Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Саҳми занон дар тарғиби фарҳанги сулҳ
ИҷтимоъДар солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар занон бо сухан ва амали созандаю ваҳдатофарашон худро чун неруи аз ҳама фаъол ва муташаккили ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишон дода, дар тарғиби фарҳанги сулҳу ваҳдат саҳми бориз гузоштанд. Нахустин ҳамоиш ва раҳпаймоӣ бар зидди силоҳу маводи мухаддир ва ҷонибдорӣ аз истиқрори сулҳу ваҳдат, ки бештар аз ҳазор сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атрофро гирд овард, бо ташаббуси гурӯҳи бонувони созанда ва ваҳдатофаре чун Аввалмо Дӯстова баргузор гардид.
Дар ин давраи душвор ба Аввалмо, ки солҳои зиёди собиқаи корӣ дар сохторҳои ҳизбӣ ва давлатӣ дошт, мудирияти сохтори навтаъсиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳрро бовар карданд. Хушбахтона, вай аз иҷрои ин вазифаи пурмасъул шарафмандона баромад. Ба ҳайси намояндаи Кумитаи занон ва оила бонувони фаъолро гирд оварда, дар маҳаллаҳои шаҳр тарғиботи густарда бар зидди силоҳдорон ва қочоқбарони маводи мухаддир ва ҷонибдорӣ аз фарҳанги сулҳу ваҳдатро ба роҳ монд. Ба гуфтаи Аввалмо, зан табиатан ваҳдатофар буда, эҳсоси масъулияти бузург дар назди тақдири ояндаи фарзандон, оила ва ҷомеа бонувонро дар талош барои ҳаёти солим ва амну осоишта муттаҳид сохт ва суханони ваҳдатофару амали бунёдкоронаи онҳо зуд хусусияти оммавӣ пайдо намуданд.
Кормандони мақомоти маҳаллӣ, ки аксарашон афроди касбӣ ва содиқ ба иҷрои вазифаашон буданд, бо зиндагии хоксорона фарқияти зиёди иҷтимоӣ аз мардум надоштанд, ба фишорҳои зиёди гурӯҳҳои мусаллаҳ нигоҳ накарда, дар бароварда сохтани ҳадафи созандагӣ ва сулҳу ваҳдат собитқадамона кор мебурданд. Ҷиҳати камбуди сӯзишворӣ ҳатто роҳбарони мақоми аввали шаҳру вилоят он вақт пиёда аз кор ба хонаашон, ки раҳораҳ пур аз силоҳбадастон буд, мерафтанду меомаданд. Бештари кормандони мақомот ба ин тарз кор мекарданду Аввалмо яке аз онҳо буд. -Тоҷикистон имрӯз яке аз давлатҳои амнтарин ва босубот аз рӯйи нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон ҳасту аз ин дастовардҳо ифтихор дорем. Чунин зиндагии хушбахт бо кӯшишу ҷонбозиҳои Ҳукумати бунёдкору сулҳпарвари кишварамон таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки азму иродаи қавии сиёсиашон ба эҷоди сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз минбари баланди башар ҳам мавриди ситоиш ва намуна барои пайравӣ қарор гирифт, фароҳам омад.
Алҳол, вақте ба нуқоти доғ дар сайёра менигараму мебинам, ки муколамаҳои сиёсӣ бо чи қадар кундӣ пеш мераванд, бештар муътақид мешавам, ки ба шарофати Сарвари ваҳдатофару сулҳовар ва хиради азалии халқи тоҷик фарҳанги сулҳ дар кишвар болу пар зад. Марҳалаи тайнамудаи мардуми кишвари азизамон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат аз даврони беназмиҳо то шукӯҳу ман залати имрӯза бесобиқа аст, - изҳор дошт бонуи солманду таҷрибадида Аввалмо Дӯстова.
Аввалмо аз сафари нахустини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ, ки 13-уми июни соли 1993 сурат гирифта буд, хотироти рангин дорад. Роҳбари давлат пеш аз мулоқот бо фаъолони вилоят ба корхонаи дӯзандагии шаҳр ташриф оварданд. Мушкилоти корхона зиёд буд, вале коргарон бештар аз вазъи амниятии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ изҳори нороҳатӣ карданд.
- Аксари мардуми кишвар ҷонибдори сулҳу оромӣ ва ободианд. Нороҳат набошед, ин мушкилоти муваққатиро якҷоя аз миён мебардорем, - изҳор доштанд Роҳбари давлат дар ҷараёни мулоқот ва афзуданд, ки дар пойтахти мамлакат корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, алоқаю дигар муассисаҳои хизматрасонӣ ба кор шуруъ намуда, ояндаи давлату кишвар аз амали ҳар сокини соҳибхираду дурандеши он вобаста буда, бояд бо дастони худ, бо амали созандаи худ онро обод намоем.
Ширкат варзидани Сарвари давлат дар маросими ба кор андохтани агрегатҳои аввали Неругоҳи барқи обии «Помир-1», ки моҳи марти соли 1994 дар арафаи Иди Наврӯз дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон баргузор шуд, рӯйдоди муҳими таърихии дигар буд, ки аз ҷониби коршиносони дохилу хориҷ чун оғози эҳёи Тоҷикистони саноатӣ арзёбӣ гардид. Дар ин мулоқот Роҳбари давлат бори дигар Паёми сулҳу ваҳдати таърихии «Ман ба шумо сулҳ меорам»-ро такрор намуда, мардумро ба ояндаи нек дилпур сохтанд. Сафарҳои минбаъдаи зиёди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз пайи дигаре созандагӣ ва ободиҳои беназир дар пай доштанд…
Аввалмо соли 1959 дабистони деҳаи Деҳбастаи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнонро хатм намуд, вале шароити иҷтимоӣ барояш монеи амалӣ гаштани орзуи идомаи тахсил дар мактаби олӣ гардид. Духтараки ҷавон фаъолияти кориашро дар колхоз шуруъ намуда, заҳматталабӣ ва салиқаву хушкориаш дар майдони меҳнат зуд аз худ дарак дод. Сипас, донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон гардид. Пас аз хатми факултаи агрономии он ба ҳайси сардори нуқтаи пиллапарварии ноҳияи Шуғнон фаъолияти касбиашро оғоз намуд. Баъдтар раиси колхоз интихоб шуд, ки ба зироаткорӣ ва чорвопарварӣ шуғл дошт. Дар доираи табодули кадрҳо Аввалморо барои кор ба ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) фиристоданду муддати чор сол дар ин ҷо ба ҳайси мудири шуъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи шурои вакилони халқ фаъолият дошт. Бо сабаби бесаробон мондани зодмандон ба зодгоҳаш баргашт ва дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ, давлатӣ ва хоҷагӣ кор кард. Айни ҳол бознишаст асту таҳти ғамхории фарзандон-писару духтар, ки яке мутахассиси муносибатҳои байналмилалӣ ва дигаре омӯзгори факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошанд, давлати пирӣ меронад.
М.ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ
Мубодила:
Шарҳҳо
