Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Гулистон
ИҷтимоъМусоҳибаи хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»
бо муовини раиси шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Гулистон
_____________________________________________________
Ҳоло фасли гармосту табиати зебову дилоро ва ҳам оби пуртуғёни «Баҳри тоҷик» мардумро чун оҳанрабо ба сӯи худ мекашад. Мехостем дар бораи шаҳри сайёҳии Гулистон, таърихи он барои муштариёни маҷалла маълумот бидиҳед.
–Шаҳри Қайроққум 4-уми январи соли 1963, яъне 62 сол муқаддам таъсис ёфта, 3-юми марти соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №244 ба шаҳри Гулистон тағйири ном кард. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳалаи сифатан нави рушди шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Солҳои 2018–2021, бо мақсади ба таври арзанда истиқбол гирифтани Ҷашни ҳумоюнии 30- юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон 221 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар маркази шаҳр дар ин давра 14 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт, аз ҷумла майдонҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгашт, кӯдакистони «Парасту», бинои истироҳатӣ дар осоишгоҳи ҶДММ «Баҳористон», корхонаи истеҳсоли ришта дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Мурғи аълосифат», коргоҳи коркарди коғаз дар заминаи корхонаи ҶДММ «Сахо ва К», истироҳатгоҳи панҷошёнаи «Суғдиён», маҷмааи «Тоҷикистон, ба пеш!», Боғи фарҳангии ба номи Темурмалик, кӯдакистони «Бобуна», бинои КИ ҲХДТ дар шаҳр, бинои МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ». Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тибқи нақша бояд 280 иншоот сохта, ба истифода дода шавад, ки то имрӯз 184 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 иншооти ҷашнӣ, бинои адлия, бинои иловагии Маркази солимгардонии «Соҳил», коргоҳҳои дӯзандагию пойафзолбарории «Маҳина», ҶДММ «Ганҷи Сомон», ҶДММ «Мурғи бебаҳо», корхонаи иловагии истеҳсолӣ дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», МДТТ «Баҳор» ва бинои нозироти андоз, дар заминаи ҶСК «Таъминоти моҳӣ», корхонаи истеҳсоли консерви моҳӣ, Маркази саломатии шаҳраки Сирдарё, корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҶДММ «Махмуд и Ко», корхонаи истеҳсоли дорувории ҶДММ «Доруи Суғд», 3 агрегати таҷдидшудаи Неругоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» ба истифода дода шуданд.
– Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст. Дар ин самт корҳо чӣ гуна ҷараён доранд?
– Солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Гулистон ҳамагӣ 13 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Замони соҳибистиқлолӣ Гулистон ҳамчун шаҳри саноатӣ марҳала ба марҳала рушд намуд ва ҳоло 49 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд ва 91 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад. Корхонаҳои саноатӣ давоми се моҳи соли 2025 ба маблағи 1 миллиарду 223,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз ин 96,3 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,7 фоизи он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба басти хусусӣ мансуб аст. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 14,5 фоизро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, 4838 нафарро ташкил дода, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 637 нафар зиёд шуда, ба 115,2 фоиз баробар шуд. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 1-уми марти соли 2025 ба 3993 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 472 сомонӣ зиёд гардидааст, ки 113,4 фоизро дар бар мегирад.
Корхонаҳои саноатии шаҳр бо 16 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доранд. Дар ин давра маблағи маҳсулоти содиротӣ 1 миллиарду 846,2 миллион сомонӣ буда, маблағи маҳсулоти воридотӣ 404,5 миллион сомониро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот 4,6 маротиба зиёд шудааст. Маҳсулоти содиротӣ асосан металлҳои қиматбаҳову қолин буда, маҳсулоти воридотӣ ресмон, мошин, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизоту дастгоҳҳо, равғанҳои молиданӣ, гандум, ноқилҳо, сими мис, нафт ва ашёи хом барои қолинбофӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошанд. Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат–саноатикунонии босуръати кишвар ва иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» сохтмони 4 корхонаи саноатӣ бо фароҳам овардани 66 ҷойи кории нав дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Имрӯзҳо дар корхонаҳои навбунёд корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бомаром идома доранд.
–Ҷаззобияти шаҳри Гулистонро барои самти сайёҳӣ ва сайёҳон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
–Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ, 1 урдугоҳ ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар шаҳр имконияти қабул намудани 2214 истироҳаткунандаву табобатгиранда дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо мавҷуд аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1047 меҳмони хориҷӣ ва 3827 истироҳаткунандаи дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ, 4871 нафар буда, нисбат ба соли гузашта 536 нафар зиёд аст.
– Омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна идома дорад?
–Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти шаҳр қарор дорад. Тибқи нақшаи бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ 8, маориф 18, варзиш 15, истироҳатӣ-фарҳангӣ 13 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифnанд. Дар шаҳр 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебарад, ки аз ин шумора 14 МТМУ ва як гимназия буда, дорои 9561/4577 нафар хонанда мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр айни замон 546/406 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ 11 адад буда, яке кӯдакистони хусусист. Шумораи умумии кӯдакон 1948/913 нафар мебошад. Дар соли хониши 2024–2025 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр соҳиби 1 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар шаҳр 29 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад. Дар соҳаи фарҳанг 145 нафар ба фаъолият машғул аст. Дар ҳудуди шаҳр 10 китобхона фаъолият доранд. Дар шаҳр 33 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Аз ҷумла, 7 маркази саломатӣ, 6 беморхона, 5 осоишгоҳ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 адад умури безараргардонӣ, маркази ташхисиву табобатии Закариёи Розӣ, маркази тиббии хусусии «Сино», 6 маркази махсусгардонидашуда, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ва муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон. Теъдоди табибон 93 нафар ва кормандони миёнаи тиб 344 нафар мебошанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Гулистон
Мубодила:
Шарҳҳо
