БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ДАРҲОИ БАСТАИ ДАРВОЗ

Иҷтимоъ

Ҳамин ки аз Душанбе озими Дарвозу Ванҷ шудем, чи орзую хаёлҳои ширине моро аз сар намегузашт. Ин хаёлу андешаҳо, ба гумонам, ҳар нафареро, ки бори аввал ба куҷое сафар мекунад, фаро мегирад. Аз ағбаҳои Чормағзаку Шаршар, тавассути нақбҳои «Хатлон»-у «Озодӣ» гузашта, даштҳои фарохи Данғара, канори шаҳри Кӯлобро паймуда, ба мавзеи хушбоду ҳавои Терай, хамиҳои кӯҳи Эмомаскараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мерасему соате пас ба соҳили дарёи Панҷ.

-Ҳамин роҳ моро ба ноҳияи Дарвоз мерасонад,- ҳушдор дод ронанда…

Он сӯйи дарёи Панҷ кӯҳу ёлаҳои давлати ҳамсоя, Афғонистон аст ва поини ин кӯҳҳо, гӯшаҳои тахту ҳамвор дорад, ки дар масофаи беш аз 1 ё 2 километр ҳар ҷо, ҳар ҷо деҳе бунёд шудаву мардумонаш дар кулбаҳои сангину похсагӣ, фарсахҳо дур аз пешрафту дастовардҳои замони муосир сукунат доранд. Байни ин манзараҳои ҳузнангез ягон-ягон деҳае ҳам ба чашм мехӯрад, ки хонаҳояш ба замони муосир ҷавобгӯянд, яъне бомпӯши онҳо шифер ё тунука доранду моҳвораҳо ҳам дар ҳавлиҳо насб шудаанд.

...Хаёлу андешаҳои мо ба Дарвози Тоҷикистон аст, зеро муовини раиси ноҳия Маҳина Илҳомзода, ки дар рухсатии меҳнатӣ буд, дилпурамон менамуд:

 - Дарҳои Дарвоз ҳамеша ба рӯйи мусофирону меҳмонон, алалхусус журналистон, боз аст, беташвиш ва дилпурона омадан гиред.

Тибқи озмуни эълоншудаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳайати эҷодии ба ҳар шаҳру навоҳии кишвар сафаркарда, бештар бо муовини соҳавӣ-маънавиёт кор мегирад. З-ин хотир, хостори ҳамкорӣ бо муовин шуда, ба роҳбари дастгоҳи ноҳия Маъмурҷон Қурбониён занг задему нусхаи мактуби идораро тавассути почта ва тариқи телефон ба унвонии раис ирсол намудем, то роҳи дур рафта, саргардон нашавем.

Андешаҳои бароямон ширину гуворо, ки пас аз чанд соат масъулин моро аз дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз ва омодагии онон ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос мекунанд, шавқу завқи сафарро дубора боло мебаранду туғёни пурталотуми рӯди Панҷ низ ба неруи эҷодиамон тавоноии тоза мебахшид.

 

Як соат пеш аз анҷоми вақти корӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз мешавему чеҳракушод фориғ аз хастагиҳои роҳи дур, нахуст ҳуҷраи кории роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияро мепурсем. Маъмурҷон ҷавон ба назар мерасад, навкор, аммо дар вазифаи худ пухта менамуд. Баъд аз вохӯриву шиносоӣ ва ҳадафро фаҳмондан орзуҳои чандсоатаамон барбод рафт…

– Шумо дар вақти нобоб омадед, мо пагоҳу рӯзи дигар меҳмони зиёд дорем, як илоҷ карда, имрӯзу саҳари барвақт факту рақамҳоро гиред. Пагоҳ аз Ванҷ, ба як чорабинии мо намоянда меояд, дар мошини онҳо ҷо шаведу ба Ванҷ равед.

Ба қавле, нафасамонро рост накарда, кафшҳоямонро пеши по гузошт роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия. – О, чунин ки буд, мегуфтед, ҳафтаи дигар меомадем, баҳузур бо мардум суҳбат меоростем, аз корхонаҳо, аз ҷамоатҳо дидан мекардем, - мегӯем мо. Ба эътирозамон ӯ «лутф» мекунад: «Ростӣ, ман одати ба меҳмон «не» гуфтану ӯро аз роҳ боз доштан надорам…».

Аммо ӯ қазоват намекард, ки аз он ки моро дар кӯча монда истодаасту субҳи дигар суҳбате анҷом нашуда, ҷоеро надида, касеро вонахӯрда, гусел мекунад, наомадану «саргардон» нашудан ҳазор бор беҳтар буд аз ин «одати хуби меҳмоннавозӣ»-и Маъмурҷон.

Дертар муовини раиси ноҳияи Дарвоз Маҳина Илҳомзода ҳам расида омад. Ҳадафи сафари эҷодиро фаҳмондем. Ӯ низ тараддуд дошт, ки бояд то бегоҳ худро ба Ҷамоати деҳоти Нулванд расонад, ҷойе, ки ба гуфти роҳбари дастгоҳ моро аз ҳамон ҷо ба Ванҷ мегуселонанд, чун саҳари барвақт озмуни вилоятии «Ҳамсари беҳтарин», он ҷо доир мешудааст. Бо Мадинаи ҳамкорамон дар соҳили дарёи Хумбов ғизои шом мехӯрему аз номеҳрубониҳо пинҳон-пинҳон ба оби равон роз мегӯем. Нарху навои меҳмонхонаю тарабхонаҳои Дарвоз чандон паст нест, (инро моҳе пештар равоншинос Марям Давлатова бо якчанд корбарони саҳифаи иҷтимоии Фейсбук расонаӣ карда буданд ва мо дубора ба он барнамегардем) аммо аз ошхонае, ки мо шикамҳоро фиреб додем, чандон гила надорем, танҳо ҳамин қадар, ки бо он ҳисобии мо наҳор ҳам хӯрдан мумкин буд.

Бо он ки мо дар Ватани худем ва Дарвоз порае аз хоки муқаддаси он аст, худро ғарибу бегона ҳис намекардем, аммо табъи болида ҳам надоштем, ки аз нафаре пурсем: «Дарвоз чӣ дорад, ки мо дар ин шом ба тамошои он равем?».

Дар гармои тоқатнопазири ҳуҷраҳои тафсони меҳмонхонаи мақомоти маҳаллӣ бо як илоҷ шабро рӯз карда, субҳ худро ба дари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз гирифтем. Интизориҳои моро шояд пай бурда бошанд, ки ҷавонмарди чеҳракушоде наздик омада, бо ишораи салом худро раиси ноҳия муаррифӣ мекунад ва аз мо хизмат ҳам мепурсад. Хурсандии мо афзуд, боадабона, хоксорона ва пайгирона буд муносибати раис. Чун нақшаҳо ва хулосаҳои мо анҷомида буд, гуфтем, ки агар имкон бошад, моро ба ноҳияи Ванҷ фиристед, бо роҳкирои худамон, зеро шоми гузашта аз ҳар нафаре пурсон мешудем, мегуфтанд, ки аз Дарвоз ҷониби Ванҷ рафтан мушкилоти нақлиётӣ дорад. Мунтазири ҷавоби раис будем, ки роҳбари дастгоҳ пайдо шуду луқма партофт, ки ин меҳмонҳо аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ҳозир ба чорабинӣ рафта, аз ҳамон ҷо бо намояндаҳои Ванҷ ҳамроҳ шуда мераванд. Пештозию пешдастии роҳбари дастгоҳ раисро хуш омад, ки бо имои маъқул мушкилоти моро ҳалшуда ҳисобида рӯ ҷониби бинои Мақомот овард.

Хуллас, моро то Ҷамоати деҳоти Нулванд, ки қариб 40 км ҷониби Душанбе меояд, расонданду наздик ба соатҳои 10 озмуне доир шуд, бо иштироки оилаҳои намунаи ҳафт шаҳру навоҳии ВМКБ. Пайти муносиб ҷуста, ба назди иштирокчиёни ноҳияи Ванҷ худро мерасонаму хоҳиш мекунам, ки мо ду нафарро ҳамроҳ гиранд, албатта бо пардохти роҳкиро. Ронанда «не» нагуфт, аммо ӯ имкони як нафарро бурдан доштааст. Ба ҳамсафарам мефаҳмонам, ки мушкили мо зиёдтар шуд, бояд зудтар ақаллан ба маркази ноҳия баргардем. Баъд аз чошт, ки на ману на ҳамкорамро иштиҳои хӯрдан умуман намонда буд, бо сабукраве ҳафт нафар рӯи ҳам нишаста боз гаштем ба маркази ноҳия.

Бонувони Дарвоз табиатан шӯху базлагӯянд. Муовини раису масъули бахши занҳо, боз ду нафари дигар, ки моро ҳамроҳӣ мекарданд, аз ҳар боб мегуфтанду завқ мебурданд. Ба ману ҳампешаам Мадина Балаҷонова, шӯхиҳояшон беасар мемонд, зеро дар фикри он будем, ки чӣ сон ба Ванҷи пурганҷ расем?

 Рӯз поин меёбад, Дарвоз ҳамагӣ як кӯчаи марказӣ дорад, аз назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мегузарему кормандонаш моро нодида мегиранд. Ахиран мошинеро киро карда, рафтем ҷониби Ванҷ аз Дарвоз, Дарвозе, ки журналистонро чандон хуш надоштааст.

                                          Рустами НАЗИР,

                                           Душанбе-Дарвоз

PS: рӯзҳову ҳафтаҳо аз сафари мо ба ноҳияи Дарвоз сипарӣ мешаванд. Аввали ҳар ҳафта дар маҷлиси субҳона сармуҳаррир аз ноҳияи Дарвоз маводи озмунӣ талаб менамояд. Мо баҳона меҷӯему гуфта наметавонем, ки дарҳои кушодаи Дарвоз барои мо пӯшида буданд, моро чандон хуш надиданд ва ҷойе, корхонае, Ҷамоати деҳоти дурдасте чун Сағирдашт дар пасманзари андешаҳои мо ҳанӯз ҳам боқӣ монда…

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон