Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи калидист
ИҷтимоъКоҳиш додани сатҳи камбизоатӣ миёни аҳолии кишвар аз нақшаҳои аввалиндараҷаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, барои расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои зиёд рӯи даст гирифта шудаанд. Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ Одилҷон Муъминов бо қаноатмандӣ изҳор медорад, ки баҳри ноил шудан ба ҳадафи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нақша- чорабинии махсус мураттаб гардида, ҳамасола нишондиҳандаҳои сатҳи камбизоатӣ рӯ ба пастравӣ доранд. Мавсуф бо шаҳодати рақамҳо исбот менамояд, ки теъдоди оилаҳои камбизоат аз 14772 имрӯз ба 9 ҳазор коҳиш ёфта, мақсад аст, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани некуаҳволии мардум ин рақам то ба 6 ҳазор поин бурда шавад.
То охири соли 2024 ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ аризаи 7207 хонаводаи камбизоат тариқи барномаи коркарди компютерӣ (АСИСТ) барои таъмин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ворид гардид. Хоҳиши 6572 оила пазируфта шуд, муроҷиати 90 оиларо барнома рад намуд. Маблағи харҷшудаи кумаки унвонии иҷтимоӣ ва ёрмандии яквақтаина дар соли рафта 9 миллиону 347 ҳазору 820 сомониро ташкил дод. Маблағҳои сарфгардида ва шумори оилаҳои аз кумакҳо баҳраваршудаи соли сипаришуда гувоҳи ба тадриҷ коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ миёни мардуми ноҳия мебошад.
Дигар аз дастгириҳои шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми майи соли 2010, № 232 «Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва пардохти кумакпулии давлатӣ ба кудакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» мебошад, ки кормандони шуъба тавонистанд дар ҳамкорӣ бо идораҳои дахлдор ба ин қишри осебпазир давоми сол зиёда аз 490 ҳазор сомонӣ кумакпулии давлатӣ пардохт намоянд.
Бо мақсади дар амал иҷро кардани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ёрӣ расондан ба ниёзмандон бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти ғамхориҳои рӯзафзуни МИМҲД ноҳия, хусусан раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, соли сипаришуда ба зиёда аз 4 ҳазор муҳтоҷу барҷомондагон ва ятимону бепарасторон дар ҳаҷми 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддию молӣ расонда шуданд. Аз ҷумла, ба маъюбони гурӯҳҳои якум, дуюм ва сеюм 30 аробачаи маъюбӣ, 12-то асо, 7 асобағал, 2 асбоби шунавоӣ ва 3 асбоби нобиноӣ тақсим карда шуданд. Бо дастгирии раиси ноҳия дар арафаи Соли нав ба 642 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд, 63 нафар ятими кулл ва 17 оилаи сарпарасташон дар вақти адои хизмат дар марз вафотнамуда кумакҳои якдафъаинаи хӯрокворӣ расонда шуданд.
То оғози соли нави 2025 шумори нафақагирон дар ноҳия ба 26428 нафар мерасид, ки нисбат ба соли қаблӣ 812 нафар зиёд буда, 5065 нафарро шахсони маъюб ташкил медиҳанд. Давоми сол барои 78 нафар нафақахӯри аҳамияти маҳаллидошта бо қарори раиси ноҳия 134352 сомонӣ маблағ ҷудо гашт, нафақаи ҳармоҳаашон сари вақт пардохт мегардад.
Одилҷон Муъминов бо қаноатмандӣ изҳор менамояд, ки соли гузашта дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ» 40 нафар ниёзмандро ба осоишгоҳҳои табобатию истироҳатии дохили ҷумҳурӣ фиристоданд, ки ин аз ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ниёзмандон маҳсуб меёбад.
Р. НАЗИР,
Душанбе-Рӯдакӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
