Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Кӯдакон – пешоҳангони оянда
Иҷтимоъ / СлайдерКӯдакон – пешоҳангони оянда
Дар як гӯшаи маркази шаҳри гулрези Душанбе боғи фарҳангиву фароғатии кӯдакон доман гус турда, ба гулу сабзаву ниҳолу дарахтони бешумор ғарқ аст. Ҳар ҷо нишастгоҳҳои зебои рангорангу арғунчакҳо, пули лағжонаку даҳҳо аттраксионҳои дигар ҳастанд, то фароғату дилхушии кӯдакон таъмин бошанд.
Дар миёни ин боғи фараҳафзо бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» ҷойгир аст. Макони дарёфти истеъдодҳои насли наврасу рушди ҳамаҷонибаи онҳо, то онҳо берун аз дарсҳои мактаб лаҳзаҳои фориғи худро зоеъ насозанду қобилият, истеъдод ва маҳорати худро сайқал диҳанд ва пешоҳангони ҷомеа бошанд. Худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстӣ, ошноӣ бо таъриху фарҳанги ғании миллат, омӯзиши забонҳо, ширкат дар маҳфилҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳунарӣ ва муаррифии зарфияти хонандагон аз ҳадафҳои асосии Марказ буда, роҳбарияти он баҳри ҷалби бештари муҳассилини мактабҳо ба созмонҳои хонандагон, фаъолгардонии нақши онҳо дар ҷомеа чорабиниву озмунҳои гуногун доир менамоянд.
Директори Марказ Назрихуҷа Саидалиев, тавонистааст навгониҳои зиёдеро рӯи кор оварад. Ӯ хатмкардаи факултети сиёсат ва идораи давлати Донишгоҳи давлатии Олтойи шаҳри Барнаули Федератсияи Россия буда, аз аввалин донишҷӯи тоҷик аст, ки чаҳорум мушовири вазири маориф ва илми Олтой дар самти кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва раиси ин Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷӣ буд, агарчи он овон ҳамагӣ 20 сол дошт.
Дар ин муддат ихтисосҳои минтақашиносии хориҷӣ ва омӯзгори фанни ҷомеашиносиро дар Донишгоҳи мазкур ба даст овард.
- Дар Марказ беш аз 40 маҳфил фаъолият дошта, боз дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе марказҳои ноҳиявии кӯдакону наврасон бо мавҷудияти беш аз 30–40 маҳфил дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намудааст. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр созмонҳои хонандагон фаъолият менамоянд, ки дар умум беш аз 100 ҳазор хонандаро ҳамарӯза, бо шумули таътили тобистона ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Таълим дар Марказ ройгон буда, сарпарасти асосӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд, ки бо ғамхориҳои зиёд хонандагонро аз қишрҳои гуногуни ҷомеа, хосса аз қишрҳои осебпазир ва ниёзманд ҷалб намуданро роҳнамоӣ месозанд, - изҳор намуд Назрихуҷа Саидалиев.
Марказ имкон дорад, ки аз ҳисоби маблағи худ хонандагони фаъолу пешоҳангро барои ширкат дар озмуну олимпиадаҳои берун аз ҷумҳурӣ сафарбар намояд. Чунончи, яке аз таълимгирандагон Зебинисо Исмоилова, ки дар ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Марказ ҳунари зебои рақс меомӯзад, моҳи феврали соли равон дар шаҳри Москва, дар озмуни «Ҳунарманди халқии кӯдакона» ширкат варзида, бо иҷрои рақси миллӣ мақоми аввалро ишғол намуд. Моҳи май Зебинисо дар ду озмуни «Садбарги Шарқ»-и шаҳри Тош- канд ширкат варзида, ба дарёфти ду шоҳҷоизаи ин сабқат шарафёб гардид. Ансамбли рақсии «Шукуфаҳои пойтахт» бо роҳбарии устодони мумтози Марказ Хуҷакалон Кабиров ва Мисқолбӣ Фатҳуллоева дар чорабиниҳои дохилу хориҷи мамлакат бо маҳорати олӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, ки ҳамагӣ хонандагони мактабҳои миёнаанд. Таълимгирандагони маҳфили созҳои зарбиву нафасӣ низ дар чорабиниҳои сатҳи гуногун бо навозиши таблу карнай истеъдоди воло нишон медиҳанд. Дар маҳфилҳои забономӯзӣ забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ таълим дода мешаванд.
Дар маҳфилҳои варзишӣ шоҳмоту шашка, таэквон-до, футбол, гӯштингирӣ ва дар марказҳои ноҳиявии пойтахт ушу, бокс ва дигар навъи варзиш ба кӯдакону наврасон омӯзонда мешаванд. Дар маҳфили рӯзгордорӣ духтаракон попурзанӣ, пазандагӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳоро аз худ мекунанд. Дар маҳфилҳои фаннӣ бештар фанҳои гуманитарӣ таълим дода мешаванд ва ҳоло як сол аст, ки маҳфилҳои илмӣ, ба монанди химикҳои наврас, биологони наврас, физикони наврас, кишваршиносӣ ва ғайра роҳандозӣ шу- данд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шаш нафар таълимгирандаи Марказ дар даври ноҳиявӣ ширкат варзида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт. Хонандагоне, ки се сол дар маҳфилҳои Марказ таълим мегиранд, соҳиби гувоҳнома мегарданд.
- Аксари шогирдони фаъоли мо ҳоло роҳбарони маҳфилҳои гуногуни Марказ мебошанд. Ҳастанд шогирдоне, ки баъди хатми мактаб оиладор шуда, натавонистанд таҳсилро дар мактабҳои олӣ идома диҳанд. Бо мурури замон ниёз ба кор пайдо намуда, ҳоло дар Марказ фаъолият доранд, - ироа намуд роҳбари Муассиса.
Агарчи Созмони хонандагон дар мактабҳо тули 25 сол фаъолият менамояд, бо дарки мубрамияти он имсол бори аввал чорабинии мутантани Рӯзи Созмони хонандагонро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор намуданд. Ҳамчунин, озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе»-ро бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарфи назар аз синну сол байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар чаҳор номинатсия: дар васфи пойтахт эҷоди шеъри беҳтарин, қироати шеъри беҳтарин, беҳтарин суруд ва беҳтарин суруди гурӯҳӣ баргузор карданд. Имсол азм доранд, ки номинатсияи расми беҳтаринро ба озмун ворид созанд. Даври ноҳиявии озмуни мазкур моҳи июли имсол дар назар аст.
Моҳи апрел Марказ озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм»-ро дар 7 номинатсия, аз ҷумла барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва ғайра роҳандозӣ намуд, ки ғолибони озмун ҳамроҳ бо омӯзгорон бо туҳфаҳои пулӣ қадр гардиданд. Озмун дар сатҳи баланд доир шуд.
Чанде пеш се нафар таълимгирандаи Марказ дар Британияи Кабир аз фанни забони англисӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор гашт. Баъзан шогирдон дар Марказ омодагӣ дида, баъдан дар озмунҳо мактабҳои худро муаррифӣ менамоянд, масалан, аз бозии шоҳмот, ки заҳмати омӯзгорони мост. Хушҳол аз онам, ки истеъдодҳо кашф ва муаррифӣ мегарданд, - афзуд ҳамсуҳбатам.
Дар Марказ ҳамасола лагери дохилимуассисавии «Рангинкамон» дар чаҳор баст амал менамояд, ки ҳар басти он 100 нафар хонандаро фаро мегирад. Кӯдакон то нисфирӯзӣ бо хоҳиши худ ба маҳфилҳои гуногун ҷалб мегарданд. Марказ барои 200 нафар аъзои фаъоли созмонҳои хонандагони мактабҳо ҳамасола дар айёми таътили тобистона лагерҳои беруназшаҳрӣ доир менамояд, ки 30 нафар мураббӣ онҳоро ҳамраҳӣ мекунад.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе имсол аз 23 то 27-уми июн дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишваҳои ИДМ таҳти унвони «Дар меҳмонии Душанбе» бар- гузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳу амн ва имкониятҳои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон, тавсеаи дӯстӣ миёни кӯдакони кишварҳои ҳамҷавор, ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда мебошад. Ба иқрори роҳбари ҷавон ҳоло талош доранд, ки ин фестивалро дар сатҳи олӣ баргузор намоянд.
- Бигзор дар ҳавои софу беғубори Ватан садои таблу чангу карнайу сурнай, хандаҳои беғаши кӯдакон танинандоз бошаду сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳамеша пойдор, - афзуд дар фарҷом Назрихуҷа Саидалиев.
Ситора АШӮРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
