Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ваҳдати миллӣ пойдор бошад
ИҷтимоъМоҳи июни соли 1973. Хонандаи мактаби миёнаи № 8-уми шаҳри Хоруғ будам. Котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳр Шофақир Ҷумъаев даъват кард. Ҳамроҳи модарам рафтам. Ӯ гуфт, ки маро ба лагери умумииттифоқии «Артек», ки дар Қрим ҷойгир аст, фиристонданианд.
Шодиву нишотам ҳадду канор надошт. Бори аввал бо ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе парвоз кардам. Истироҳат дар лагер хушу гуворо сипарӣ шуд. Азбаски он замон дар шаҳри Берлин Фестивали 10-уми ҷаҳонии ҷавонон мегузашт, дар «Артек» низ фестивали хурд доир гардид, ки дар он наврасони 57 давлати дунё ширкат варзиданд. Ман, ки бори аввал дур аз Ватан будам, баъзан дилтангу андуҳгин мешудам. Сармураббии мушфиқу дилогоҳ Татяна маро доимо тасаллӣ медод. Ҳангоми бозгашт, вақте қаторкӯҳҳои Ҳисор намоён ва ҳавопаймо ба фурудгоҳи пойтахт расид, хурсандиамро ҳадду канор набуд ва аз ҳамон лаҳза Душанберо хеле дӯст доштам.
Моҳи сентябри соли 1992 ба рухсатии навбатӣ баромадаму ба шаҳри Душанбе омадам. Ҳаво ниҳоят гарм буд. Кӯчаҳои шаҳр серодам. Аз майдонҳо садоҳои зиёд ба гӯш мерасиданд. Ҳамарӯза аз телевизиони кишвар ахбор дар бораи ғоратгарӣ, куштор, ваҳшониятҳои гӯшношунид пахш мегашт. Пас аз рухсатӣ барои идомаи фаъолият ба прокуратураи ноҳияи Ванҷ фиристода шудам...
9-уми апрели соли 1995, соати 17, ки рӯзи истироҳатӣ буд, дар хона будам. Ногоҳ аз берун ба гӯшам садои доду фарёд расид. Одамони зиёде борҷомаҳо ба даст сӯи деҳаи Ванҷи Боло мешитофтанд.
Субҳи рӯзи дигар, аз соати 7, чархболҳо ба маркази ноҳия парвоз намуданд. Рӯзи дуюми ин ҳодиса шомгоҳон барои дарёфти маводи ғизоӣ ба деҳаи Ска рафта, дар роҳ бори аввал шахсони маҷруҳро вохӯрдем. Муддати як моҳ дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бо гурезагон кор бурдем, сарпаноҳ меёфтем, онҳоро бо ғизо таъмин мекардем.
Моҳи ноябри соли 1995 маро ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карданд. Дар роҳ, аз ноҳияи Ванҷ то шаҳри Душанбе, 43 дидбонгоҳро ба саломат гузаштем.
Инак, аз он рӯзҳо солҳо сипарӣ шуданд. Сокинони кишвар дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор доранд. Сад шукр, ки дар кишвари азизамон сулҳу салоҳ, ваҳдат пойдор, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бо талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободкориву созандагиҳо бомаром идома доранд.
Орзу дорам, ки сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон ҳамеша пойдор бошад. Дар ин рӯзи саид, ки бароям беҳтарин ид аст, тамоми сокинони кишвари азиз - Тоҷикистонро самимона шодбош гуфта, барояшон саломатӣ хушбахтӣ, хонаободӣ, осмони соф ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Фаросатмо ҒАЮРОВА,
сокини шаҳри Хоруғ
Мубодила:
Шарҳҳо
