Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар кору зиндагӣ хушбахтам
ИҷтимоъШуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро бонуи боистеъдод, соҳибихтисос, ташаббускор ва соҳибтаҷриба Мунира Алифбекова мудирият мекунад. Фаъолияти содиқона ва босамар дар зинаҳои гуногуни сохторҳои маориф ва хизмати давлатӣ боис шуданд, ки ӯ чун мутахассиси дорои касбияти баланд ва соҳибэҳтиром дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ ташаккул ёбаду эътирофи умум гардад.
Фаъолияти меҳнатии Мунира пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори фании таърих ва ҳуқуқ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз шуд. Мутахассиси ҷавон дар муҳити барояш ошно, ки бештари айёми кӯдакӣ ва наврасиаш ҳамроҳи хонавода дар ин шаҳри барояш азиз ва мактаби дӯстдоштааш сипарӣ гардида буд, бо азми қатъӣ ба кор пардохт. Мактаб барои мутахассиси ҷавон саҳнаи омӯзиши пайваста ва такмили маҳорату малакаи касбӣ гардида, ӯ дар ҷодаи омӯзишу парвариши шогирдон ба натиҷаҳои хуб ноил шуд.
Бонуи омӯзгор ҳашт соли фаъолияти касбиашро ба таълиму тарбияи хонандагон дар макотиби шаҳр бахшид. Бо гузашти солҳо имрӯзҳо низ ӯ бо ҳамкорон, иддае аз шогирдон ва волидонашон тавассути интернет дар тамос асту аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабаранд. Зеро онҳо омӯзгори ҳалиму меҳрубон ва соҳибсалиқаро чун узви хонаводаашон мешуморанд…
Омӯзгорро дар баробари дониши хуб хирад ва сабру таҳаммул мебояд. Чун равоншинос ба ҳар шогирд бояд тавре муносибат кунад, ки дар ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва шахсияти ӯ ҳамчун инсони хубу эҷодкор мусоидат намояд, - баён медорад Мунира.
Саводи баланд ва маданияти хуби муоширати омӯзгори ҷавони серғайрату хушгуфтор ва хушрафтор аз доираи таваҷҷуҳи мудирияти мактаб ва волидон берун намонд. Волидон аз ӯ хоҳиш менамуданд, ки хониш ва рафтори фарзандашонро дар мактаб зери назорати қатъӣ гирад ва ё барояшон машғулияти беруназсинфии фаннӣ доир намояд. Мунира ҷойе имконият меёфт, хоҳиши волидонро сомон медод. Дарсҳои шавқовари муаллима на танҳо ба хонандагон имкон медоданд, ки аз фанни таъриху ҳуқуқ бо дониши хуб мусаллаҳ шаванд, балки дар интихоби касби иддае аз шогирдон таъсиргузор бошанд…
Дар мактаб бо хонандагони душвортарбия ҳам сару кор гирифтан рост меомад. Мунира аз зумраи он омӯзгорони мактаб буд, ки барои ба роҳи дуруст раҳнамун сохтани чунин афрод донишу неру ва вақташро дареғ намедошту талошҳояш бесамар намемонданд.
Баъзан дар ҳаёти инсон ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки маҷрои зиндагии шахсро дигар мекунад. Ҷавонеро, ки бо Мунира оила барпо намуд, ҳамчун мутахассис барои кор ба ноҳияи Рӯшон фиристоданду зану шавҳар аз шаҳр ба деҳа омаданд. Шавҳар роҳбари стансияи обуҳавосанҷӣ таъин шуда буд. Мунира ҳамчун сармураббии мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба фаъолият пардохт. Заҳмат дар ин даргоҳ, ки дар он таълимгирандагон аз кулли манотиқи кишвар дучор меоянд, барои мураббии донову серғайрат ва нармгуфтору хушмуолмила майдони дигари сайқали муҳорату малакаи муошират гардид. Тарбиятгирандагон аз омӯзгори доно ва хушгуфтору меҳрубон, ки ба ҷойи модар дар ҳаққашон ғамхорӣ менамуд, ҳамеша бо хотироти хуш ва некӣ ёд меоранд.
Тирамоҳи соли 2015 Мунирабону дар озмуни довталаб ба мансаби сармутахасси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯшон ширкат ва муваффақ шуд. Аз рӯзҳои аввали корӣ худро чун мутахассиси масъулу босавод ва ташаббускор нишон дод. Сифати ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъба намуна аст. Назорат аз болои иҷрои фармонҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои раиси вилоят ва раиси ноҳия, назорати рушди иҷтимоӣ ва фарҳанг ва таҳлилу пешниҳод намудани гузоришҳо аз ин самтҳо аз вазифаҳои шуъба буда, кормандони шуъба ва мудирабону вазифаҳои хидматиро бо сифати баланд анҷом медиҳанд.
- Бунёдкориҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба симои маркази ноҳия - шаҳраки Вомар ва деҳот ҳусни тоза зам намуд. Бунёди бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва дигар муассисаҳо, бонкҳо боғчаҳои бачагона, кӯдакистон, майдончаҳои нави варзишӣ. Майдони Парчами давлатӣ ва Нишон, гулгаштҳои ободу зебо, ки ба макони сайругашт ва фароғати сокинон табдил ёфтааанд, мавриди ис тифода қарор гирифтани гармхонаҳои нав аз зумраи ин ибтикорот мебошад. Дар баробари идора ва муассисоти давлатӣ мизони ширкати сокинон дар корҳои ободонӣ сол ба сол меафзояд, ки аз боло рафтани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамчун шаҳрванд ва сокини кишвар аз ин пешрафт ва истиқрори сулҳу суботу амнияти комил меболанд.
- Дар баробари намояндаи шоистаи ҳокимияти давлатӣ будан, сокинони деҳа аз Шумо чун кадбонуи хуб ҳам ном мебаранд,- мепурсам аз Мунирабону.
- Дар Бадахшон аз рӯйи нишондоди стансияи обуҳавосанҷӣ ҳаво бештари вақт тағйирёбанда ва барфу боронист, вале шукри худованд, ки чор фасли сол дар хонаводаамон ҳавои софу беғубори хамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, - мекӯшам корҳои занонаро пурра худам иҷро намоям, вале иҷрои вазифаҳои шуъба баъзан дар доираи соатҳои корӣ намеғунҷанду вақти бештар талаб мекунанд. Агар банд бошам, шавҳарам дар гирифтану бурдани фарзандон ба боғчаву мактаб ва дигар корҳои хона ба ман ёрии хешро дареғ намедорад. Мегӯянд, ки «хушбахт касест, ки субҳ дилаш ба кору бегоҳ ба хонаводааш кашол бошад». Оила ва ҷойи кор бароям азизанду худро бонуи хушбахт дар кору зиндагӣ мешуморам, - афзуд Мунира Алифбекова.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Рӯшон
Мубодила:
Шарҳҳо
