Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Садафу Тилло - рӯзгори пур аз нишот
Иҷтимоъ / Аз ҳар бобПанҷоҳ соли ҳамзистӣ барои Садаф Ҳалимова ва Тилло Соҳибназаров рӯзгори пур аз нишоту фараҳ ва иқболу сарфарозиҳост. Инро фақат аҳли хонадон не, балки ҳаққу ҳамсояҳо ва кулли бошандагони деҳаи Ҷонварсӯз хуб медонанд. Бобои Ҳалими дастархондор, падари Садафро кам касоне ҳастанд, ки дар ноҳияи Файзобод нашиносанд. Холаи Марҷонро ҳамчунин, ки баъди аз сар рафтани шавҳар бо заҳмати шабонарӯзии сари замину обилаи дастон ду ҷигарбандаш - Тиллою Собираро ба камол расонд, аксар медонанд.
Садафу Тилло, яке сокини деҳаи Карсанг ва дигаре сокини деҳаи Ҷонварсӯз, ибтидои соли 1974 бо ҳам издивоҷ намуда, ба қавле базми комсомолӣ барпо карданд. Панҷоҳ сол пеш ин гуна хурсандӣ орзуи ҳар ҷавондухтару ҷавонписар буд, ки бо барпо шудани тӯй хабари он аз деҳа ба деҳаи дигаре хушоянд садо медод, ки «фалониҳо базми комсомолӣ» доранд. Комсомоли шуравӣ, чун ҷавонони созандаи имрӯз, пешоҳангони хониш ва кору зиндагӣ буданд.
Садафу Тилло ҳам аз рӯзи нахустини сар ба як болин мондан, чун комсомоли содиқ аҳд карданд, ки касе садди хушбахтии рӯзгорашон намешаваду муҳаббати оилавии онҳо побарҷо хоҳад монд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Садаф хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Вахдат) буду ҳамшираи шафқати беморхонаи марказӣ, Тилло бошад, Омӯзишгоҳи маданияту маърифатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)-ро хатм намуда, дар хонаи пионерон аксбардорӣ мекард. Завҷаи ҷавону меҳрубон гапи Тиллоро ду накард, аз беморхонаи марказӣ ба бунгоҳи тиббии деҳа тағйири ҷойи кор намуд, то дасти холаи Марҷон сабук шавад.
Кори бунгоҳи навташкил чандон саҳл набуд. Акнун мизоҷон ба маркази ноҳия нарафта, дари ӯро мекӯфтанд. Хусусан, занони кӯдакдору бонувони ҷавон бештар ба Садафи ҳамшира муроҷиат мекарданд. Гуларус танҳо сунҳори холаи Марҷон не, балки хеши ҳамаи сокинони деҳа шуд. Барои ҳамшираи ҷавон рӯзу шаб яке буд, кай ва кӣ муроҷиат мекард, иҷозаи шавҳар мегирифту пайи вазифа мерафт. Тилло чун медид, ки мардум ба шафқати арусаш ниёз доранд, на танҳо монеи кор, балки аз ӯ ёриро дареғ намедошт. Оилаи хушбахт, ҳине ки суҳбат меоростем, аз шириниҳои кору зиндагӣ зиёд ёдовар шуданд. Як бору ду бор не, Тилло зиёд шабҳо пушти дари сокинони деҳа завҷаи меҳрубонашро интизор шуда, ки ӯ ёрии аввалинро ба бемор расонаду ҳамроҳ ба хона баргарданд.
Хотирае пеши назар омад, ки Садаф дар мадади зани ҳамсоя то сари субҳ он ҷо монд. Ҳамсари дардошною дилошнояш Тилло Соҳибназаров ӯро аз дари ҳавлӣ пешвоз гирифту нахуст аз ҳоли бемор пурсид. «Шукр, ки дами саҳар фишораш ба ҷо омад», - гӯён Садаф бо чашмони дар хоб ниҳон ҷониби ошхона давид, чун барои шавҳару фарзандони мактабхон наҳорӣ омода созад. Ҳарчанд шавҳар пофишорӣ кард, ки сари хобашро гираду худ наҳорӣ омода мекунад, Садаф розӣ нашуд. Ҳар ду дар ошхона субҳонаи бачаҳоро пухтанд, баъди тановул фарзандон ба дарс, зану шавҳар пайи кор рафтанд.
Тули бист соли аввали зиндагӣ, то замоне ки духтарчаҳо калон шуданд, зиндагии Садафу Тилло ба ҳамин минвол сипарӣ мешуд. Дар ин байн Тилло ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ғоибона дохил шуда, маълумоти олӣ гирифт. Суратгири хуб гуфта, Тиллоро ба рӯзномаи ноҳиявӣ оварданд, ки ҳафтае се маротиба нашр мешуд.
Вазифаи оилаи намунаи деҳа қариб ки ҳамсон шуд. Тилло миёни кормандони эҷодӣ обутоб ёфт, аз аксбардориҳои пурмазмун оҳиста-оҳиста ба навиштан рӯ овард, ба хоҷагиҳои дурдасти ноҳия, барои навиштану сурат гирифтан мерафту бевақт ба хона меомад. Гоҳо вазифаҳои мардона ба дӯши Садаф меафтод ва рӯзгори даҳсолаҳо пеш ёдаш меомаданду ба ҳама шукр мегуфт. Шукри неъмату зиндагии осуда гуфтанҳо ҳаёти хонаводаи хушбахтро боз ҳам рангин месохт. Фарзандҳо бо маром ба камол расида, якояк ба макотиби олӣ дохил мешуданд. Чун оила калон шуд, хароҷот низ зиёд гашт, маоши зану шавҳар ва як порчаи хурди ҳавлӣ барои полизӣ ва хӯрондани оила басӣ намекард. Чанд соле заминҳои хоҷагиро иҷора гирифта, шоликорӣ намуданд. Ҳарчанд иқлими фораму серуни Файзобод ба ин зироат мутобиқ нест, Садафу Тилло ҳосили дилхоҳ рӯёнданд.
Дертар, зодмандон бо фарзандон, ки пасопеш донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекарданд, ба хулосае омаданд, ки хоҷагии деҳқонӣ ташкил намоянд, то даромади иловагӣ ба даст оварда, чун гузашта зиндагиро хуб ба роҳ монанд. Раиси вақти ноҳия ҳам ба азми Садафу Тилло бовар дошт ва қитъаеро аз соҳили дарёи Элок барои ин хонавода ҷудо намуд. Онҳо дар баробари зироату полизӣ ва бунёди боғ дар як гӯшаи замин кӯли моҳӣ созмон дода, парвариши онро ба роҳ монданд. Тиллои эҷодкор, ки фарзандони чун худ рамузфаҳмеро дорад, миёни дарахтони боровару сояафкан катеро бо нақшу нигори миллии тоҷикона рост кард, ки диққати ҳар роҳгузарро ба худ мекашад ва намунаи олие барои истироҳати аҳли оилаю ёру дӯстон аст.
Остони Садафу Тилло макони дилхоҳ бошандаи деҳа аст, ки чун хонаи худ равуо доранд. Якеро давои ҳамшираи соҳибтаҷриба Садаф Ҳалимова ва шогирдони тарбиякардааш ба ин хон меораду дигареро суҳбати лаззатбори марди хона, Тилло Соҳибназаров, ки муаллифи китобҳои зиёду хотираҳои ҷаззоб аст. Воқеан, Тилло баъд аз синни панҷоҳ, ҳине ки фарзандон ба камол расиданд, вақти бештари худро ба эҷод бахшид. Достони «Амир Ҳамза»-ро бо ҳуруфи кириллӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявӣ пора-пора нашр карду баъдтар достони мазкур дар таҳияи Тиллои Соҳибназар ва Темур Шукурзода дар шакли китоби алоҳида рӯи чоп омад, ки то ба ҳол онро бо шавқ мехонанд.
Месазад гуфт, ки барҳақ ӯ вориси сазовори Амир Ҳамза гашта, ба он умри дубора бахшид. Баъдтар Тилло Соҳибназаров дар таҳияи дигар қиссаҳое чун «Қисас-ул анбиё», «Дур-ул-маҷолис», «Далла ва Мухтор», «Чор дарвеш» сари фикр нишасту ҳамагиро рӯи чоп овард, ки дар фазои хуши эҷод мондану фаъолият намудан, завҷаи меҳрубонаш Садаф Ҳалимова саҳми шоиста дорад. Ин баҳои мо не, хулосаи зиндагии осуда ва баҳои акаи Тилло аст, ки мегӯяд дар таълифи китоби «Мулки орифон» ҳам завҷаи дӯстдораш дар бари ӯ буду барои дарёфти факту далелҳо кумакаш мекард. «Мулки орифон» аз рӯзгори мардуми деҳаи Ҷонварсӯз, зодгоҳи азизаш, нақл мекунад ва хонданию диданӣ аст, ин китоб.
Дигар чӣ ҳам гӯем, ки ҳанӯз ногуфтаҳо зиёд мондаанд, вале наметавон зикр кард, ки Садафу Тилло аз зиндагии шаҳдбори худ меваҳои ширин, фарзандони накуном ёфтаанд. Ба амсоли Дилбар, ки соҳибкори муваффақ аст. Писари калонӣ Фирӯз айни ҳол роҳбари хадамоти ҳарбикунонидашудаи оташнишонии ноҳияро ба уҳда дорад. Зуҳро омӯзгор, Султон директори почта, Зафар мудири шуъбаи фарҳанг, Шуҳрат сармуҳандиси идораи назорати роҳҳои автомобилии ноҳия мебошанд. Духтари хурдии хонадон Ҳавасмоҳ бошад, пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Хусусиятҳои грамматикӣ ва функсионалии хабар дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» алҳол дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода вазифаи мудири кафедраро ба зимма доштаву дар арафаи ҳимояи кори докторӣ қарор дорад.
- Комёбию пешрафти рӯзгори фарзандон аз заҳмату тарбияи пурмаҳсули волидони онҳо шаҳодат медиҳад, - мегӯянд дӯстону наздикони хонадон ва онҳое, ки ин оилаи хушбахтро мешиносанд. Садафу Тилло, дарвоқеъ ҷуфти муносиб ва оилаи хушбахту намунаи ноҳия ҳисоб меёбанд.
Рустами НАЗИР
Мубодила:
Шарҳҳо
