БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ»

Иҷтимоъ

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги хонаводагӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва устувории онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин масир тадбирҳои муассиру самарабахш роҳандозӣ намудаанд. Яке аз иқдомҳои шоиста дар Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15-уми май ҷашн гирифта мешавад, доир намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» мебошад.

Соли равон ин чорабинии бошукӯҳ 11-уми май дар Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи кишвар, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарон ва масъулини як қатор вазорату кумитаҳо, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Даври якуми озмун аз 10 то 27-уми апрели соли 2024 дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани оилаи намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Даври дуюм аз 29-уми апрел то 4-уми майи соли равон дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷараён гирифт. Ғолибон аз рӯи меъёрҳои оилаи намунавӣ дар маҳалли зист, солимии оила ва тарбияи нек, саҳми хонавода дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан-Модар, саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа муайян гардиданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ қадр гардиданд.

Шоҳҷоизаи озмун насиби оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлол гардид. Ҷойи якум ба оилаи Талабхӯҷа Нозимов аз шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм ба оилаи Саидаҳмад Шеров аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва оилаи Шоин Мас­тонов аз ноҳияи Роштқалъа дода шуда, ҷойи сеюм ба хонаводаҳои Муқимҷон Гиёев аз ноҳияи Рашт, Ҳабибулло Султонов аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Бобоназар Мирзоев аз ноҳияи Файзобод сазовор дониста шуд.

 

Дар ҷараёни чорабинӣ 10 кӯдак аз оилаҳои камбизоат соҳиби шаҳодатномаҳои таваллуд шуда, инчунин, маросими давлатии қайди ақди никоҳи 10 навхонадор аз шаҳри Душанбе гузаронда шуд. Дар хотимаи чорабинӣ барномаи фарҳангии рангини аҳли ҳунар ва санъат хотири ҳозиронро болида гардонд.

Доир намудани чунин озмунҳо дар ниҳоди ҷавонон ҳисси арҷгузорӣ ба оинҳои миллии оиладорӣ ва муқаддас донистани онро бедор сохта, баҳри пешгирии фурӯпошии оилаҳо, фароҳам овардани ҳусни тафоҳум миёни аҳли хонавода, дарк сохтани ҳисси масъулияти тарафҳо ва ғайра мусоидат менамояд.

 Бонувони Тоҷикситон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон