӯҳи ширкатҳои «Покиза» дар ноҳияи Шаҳринав аст. Ба дохили вагонхона даъват шудам. Вагон ба ду ҳуҷра тақсим мешуд ва миёнҷои он вазифаи ошхона ва даромадгоҳро дошт.
Вориди ҳуҷраи самти рост шудам. Гирди хонтахтае якандозҳо партофта, ду бонуи солор – яке рус, дигаре тоҷик менишаст. Маро хуш пазируфтанду ба нишастан хонданд. Сари ройонаи сайёр (ноутбук) Ирина Белкина, коршиноси соҳа, ки аз шаҳри Санкт-Петербург даъват шудааст, менишасту андешаманд тугмаҳои ройонаро пахш мекард. Ин бонуи солдида бо истифода аз таҷрибаи ғании хеш, фаъолияти шуъбаи назорати сифати маҳсулоти коргоҳро ҷоннок намудааст. Бо зиёд гардидани силсилакоргоҳҳои чӯҷабарорӣ, парандапарварӣ ва забҳхона назорати байториро низ ҷиддӣ ба роҳ мондаанд.
Бонуи дигарро аз тарҳи симояш метавон пай бурд, ки аз таҷрибаи рӯзгор фаровон баҳра бардошта, дар танӯри пешааш хуб пухтааст. Аз ҳарорати гармкунаки барқӣ ҳуҷра гарм ва суҳбат низ гарм мешавад.
Сабоҳат Набиева бо таҷрибаи 45-солаи корӣ дар соҳаи парандапарварӣ ҳамчун байтор дар ин коргоҳ фаъолият дорад. Хатмкардаи факултети байтории Институти хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) соли 1979 ба фабрикаи парандапарварии ноҳияи Пролетар (ҳоло ноҳияи Ҷаббор Расулов) роҳхат гирифта, то соли 1990 ҳамчун мудири озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои паранда заҳмат кашидааст. Дар ин миён, дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ масруф буд. Ба нафақа баромада, ҳамоно аз шуғли доимӣ канор нарафт. Чун шишаи хуб гудохта батобу мустаҳкам меояду ҳар куҷо харидори худро дорад, ӯ низ бо кулбори ғанӣ ба соҳаи худ баргашт.
Вазифаи асосии ман зери назорат гирифтани солимии парандаҳост, шуруъ аз тухм баромадани чӯҷаҳои инкубаторӣ то овардан ба коргоҳи мурғпарварӣ. Шумораи мурғҳо аз миқдори тухмҳои дар инкубаторҳо хобондашуда вобастагӣ дорад, ки баъди 21 рӯз аз тухм берун меоянд.
Соли гузашта 45 ҳазор мурғ парварда будем. Фаъолият дар коргоҳҳои парандапарварӣ аз рӯйи нақшаи «холӣ – банд» ба роҳ монда мешавад. Яъне, ҷойҳои холӣ аз паранда ё пури он. Агар коргоҳе нишонии «холӣ»-ро дошта бошад, ин маънои онро надорад, ки он аз истифода соқит шудааст. Баръакс, он дар марҳалаи тамизкунӣ қарор дошта, бо усулҳои махсус микробҳои сироятии ин макон нобуд карда мешаванд. Барои ин коргоҳ ба миқдори зарурӣ чӯҷаҳо омода карда мешаванд, ки баъди тамизкорӣ онҳо ба ин ҷо интиқол меёбанд. Пеш то 50–55 ҳазор чӯҷаро дар як коргоҳ ҷой медоданд, ҳоло ки дастгоҳҳои замонавӣ насб шуда, коргоҳҳои нав бунёд ёфтаанд, миқдори чӯҷаҳо низ дар ҳар коргоҳ аз пешин дида, камтар ҷойгир мешаванд. Ба ин тариқ, парвариши онҳо ҷараён ёфта, ба фурӯш омода мегарданд, - изҳор намуд байтор.
Бо назардошти оне, ки аз як коргоҳ пурра парандаҳо ба забҳхона равон карда мешаванд, байтор мутобиқи нақша поксозии механикӣ, тамизкунӣ, газатсия (усули дудкунӣ) ва ғайраро ба роҳ монда, пасон тули 3 рӯз дари коргоҳро мебандад. Баъди ин бори дигар тамизсозии ниҳоӣ гузаронда шуда, 3–5 рӯзи дигар дари мурғхона баста мешавад. Танҳо баъди ин бонуи байтор аз ҳар кунҷи коргоҳ намунаҳоро барои санҷиш гирифта, ба озмоишгоҳ барои таҳлил месупорад. Дар сурати босифат анҷом пазируфтани тамизкорӣ байтор барои ҷойгир кардани чӯҷаҳо иҷозат медиҳад. Ба ин тариқ, ҷараёни тамизкунӣ дар мурғхона аз 10 то 20 рӯзро дар бар мегирад. Ғайр аз ин, барои пешгирии бемориҳои паранда байтор бо усулҳои гуногун эмкунии онҳоро ба роҳ мемонад.
Чӯҷаҳоро аз рӯзи аввали аз тухм баромадан бар зидди бемориҳои сироятӣ эм мекунем. Яъне доруҳои эмкуниро ба об омехта, бо усули пошидан ва обдиҳӣ эмгузаронӣ мешаванд. Солҳои пеш ба ҳар як чӯҷа сӯзандору мегузарондем ва бо мурури пешравии технология ҳоло ин кор хеле саҳл анҷом дода мешавад. Рӯзҳои дигар тибқи нақша чорабиниҳои табобативу пешгирикунанда роҳандозӣ мегарданд, - ироа намуд бонуи кордида.
Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар соҳаи байторӣ» таъмини офияти беҳдошти байторӣ ва эпизоотӣ, ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ муайян карда шудаанд, ки макони зисти аҳолӣ, коргоҳҳои чӯҷабарорӣ, парандапарварӣ ва дигар ҳайвонот бояд дар масофаи на кам аз 3 км аз ҳамдигар ҷойгир бошанд, то дар ҳолати сар задани ягон бемории сироятии ҳайвонот (сироятҳои қатраӣ-ҳавоӣ) чунин масофаи муайян паҳншавиро пешгирӣ намояд.
Дар озмоишгоҳ чанд маротиба санҷишҳо мегузаронем ва дар сурати муайян намудани сирояте, ки таҳдид ба саломатии инсон менамояд, он миқдори парандаҳо нобуд карда мешаванд. Ғайр аз ин, ҳамарӯза аз 4 то 10 ҳодисаҳои фавти парандаҳо дар коргоҳ ё ҳангоми аз ҷое ба ҷое кашондани онҳо сурат мегирад, ки ин ҳодиса дар ҳар корхонаи парандапарварӣ ногузир аст. Агар мабодо аз меъёри муайян муриш зиёд гардад, мутахассиси хуб оид ба фавти аз меъёр зиёди парандаҳо чораҷӯӣ менамояд. Дар чунин ҳолат ҳамеша парандаҳои фавтидаро чок карда, меозмоям ва сабаб меҷӯям. Парандаҳо бояд дар микроиқлим, ҳарорат, намнокӣ ва рӯшноии муайян парвариш ёбанду бо ғизои зарурӣ таъмин бошанд,
афзуд бонуи ихтисосманд.
Сабоҳат Набиева бо духтар ва ду наберааш ҳоло дар шаҳри Душанбе истиқомат дорад ва ҳафтае ду-се маротиба ба ин коргоҳ меояду озмоишу таҳлилҳо карда, тавсияҳо медиҳад. Дар бораи фаъолияти байторӣ як қатор мақолаву китобчаҳо таҳия карда, дар мавзуи «Сирояти бактериявии парандаҳо» тадқиқот мебарад ва ният дорад рисолаи номзадиро дар ин мавзуъ ҳимоя намояд…
Дари вагонхонаро кушода ҳамроҳ берун меоему ҳавои тозаи зимистонро ба серӣ мешамем. Мӯйҳои аз боди нарму роҳатбахш ба рӯй шударо бо кафи даст ба пушт мекунам ва ба дуриҳои дур, ба кӯҳҳои ҷомакабуди сафедкулоҳ назар меафканам. Бо бонуи корсолор хайрбод карда, савори мошин даст меафшонам ва ҷониби пойтахт раҳ мегирам.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Шаҳринав - Душанбе