БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Равшангаре аз диёри Нур

Иҷтимоъ / Аз ҳар боб

Борои таҳияи мақолаҳои озмунии маҷалла ин бор чор нафар хабарнигорон ба ноҳияи Нуробод сафар намудем. Тавре маълум аст аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳия 155 километрро дар бар мегирад. Бояд иқрор шуд, ки ин сафар кирои хотиранигории моро дошт. Раҳораҳ аз табиати дилфиреби ин макон лаззат мебурдему аз буйи гулу буттаҳои ин минтақа нафаси роҳатбаш мекашидем. Ҳар ҷое аз ронанда хоҳиш мекардем, ки ин ҷо каме таваққуф кунем. Оби чашмаҳоро, ки аз қаъри куҳ ғута мезаданд менӯшидем. Чашм аз зебоиҳои ин макон ҳеҷ кандаӣ набуд…

Аз соли 2009 маркази маъмурии ноҳияи Нуробод ба шаҳраки зебову дилорои Дарбанд кӯчониа шуд, ки дар маросими кушодашавии ин шаҳраки зебо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда буданд. Ба шаҳраки Дарбанд ворид шудему аз зебоии ин макон, ки миёни ин кӯҳҳо сохта шудаанд дар ҳайрат мондем… Суроғи бонувони собиқадори меҳнатро мегирифтем, то бидонем саҳми бонувон дар ободгардонии ин ноҳия чи гуна аст. Масъулини ноҳия аввал номи Шаъмигул Наботоваро ба забон оварданд, ки дар ноҳия хизматҳои шоёнеро анҷом додаасту миёни мардум ҳанӯзам соҳибэҳтиром аст. Воқеан, пас аз вохури ба ин модари меҳнатдӯст ӯро фидоиву ватандӯстдор пайдо кардем. Аз суҳбаташ қалб орому рӯҳ болида мегардид. Ҳар каломаш омӯзандаву ҳар маслиҳаташ ба ҷой буд. Ӯ солиёни зиёд ба толибилмони мактаби рақами №6-и ноҳия аз фанни география дарс мегуфту миёни хонандагон маҳбубияту маъруфияте хосе дошт. Ӯ чун шаъме месӯхт, то роҳи минбаъдаи шогирдонро равшан намояд. Заҳматҳои пайвас­таву содиқонаи ин бонуи вайро ба то директори мактаб, раиси ҷамоат ва муовини раиси ноҳияи Нуробод овард.

Маълум гардид, ки замони муовини раиси ноҳия (2010–2015) будани Шаъмигул Наботова саъй намудааст, ки духтарони ноҳия маълумоти олӣ гирану дар оянда роҳи зиндагиро пайдо созанд. Таҳсили духтарон дар ин минтақа мушкили асосӣ ҳисобида мешуд. Пайвата дар ҷамоату деҳаҳаои дурдаст бо волидони духтарон суҳбатҳо намуда, онҳоро аз рӯзгори дурахшони духтарон ва имкониятҳои хуби Ҳукумат огоҳ мекард. Аксари ин вохӯриҳо бо хубӣ анҷом меёфту духтарон як-як ба сӯи Донишгоҳҳои кишвар қадам мезаданд.

Боре суроғи духтари фаъолеро аз як деҳаи дур гирифтем. Хостем тариқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шавад. Волидонро розӣ кунондем, ки ин духтари мо низ ҳаст. Зеро мо кормандони мақомоти ноҳия пайваста аз аҳволи донишҷуён хабар мегирифтему кумакҳо мекардем, ба хобгоҳҳову Донишгоҳҳо мерафтем, аз аҳволу зиндагияшон бохабар будем. Ҳоло ин бону дар деҳа муаллимаи обруманде аст, ки мардум эҳтиромаш мекунанд. Ва мо аз корҳои сомондодаи хеш ки нафареро раҳнамоӣ намудаему зиндагии осоишта дорад шодем, -

мегӯяд Шаъмигул.

Ба қавле ӯ як умр дар хизмати мардум будаву аз ин самт ба нафақа баромадаасту аз дастгириҳои пайватаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мардуми ин минтақа намудааст сарфароз аст.

 Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду барқарорсозии Дарбанди бостон аҳамияти хосае дода шуд. Бо шарофати ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи саросари кишвар шаҳри Дарбанд аз як мавзеъи харобазор ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ бо бинову ишоотҳои зебояш табдил ёфт. Дарбанд ҷузъи муҳими таърихи кишварамон буда, дар таърихи миллати тоҷик нақши барҷаста гузоштааст,- иқрор меояд қаҳрамонам.

Айни ҳол Шаъмигул Наботова дар ҳалқаи пайвандону наберагон давлати пирӣ меронад. Аз се писару ду духтар соҳиби набера мебошад. Миёни мардуми ноҳияи Нуробод ӯро ҳамчун корманди собиқадору ботаҷриба эҳтиром мекунанду ба заҳматҳояш арҷ мегузоранд. Агарчӣ вай соҳиби ягон унвоне барои заҳматҳои шоёнаш нест, вале муҳаббату эҳтироми мардум барояш қадр дорад. Гарчанде мегӯянд, ки бо нафақа рафтан инсон аз хотираҳо фаромӯш мешавад, аммо чунин нест. Ба суроғи ин бонуи дар­ёдил мардуми маҳал мештобанду аз маслиҳату роҳнамоиҳояш баҳравар мегарданд.

 Эҳсос мекунам, ки кори роҳбарони имрӯза аз замони мо куллан тафовут дорад. Талаботи аҳолӣ сол аз сол зиёду гуногун мешавад. Ва ин масъулияти бузургро мехоҳад. Бо мардум кор кардану забон ёфтану мушкилашро ҳал кардан вазифаии ҷонист, -андеша дорад ҳамсуҳбатам.

Ӯ бо ифтихор мегӯяд: «Ҳар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интизор мешавам аз шаҳомати ин иди бузург меболам. Шукронаи онро мекунам ва ба дигарон низ мегӯям, ки дар хонадони мо оромиву осудагӣ, дар дастархонамон нон ҳаст. Мо бо дили пур ба меҳмонӣ ба дидорбинӣ меравем, аз ҳавои беғубори ин Ватан нафас мекашем, ки ин худ як давлати бебаҳост.

 Тарбия кори дастаҷаъмона аст

Мо як тартиби тарбияи фарзандро дар оила роҳандозӣ кардаем. Вақте кӯдак чизеро донистан мехоҳад, ба оромӣ ба ӯ мефаҳмонем, зеро кӯдак аз тифлӣ фикр кардану мустақилона шахсият шуданро надонад. Мо бояд ба онҳо кумак кунем. Ҷопониҳоро як хонаро дар ихтиёри кӯдак мегузоранд ва ба ӯ муҳити комилан озодро таъмин мекунанд. Ба сараш дод ҳам намезананд, ки чаро дар девор хат кашидӣ. Фарзандони мо ҳам тақрибан дар заминаи чунин фазо тарбия ёфтаанд. Чунин муҳитро барои мо пеш аз ҳама шавҳари меҳрубонам фароҳам оварда буд, - иброз дошт Шаъмигул.

Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе - Нуробод

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 34)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон