БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ободиҳои деҳаи Ободӣ

Иҷтимоъ

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон деҳаи Ободиро пешрафтаю ободтар нисбат ба дигар деҳаҳо арзёбӣ намуда, хостори дидани мо аз ин маҳал шуданд. Роҳбалад раҳорав аз сарҷамъию ҳамдилӣ ва ободгариҳои ин маҳал бо ҳавас нақл мекард. Саргарми суҳбат аз канори даҳҳо иншооти ободу зебои деҳа гузашта, дар назди яке аз мактабҳо қарор гирифтем.

Исмоил Аброров, раиси деҳаи Ободӣ, моро интизорӣ мекашид ва аз он ки деҳаи онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, изҳори сипос карда, қадамзанон аз рушду ободиҳо мисолҳо овард. Ба шаҳодати калонсолон умри деҳаро беш аз 100 сол медонад ва дарахти бузургу азимҷуссаеро, ки миёни деҳ побарҷост, ба тақвияти гуфтаҳояш асос меорад. Мавсуф пештар аз ҳама шукронаи замонаи орому осудаи кишвар ва якпорчагии Тоҷикистони азиз намуда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, пешрафту нумӯи кишвари азизаш, аз ҷумла маҳали ободу зебои худро аз заҳматҳои шабонарӯзии ин марди худододи миллат медонад.

Ободӣ имрӯз бо 1200 хоҷагӣ - беш аз 7 ҳазор аҳолӣ, аз калонтарин деҳоти ноҳияи Шаҳристон ба ҳисоб меравад. Мардуми меҳнатқарин намои деҳаи худро дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба куллӣ тағйир дода, онро зебову пероста нигоҳ медоранд. Аксари заминҳои наздиҳавлигиро боғзор, дарахтҳои мевадиҳандаю сояафкан ва гулу гулбуттаҳо зиннат бахшидаанд. Дар заминҳои полизӣ мардум ба қадри тавон пиёзу картошка ва сабзию карам, лӯбиёӣ парвариш карда, ҳаёти осоиштаи худро серу пур ва хуррам намудаанд.

Раиси маҳалла меафзояд, ки соле пеш дар доираи нақшачорабиниҳо бобати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар маркази деҳа, ки маҳаллаҳои зиёдро дар бар мегирад, бинои наву замонавии муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи фарзандони халқ боз намуд, ки дар расми ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Пас аз он мардуми деҳа, ки баҳои баланди Пешвои муаззами миллатро дар боби сарҷамъӣ шуниданд, неруи тоза гирифта, даст ба корҳои хайру ободӣ заданд. Ободӣ имрӯз якчанд биноҳои хуштарху зебое, ба монанди нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасониро дорост. Дар ин нуқтаҳо мардҳо, занону духтарони зиёд ба кор ҷалб шудаанд. Бо қувваи соҳибкорони ватанӣ марказҳои фароғату истироҳат ва дамгирӣ барои сокинон сохта ба истифода дода шудаанд.

 

Инъомҷон Юсуфов, фарде аз бошандагони деҳаро, ки раиси маҳалла ӯро аз соҳибкорони муваффақи ноҳияи Шаҳристон ном мебарад, чанде пеш барои гузарондани базмҳои тӯёна ва чорабиниҳои фарҳангӣ бинои хуштарҳи дуқабатаеро бо номи «Тӯйхонаи Ҳоҷимаҳмадюсуф» таъсис дод, ки он имрӯз ба макони базмҳои идонаю тӯёнаи мардуми деҳаи Ободӣ табдил ёфтааст. Бинои мазкур, ки бо лавозимоти муосир таҷҳизонида шудааст, на танҳо барои базмҳои тӯёна, инчунин макони бештари чорабиниҳои фарҳангии сокинони Ободӣ ва дигар ҳамсоядеҳаҳо гаштааст. Ба монанди Инъомҷон соҳибкорони дигари деҳа сехҳои дӯзандагию сартарошӣ ва кошонаҳои ҳусн сохта, бонувони хонашинро ба кор ҷалб намудаанд.

Ёдгории «Поси хотира» низ бо қувваи мардуми деҳа, хосатан хайрхоҳону саховатмандони диёр бунёд шуда, макони диданию таърихиест барои мардуми ноҳия, ҷаҳонгардон ва меҳмонони дуру наздик. Дар лавҳаи ёдгорӣ номи шаҳидони барқароршавии Ҳокимияти Шуравӣ ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт шуда, ки бори дигар аз таърихи куҳан доштани деҳаи Ободӣ шаҳодат медиҳад. Иншооти «Поси хотира» наздик ба даромадгоҳи деҳа бунёд ёфта, таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб месозад. Ҳини баргашт аз ин гулгашти зебову хушҳаво дидан намудем.

Раиси маҳалла қатори соҳибкорону саховатпешаҳо ва мардуми соҳибэҳтироми деҳа номи бонувони соҳибилму бофарҳанг, тозакору ободгарро мисол овард. Мардуми сарбаланди диёр аз дастовардҳои илмии омӯзгорони ҷавону умедбахш Гулбаҳор Султонова, Башорат Юлдошова, ки тибқи Квотаи президентӣ муассисаҳои олии мамлакатро хатм намуда, дар Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд фаъолият доранд, меболанду бо номи устоди Донишгоҳи давлатии ҳукуқ ва бизнеси шаҳри Хуҷанд, профессор Наргиза Ҳайитбекова, ки зодагони деҳаи Ободӣ мебошанд, меболанд.

Исми бонуи саховатпеша Сабоҳат Турсуноваро хурду калони деҳа бо некӣ ба забон оварда, ӯро аз қиболи модароне мешуморанд, ки дасташ ба оилаҳои камбизоат зиёд мерасад. Сабоҳатхон бо маблағҳои пасандознамудааш аз пешаи омӯзгорӣ ва хайрияи фарзандон дар мумфарш намудани роҳи маҳалла саҳми арзанда гузошт. - Дар сарҷамъию тифоқии бонувони деҳаи Ободӣ, ки имрӯз дорои 12 маҳалла мебошад, раиси занон Роҳатой Абдуазизова саҳми бориз дорад,- мегӯяд амаки Инъомҷон. Роҳатой пештар аз ҳама намунаи беҳи оиладорӣ аст. Аз ин хотир, бонувони деҳа ӯро эҳтиром мекунанду ба ҳар коре, ки ӯ рӯи даст гирад, бараш рост меистанд…

Амаки Инъомҷон пешравиҳои деҳаи Ободиро бо кӯшишу дастгириҳои ҷавонмардони некрой ва хайрхоҳи деҳа, аз қабили Амонқул Ҷӯраев, Бахтиёр Мирзоев, Раҳимҷон Турсунбоев, Азимҷон Субҳонқулов ва дигарон сахт мансуб дониста, ҳар кадомро бо қаноатмандӣ тавсиф намуд, ки маҳз бо ташаббусҳои пайгиронаи эҳсонкорон Ободӣ сол ба сол ободу зебо мегардад.

                                           Рустами НАЗИР,

                               Душанбе-Шаҳристон-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон